Аз рӯйи Нақша-чорабинӣ дар дар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд "Рўзи мудофиаи гражданӣ"-и намунавӣ бо намояндагони Шӯъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, ҚМ 23-юми ХҲДО оид ба муҳофизати шаҳри Хуҷанд, Беморхонаи клиникавии шаҳрии 1,ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва муовинони муассисаҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Нахуст бо иштироки маъмурияти муасисаи таълимӣ, меҳмонон ва хонандагон ҷамъомади пагоҳирўзӣ бахшида ба «Рўзи мудофиаи гражданӣ» баргузор намуда, ҳадафи гузаронидани чорабиниро шарҳ доданд.
Таъкид шуд, ки мақсади чорабинӣ фаҳмонида додани тадбирҳои умумидавлатӣ ва муҳофизатие, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда равона шудааст, мебошад. Ҳамзамон ба ин васила баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ, дар вуҷуди хонандагон ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баланди рўҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи молиякияти давлатию ҷамъиятӣ, тарбия намудани хонандагон дар самти баланди рўҳию маънавӣ, ҳушёрӣ ва фидокорӣ мебошад.
Сипас дар якчанд синфхонаҳои МТМУ №12 дарсҳои намунавӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқуллода ташкил карда шуд, ки меҳмонон дар он иштирок намуданд.
Бо баробари задани «Бонги хатар»-и эҳтимолӣ ҳолати эвакуатсионӣ, намоиши амали гуруҳҳои ғайринизомӣ ва Раёсати вилоят ва бахши Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ, ШВКД ҶТ, хадамот тиббӣ, сўхторнишонӣ, ҶҲАТ дар вилояти Суғд ба маҳорати баланд иҷро карда шуд. Ҳолатҳои бавуқуъомада, аз ҷумла сўхтор, ёрии аввали тиббӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда фавран бартараф карда шуд. Дар охир хонандагон малакаву маҳорати худро намоиш доданд.
Чорабинии «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ҷамъбаст гардида, фаъолон бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.