(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор гардид.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати дохиливу хориҷӣ ва маорифпарварию хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи дастовардҳои навин қадамҳои устувор мегузорад ва дар даврони ҷаҳонишавии тамаддунҳо масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон, хосатан донишҷўён ҳамчун неруи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати аввалиндараҷаи давлату ҳукумати кишвар қарор дорад. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ба пояҳои асосии бунёди давлати навини миллии тоҷикон, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, дунявӣ ва мутамаддин асос гузошта шуд.
Таъкид шуд, ки аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо роҳи устувори рушди ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш гирифта, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастоварҳои бузург ноил гардидем.
Истиқлолият ҳуқуқи моро ба эҳёи давлати миллӣ, мероси пурғановати таъриху фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллиамон устувору таҳким бахшида, барои ҳар чи бештар рў овардан ба таъриху фарҳанг, суннат ва анъанаҳои беҳтарини аҷдодиамон дар роҳи рушду болоравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандустӣ, ахлоқи ҳамида тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз имкониятҳои зиёд фароҳам овард. Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик илму маърифат ҳамеша мақоми афзал дошт. Дар ин хусус низ Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд: “Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободии Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагӣ дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа мегардад”.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки бунёди ҷомеаи мутамаддин дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба пояи маънавиёт истеҳком дорад. Фарҳангу маънавиёт дар асару маърўзаҳои Президенти мамлакат ҳамчун ҳастии миллат эътироф гашта, бо ҳидояти дурбинонаашон ин нуқта моҳияти амали созандагиву бунёдкории ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ташкил ва тарғиби арзишҳои маънавӣ муассисаҳои таълимӣ мақоми шоиста дошта, ҳамчун махзани бузурги илму маърифатомӯзӣ дар тарбияи насли созандаву бунёдкор саҳми назаррас гузошта истодааст. Хусусан, дар шароити имрўзаи рушди босуръати илму техника ва технологияи муосир ҳар як давлат нерўи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тақвияти соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Омўзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди босуботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Замони мо - замони таҳаввулоти бузурги илму техника, замони ҳамкориву ҳамгироии кишварҳову минтақаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ имрўз баробари истиқбол аз андешаҳои пешқадам ва таҷрибаҳои судманди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои эътимод, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмиву фарҳангӣ бо ҷаҳони муосир пеш рафта истодааст.
Зикр шуд, ки илму дониш воқеан маънибахшу шукўҳафзои ҳастии инсонҳост. Ҷомеаи инсониро илму дониш, маърифат ва ахлоқу маънавият мазмуну мўҳтавои амиқ ато мекунад. Устувориву пешрафти ҷамъияти инсонӣ ба маърифат ва илму дониш иртиботи қавӣ дорад. Маҳз дар даврони Истиқлолият бо ҳифзи асолати миллӣ, баҳри ноил шудани кишвари мо ба илму дониши пешрафтаи замони муосир заминаҳои боэътимод ба миён омаданд. Дар иҷрои ин мақсад эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарварӣ ва садоқати тамоми равшанфикрон, бахусус олимону зиёиёни риштаҳои илмию техникӣ бисёр муҳиму тақдирсоз ва дастовардҳои онҳо шоистаи таҳсин мебошад. Барҳақ, Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон, аз ҷумла қайд намуданд, ки; «Ҷавонон ояндаи боэътимоди халқу миллат, мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем». Аз ин хотир, эътибори ҳамаҷониба ва диққату таваҷҷўҳи ҳамарўза ба зиндагӣ, кору таҳсили ҷавонон равона карда шудааст.
Раиси шаҳр гуфт, ки дар ҳама давру замонҳо маъвои асосии илму дониш таълимгоҳҳо мебошанд. Вобаста ба ин дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба рушди таълимгоҳҳо ва ободии онҳо таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки ин аз беҳтарин падидаҳои даврони Истиқололият ислоҳот дар соҳаи маориф мебошад. Дар ҳамин давра барқарор намудани ҳамкории байнидавлатии донишгоҳҳо, қабули барномаву лоиҳаҳои нав, беҳтар гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили мактабҳои типи нав, литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, литсейҳои муштарак, мактабҳои хусусӣ ва амсоли инҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсис ёфта, аз рўи барномаҳои хоси худ фаъолият мекунанд, бартарияти назарраси худро дар пешрафти илму маориф ва омодасозии мутахассисони баландихтисос нишон доданд. Солҳои охир фарогирии ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна тавсеа ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумат лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуданд, ки ин ба рушди соҳибкории ҷавонон афзалият медиҳад. Ҳамчунин саҳми ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзишманд буда, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи кувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии кишвар ва дар рушди варзишу оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим назаррас ва шоистаи таҳсину ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Шаҳрдор таъкид намуд, ки вобаста ба эълон гардидани соли 2024- Соли маърифати ҳуқуқӣ имрўзҳо зарурати баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ, дарку эхсоси боз ҳам амиқи арзишҳои миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, таваҷҷўҳ ба забону фарҳанг, мероси таърихии халқи худ ва анъанаву суннатҳои миллиро ба миён овардааст. Мо бояд дар чаҳорчўбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда зиндагӣ ва кору фаъолият карданро омўзем ва риояи муқаррароти қонунро бо одати ҳатмӣ ва ҳаррўзаи худ табдил диҳем. Вазъияти ҷаҳони имрӯза, ки хеле ҳассосу мураккаб гардидааст, ҳар як шаҳрванди кишварро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Имрўзҳо равияҳои тундрави терроризм ва ифротгароӣ, ки оқибатҳои фоҷиабору ҳалокатовари он ба ҳамагон равшан аст, беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷинояткорӣ, ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат тадбирҳои муассир андешем. Бахусус, дар айёми пурталотуми имрўзаи сайёра ин падидаи нанговар аз ҳар як узви ҷомеа, махсусан Шумо ҷавононро талқин мекунад, ки ба ҳар гуна воқеаҳои сиёсӣ баҳои воқеӣ дода тавонем, ҳизбу равияҳое, ки имруз давлати тинҷу ороми моро халалдор месозад, маҳкум намоем. Амалӣ сохтани ин тадбир бошад, аз ҳар яки мо ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносиро тақозо менамояд. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар самти пешравии илму дониш аввалан зарур аст, ки тамоми ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбия ва рушди илму маориф рўй оварад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намоем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш ҳамеша талош варзанд.
Дар иртибот ба ин масъала Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9-уми марти соли ҷорӣ дар Кохи ваҳдат, шаҳри Душанбе доир гардид, бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки имруз вакти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарафзо, яъне ифротгариову терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем. Бахусус, Шумо олимону устодони донишгоҳҳоӣ олӣ бо истифода аз нерўи зеҳнӣ дар самти татбиқи супоришҳои Роҳбари олии давлат саҳми арзишманди худро мегузоред.
Мо бояд аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ, неъматҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ шукргузорӣ намоем.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони сарбаланди кишвар дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоред, дар ҳар ҷое ки бошед, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунанд. Ҳамчунин, барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи ҷашнҳои муқаддасу бузурги миллиамон 30-солагии қабули Конститутсияи давлатӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои арзанда саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ вобаста ба донишомӯзии ҷавонон ва фаъолияти арзандаи устодону омӯзгорон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сипас, аз ҷониби якчанд нафар донишҷӯён, аз ҷумлаМанижа Машокирова, Саида Рустамова, Алишер Иброҳимов, Сабрина Сангинова ва дигарон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода суолу дархостҳо пешниҳод карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 250 нафар донишҷӯёни фаъолу аълохон маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...