27 Март 2024
Дар толори Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки он тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуда истодааст.
Зикр гардид, ки ҳадафи мулоқоти мазкур шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки чанд рӯз қабл дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сурат гирифт, мебошад.
Сипас муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар ҷараёни мулоқоташон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар баргузор кардани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Изҳор гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад.
Дар рафти мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ намудаанд. Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки барои иҷрои супоришҳои дар мулоқот зикргардида баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ корҳои огоҳсозӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ амалӣ намоянд. Супоришҳои дигар ба намояндагони ҷомеаи мамлакат оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи мамлакат даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ ва умра иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Файзалӣ Идизода доир ба нуктаҳои дигар мулоқоти ёдоваршуда ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода суолу дархост ва пешниҳодоти судманд ироа карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд