20 Март 2024
Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон Наврўзи байналмилал таҷлил карда шуд.
Рамзи Наврўз, дастархони наврўзӣ, Баҳор, Деҳқон ба маърази тамошо гузошта шуда, доир ба хусусиятҳои Наврўз, қадимию тоҷикона будани он, ифтихор аз ватандорӣ, Тоҷикистон Ватани Наврўз будан бо ҳисси баланд ифода ёфта, хонандагон дар васфи он шеъру суруд ва таронаҳо қироат намуданд. Байтбараки наврўзӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Таъкид шуд, ки мо бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврўзро таҷлил менамоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои қадимии миллии мо чунин изҳори назар намуда буданд: «Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ мояи ифтихори мо аст, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд