18 Март 2024
Имрўз дар чойхонаи гузари Қӯшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд аҳли маҳалла дар фазои амну осоиштагӣ бо шукргузорӣ аз файзу нусрати Истиқлолият аз Наврӯзи байналмилал ҷашн гирифта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода шодишарики аҳли маҳалла дар ин иди аҷдодӣ гардиданд.
Меҳмонон нахуст аз растаи ҳунармандон, ки бо оростани хаймаҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда буданд, боздид карда, бо намояндагони онҳо суҳбати озоду самимӣ намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода аҳли гузари Қўшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расуловро бо ҷашни Наврӯзи Аҷам таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд. Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.
Таъкид шуд, ки Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил гардида, барои боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, мо сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамонро боз ҳам обод созем.
Зикр шуд, ки зиёда аз шаш ҳазор сол Наврӯз ҳамчун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ, ободию тамизкорӣ мардумро ба кору пайкори созанда даъват менамояд. Эҳдои хушҳолӣ ва суруру шодмонӣ барои тамоми мардум ҷанбаи иҷтимоии ин ҷашни бузурги аҷдодиро баръало таҷассум менамояд. Бинобар ин, ободкорӣ, созандагӣ, ҳамоғӯшӣ бо табиати зиндаву бедор, бахшидани гунаҳҳои ҳамдигар, дур кардани кинаву адоват ва дар як ҳалқаи наврӯзӣ ҷамъ омадан аз ҷумлаи суннатҳои дерпойи Наврӯзи бостонӣ аст, ки бо ташаббусу ибтикороти Пешвои муаззами тоҷикон сол ба сол бошукуҳтару пурҷилотару ҷаҳонитар мегардад.
Сипас, барномаи фарҳангии фарогирии урфу анъанаҳои миллии наврӯзӣ бо иштироки аҳли ҳунари вилоят ва шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд