18 Март 2024
Субҳи имрўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар кӯчаи Сирдарёи маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва ороишии нодири навъи Ёси ҳиндӣ, брючинаи ҷилодор ва садбарги стандартӣ шинонида шуданд.
Ин иқдом бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардида, дар ин рўз аз ҷониби кормандони Сарраёсати ободонӣ ва кормандони касбу кори гуногун беш аз 150 бех ниҳолҳои ёдоваршуда мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шинонида шуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини дахлдор оид ба сабзазоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, оғози гулзоркунии кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилал ва ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва парваришу нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд