14 Март 2024
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба прокуратураи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ҷомеаи меҳнатии ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
Раиси шаҳр зимни табрикоти худ аз ҷумла таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳи махсус нисбат ба фаъолияти пурсамару натиҷабахши кормандони мақомоти прокуратура, ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ, дар яке аз сӯҳбатҳояшон таъкид чунин доштаанд: «Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст».
Барҳақ, кормандони ин мақомоти ҳуқуқ дар раванди босуботи ҷомеаи кишвар собитқадамона кору пайкор намуда, волоияти қонунро назорат мекунад ва дар мизони қонун ҳуқуқвайроншавиҳоро танзим менамояд.
Басо рамзист, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 – март дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура пазируфта шудааст. Ба ин муносибат Шумо, кормандону собиқадорони мақомоти прокуратураро бо иди касбиатон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона шодбош мегӯям ва дар иҷрои рисолати пуршараф ба хотири таҳкими дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди устувори давлат ва суботу оромии ҷомеа, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муваффақият ва барори кор хоҳонам.
Таъкид шуд, ки давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ дошта, ин ҳуқуқу озодиҳо пайгирона татбиқу таъмин карда мешаванд, дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин айёми ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва нооромии дунё бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар асоси қонунҳои амалкунанда шаҳру кишвари худро аз бенизомиҳо ҳифз намоем.
Дар анҷоми табрикоти худ шаҳрдор изҳори умедворӣ намуд, ки дар соли таърихӣ – Соли маърифати ҳуқуқӣ кормандони прокуратура ва кулли алоқамандони ин мақомот баҳри боло бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талош меварзанд ва дар адои хизмати пурмасъулият ба манфиати халқ ва давлати соҳибистиқлоламон ҷаҳду талош меварзанд.
Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба кормандони прокуратура сипоснома ва туӯфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум, Бахтиёр Нозимзода, барои таваҷҷуҳи доимӣ, дастгирии мунтазам ва таҳният ба Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода миннатдории мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷандро расонд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд