(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, ҳифзи сиҳатии омма, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин ва дигар масъулин Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баргузор гардид.

Нахуст вакилон маърӯзаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизодаро роҷеъ ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуниданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имруз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлокию маънави ҳастанд. Боиси тааасуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағийроте зиёде ворид карданд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкил, маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфт. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро омода намуда, ба муҳокимаи умумиҳалқӣ пешниҳод намуд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳод ҷиҳати танзими анъана ва ҷашну маросим манзур гардид ва аксари мардум ин иқдомро ба пурраги дастгирӣ намуданд. Ниҳоят санаи 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои мардум қабул гардида, муддати зиёда аз 16 сол аст, ки мавриди амал қарор дорад.
Дар ин муддат қонуни мазкур воқеан ҳам исбот намуд, ки қабули он саривақтӣ ва ба нафъи мардум буда, чандин маъракаҳои серхароҷот ва нозарурӣ аз байн бурда шуда, давомнокии маросим, шумораи даъватшавандагон ва дигар масъалаҳоро марбут ба гузаронидани ҷашну маросим ба танзим дароварда шуданд.
Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.
Қонуни «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Боиси зикр аст, ки бо шарофати ин Қонун имрӯз мо на танҳо аз назари беҳдошти зиндагии хеш балки аз назари пос доштани анъанаҳои неки ниёгон ва баланд бардоштани маънавияту маърифати мардум ба комёбиҳо ноил гардидем. Воқеан Қонун имкон фароҳам овард, то мо тавонем дороиҳои моддиву маънавии хешро дар рушди ҷаҳони ботинии худу фарзандон, густариш додани имкониятҳои донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ мавриди истифода қарор диҳем. Таърих ва вазъи кунунии ҷомеа собит кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ ва бамаврид буд.
Ҷоизи зикр аст, ки ин қонун бо ибтикору ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид ва он баёнгари ғамхории сидқидилонаи Пешвои миллат ба мардуми кишвар мебошад. Воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқист, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаётӣ иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод.
Зикр гардид, ки ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи Қонун дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахш бо 2 воҳиди корӣ ташкил гардида, аз тарафи масъулини ин бахш дар ин самт як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст.
Ҳамзамон комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил карда шуда, фаъолият дорад. Низомномаи комиссияи доимии макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо карори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №169 аз 03.04.2018 сол тасдик карда шудааст.
Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми соли 2023, тибқи нақшаи корӣ, баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хучанд Фирдавс Шарифзода фаъолияташро роҳандозӣ намуд.
Дар соли 2023 як қатор корҳои ташкилӣ ба анҷом расонда, дар бобати танзими анъана ва ҷашну маросим, баланд бардоштани сатҳи дониши масъулони соҳа ҷаласаҳои комиссия, маҷлисҳои машваратӣ, семинару мулоқот ва вохўриҳо доир гардиданд, ки ба самтҳои асосии фаъолият бахшида шудаанд.
Дар ин давра 5 ҷаласаи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳим баррасӣ карда шуд.
Соли гузашта дар шаҳр ҳамагӣ 1381 маъракаву маросим баргузор гардида, ин рақам нисбати соли 2022 -юм 174 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра дар шаҳр ҳангоми гузаронидани рейди муштараки аъзои комиссияи доимӣ, санҷишу назорати баргузории маърака ва маросим масъулини соҳа 12 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. Дар 1381 маъракаву маросиме, ки дар соли 2023 дар ҳудуди шаҳр доир гардид, 11.451.860 сомонӣ маблағ харҷ шудааст, ки аз рўи ҳисоби миёна ба ҳар як маъракаи арўсиву домодӣ 8200 сомонӣ рост меояд. Давоми ду моҳи соли 2024 дар шаҳр ҳамагӣ 88 маъракаву маросим баргузор гардид.
88 маъракаву маросиме, ки дар ду моҳи соли 2024 дар ҳудуди шаҳр доир гардид, 925 300 сомонӣ маблағ харҷ шудааст, ки аз рўи ҳисоби миёна ба ҳар як маъракаи арўсиву домодӣ 10 514 сомонӣ рост меояд. Дар ин давра дар шаҳр ҳангоми гузаронидани рейди муштараки аъзои комиссияи доимӣ, санҷишу назорати баргузории маърака ва маросим масъулини соҳа 3 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷараёни музокироти масъалаи мазкур прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода ва вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мирзобаҳодурова баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид дошт, ки ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, онҳо вазифадор карда шуданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намоянд ва риояи онро аз ҷониби фарзандонашон таъмин намоянд. Риоя накардани ин талабот барои аз вазифа озод намудани хизматчии давлатӣ асос мегардад.
Ба раисони маҳаллаҳо, сохторҳои маориф ва тандурустӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузории танзим тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.
Сипас, ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд оид ба саноат ва энергетика, коммуникатсия, шаҳрсозӣ ва нақлиёт Дилафрӯз Саидӣ ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи аҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №30 Собирҷон Собиров шунида шуд.
Дар ҷараёни иҷлосия ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2024” таъғирот ворид карда шуд.
Аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Муяссара Қаҳҳорӣ, пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати номгузории як қатор кӯчаву муассисаҳо муаррифӣ карда шуд ва якдилона ҷонибдорӣ гардид.
Сипас вакилон қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуданд.
Дар ҷараёни кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода баромад намуда, масъулини дахлдорро бори дигар ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дастуру супоришҳои дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида даъват намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Фирдавс Шарифзода ба иҷлосия ҳусни анҷом бахшида, аз масъулин даъват ба амал овард, ки фаъолияташонро минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири рушди устувор ва ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани шаҳри азизамон минбаъд низ бо азму иродаи қавии созандагӣ заҳмат кашида, барои муҳайё сохтани зиндагии арзанда саҳми босазо гузоранд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...