(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар тарабхонаи “Истироҳат”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади бузургдошти Рӯзи модар бо иштироки бонувони фаъоли шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст номаи табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи модар Анвар Яъқубӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукўҳи хоса ҷашн гирифтани Рўзи Модар нишони эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба масъалаи эҳтироми Зан – Модар таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла таъкид кардаанд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, инсондўстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст». Мо ифтихор дорем, ки имрўз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва мо ба нерўву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.
Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кулли бонувонро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки воқеан ҳам, Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург Зан-Модар мебошад. Зан - Модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо орзуву ниятҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ўро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад. Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз Модар меомўзад ва тавассути суханони пурҳикмати арзишманди ў соҳиби маърифату камолот мегардад.
Таъкид шуд, ки аввалин омўзгори беминнати инсон Модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомўзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ў тарбия мекунад. Бузургони олам аз қадим то ба имрўз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурўтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст”.
Дар ҳақиқат, нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омўзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Ин масъулияти бузург модарону бонувонро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Нақши Модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Модар барои фарзанд дари илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омўзгори фарзанд буда, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Ба ҳамин хотир, суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба ифодаи; “Модар нисбат ба фарзанд доим меҳрубон аст. Сухане ки аз модар мешунавӣ, меҳрубоние, ки аз модар мебинӣ аз ягон кас намешунавӣ ва намебинӣ! Ҳар нафаре, ки нисбати падару модар ноҳурматӣ мекунад, дуои некашонро намегирад, умри бобаракат намебинад”, ба таври арзанда зикр гардидааст.
Бинобар ин, дўст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.
Шаҳрдор гуфт, ки аз қадимулайём модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандўст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғўши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Имрўзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дўши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Бо ифтихору сарбаландӣ дар қатори бонувони мамлакат занону бонувони Хуҷандшаҳр низ бо заҳмату меҳнати софдилонаи худ дар рушду ободии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми сазовор гузошта, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат будани худро, собит намудаанд.
Зикр бояд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳоро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ намуда истодааст.
Тавре маълум аст, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Занону модарони мо дар танзими расму оинҳои мардумӣ, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб, исрофкорӣ, зоҳирпарастиву бегонапарастӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда бояд намунаи ибрат бошанд. Зеро татбиқи сиёсати давлат дар ин самт низ яке аз вазифаҳои асосии занону модарон ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳори боварӣ намуд, ки бонувон ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳед. Анъанаҳои модарони бузурги худро, ки дар тӯли садсолаҳо ҳазорон фарзандони оқилу донишманд ва миллатдӯсту давлатдорро дар домани поки худ парвариш кардаанд, минбаъд низ идома дода, сарзамини муқаддаси мо – Тоҷикистони азизро нуру зиё мебахшанд.
Сипас барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ бо иштироки сиитораҳои тобони санъати тоҷик ба аҳлинишаст пешниҳод карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...