20 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ маҳфили ватандӯстӣ сурат гирифт.
Дар маҳфил доир ба Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, хизмат ба Ватан, садоқат ба Ватан, ҷоннисориҳо дар ҳифзи Ватан, ҳифзи ҳар як ваҷаби сарзамин ва ғайра шеъру суруд ва гуфторҳо ироа гардид. Саҳначаи ҷолибе низ намоиш дода шуд.
Таъкид шуд, ки мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд