(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои Раззоқ ва Масҷиди Савр баргузор гардид.

Муҳтавои асосиии мулоқотро иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иҷрои бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва дигар масоили рӯзмарра ташкил намуд.
Мулоқотро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузор намудани онро шарҳ дод.
Сипас, муовини аввали прокурори шаҳри Хуҷанд Наим Тоҷизода баромада карда, аз ҷумла афзуд, ки мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд. Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди аз нав тақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Ин матлаб дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки муайян намудани дараҷа ва табиати терроризм барои пешгирӣ намудан ва баргузор намудани чорабиниҳои мақсадноки муқовимат ба он муҳиммияти хосса дорад. Зеро «террор» ҳамчун методи муборизаи сиёсӣ ва ё истифодаи қувваи зӯрӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ, даҳшатангезӣ ба мардум ва шахсиятҳои алоҳида аллакай муайян гардидааст.
Методи зӯроварии террористону экстремистон дар ҳама ҳолат барои расидан ба мақсади ниҳоӣ ба намояндагони ҷониби мухолиф ё аҳолии осоишта равона мешавад. Барои онҳо оила, миллат, дин, мазҳаб, ахлоқ, раҳму шафқат вуҷуд надорад, чунки мақсадашон бештар дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва хоҷагони худ ҳаллу фасл меёбад.
Барои пешгирӣ намудани амалҳои террористию экстремистӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар сафи пеши мубориза қарор дорад ва корҳои зиёдеро ҳам ба анҷом расонидааст.
Инъикоси ин дар натиҷаи амалӣ намудани «Стратегияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дарҷ гардида, заминаҳои сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ нибати ин зуҳурроти номатлуб гузошта шудааст.
Ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон, санадҳои байналмилалии эътирофшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеа Стратегияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст.
Сипас намояндаи шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд баромад карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯзҳо мафҳумҳое чун экстремизм, терроризм, ифротгароӣ ва иртиҷоъпарастӣ воқеан ҳам ба амнияти миллӣ метавонанд таҳдид кунанд ва зикр кардан ба маврид аст, ки қонун бояд дар масъалаҳои муҷозоту масъулият ва ҷавобгарӣ барои амалҳои ифротгароёна, иртиҷоъпарастона ва ҳаросафкано-на шадидтар амалӣ гардонида шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон расман фаъолияти чунин ташкилотҳои ҳаросафкан, ифротгаро ва иртиҷопараст манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: “Ҳизби терррористии наҳзати ислом” "Ал-Қоида", "Ҳаракати исломии «Ӯзбекистон», "Ҷамоати Таблиғ", "Толибон", "Тоҷикистони озод", "Ҳизб-ут-Таҳрир", ҳаракати "Салафия", ҳамчунин созмони "Шоҳидони Яҳё" мебошанд.
Мавриди тазаккур аст, ки зуҳуроти терроризм имрӯз як фаъолиятест, ки дар асоси принсипҳои зӯроварӣ ва ба таври ҷисмонӣ аз байн бурдани одамон, даҳшатафканӣ, тарсонидан бо куштор ва қатли умумиро дар бар мегирад, ки аз ҳама хатарноктарин шакли ноустувории сиёсии ҷомеа мебошад. Муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ ин оромӣ ва рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва пешниҳодот ҳусни анҷом бахшида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...