(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори ҶДММ “Ҷавонӣ” мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҷомеаи меҳнатии ин корхонаи саноатӣ ва сокинони маҳаллаи “Чашмаи Арзана”-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Дар чорабинӣ Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем.
Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст. Инчунин иброз гардид, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки агар мо ин корро намекардем, шояд имрўз умуман бе барқ мемондем.
Пешвои миллат иброз намуданд, ҳастанд баъзе мушкилотҳои соҳа, ки мо бояд ҳарчи зудтар онҳоро бартараф намоем.
Илова бар ин, чи тавре шунидед, Пешвои миллат бо назардошти хушксолии пайдарпайи солҳои охир доир ба иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергия, яъне тавассути истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин росто, Пешвои миллат зикр карданд, ки иқтидорҳои истеҳсоли энергияи кишвари мо аз сатҳи боришот вобастагии зиёд дорад. Яъне, неругоҳҳои мо ҳамааш тавассути об фаъолият мекунанд.
Агар сол аз сол камшавии захираҳои обӣ ва паст рафтани сатҳи оби дарёҳо идома ёбанд, шояд оянда мо низ дар мавриди тавлидоти неруи барқи ватанӣ ба мушкилиҳои муайян дучор шавем.
Дар чунин вазъият истифода бурдан аз имкониятҳои табиии кишвар, махсусан шаклҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ, яъне офтобию бодӣ, аз зумраи тадбирҳои муҳим ба шумор меравад.
Воқеан ҳам, ташаккул ва ривоҷ додани истеҳсоли энергияи офтобӣ дар шароити иқлими мамлакати мо яке аз муҳимтарин сарчашмаҳост, зеро он дар замони муосир – дар замоне, ки эҳтиёҷот нисбат неруи барқ дар тамоми сайёраи замин ба таври рўзафзун зиёд шуда истодааст, торафт нақши калидӣ пайдо мекунад.
Ин раванд ва махсусан бо назардошти иқлим ба тавлидоти энергияи офтобӣ раѓбати бештар зоҳир намуданро дар мисоли аксари давлатҳои мутараққию мутамаддин, аз қабили давлатҳои Япония, Амрико, Олмон, Чин ва ѓайра метавон мушоҳида кард.
Истифода бурдан аз ин манбаи истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо низ солиёне чанд аз тариқи баҳрабардорӣ аз панелҳои офтобӣ роҳандозӣ шудааст.
Аллакай чунин таҷриба дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, аз қабили Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, беморхонаҳо ва як қатор муассисаҳои дигари иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.
Бояд гуфт, ки дар тамоми минтақаҳои Ватани азизамон, ки дар забони мардуми дунё ҳамчун кишвари хуршедӣ маъруфият дорад, нури офтоб хеле фаровон ва дастрас аст.
Бинобар ин, ривоҷ додани баҳрабардорӣ аз панелҳои офтобӣ варианти хеле мувофиқ аст. Истифодаи он ба қисмҳои ҳаракаткунанда ниёз надорад, сўзишворӣ ва хароҷоти зиёди баҳрабардорӣ талаб намекунад ва муҳимтар аз ҳама, дар шумули «иқтисоди сабз» қарор дорад.
Изофатан, барои маълумот метавон афзуд, ки тибқи хулосаи мутахассисон як панели офтобӣ метавонад ба таври комил муҳлати истифодабарии 40-соларо дошта бошад.
Инчунин қайд карда шуд, ки дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмўъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Ҳамзамон зикр гардид, ки соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдори мамлакат амалӣ намудани як қатор тадбирҳоро зарур шумориданд., аз ҷумла: Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роѓун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблаѓгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд. Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шўроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рўшон ва «Чарсем», дар дарёи Ѓунди ноҳияи Шуѓнон бо иқтидори 14 мегават бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад. Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт-соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад. Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ.
Дар ҷараёни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ роҷеъ ба дигар муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ибрози андеша намуд.
Дар мулоқот ҳамзамон муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода итирок ва суханронӣ кард.
Мавсума Муинӣ баъди мулоқот бо фаъолияти ҶДММ "Ҷавонӣ" аз наздик шинос гардида, бо коргарон сӯҳбат намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...