(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик баргузор гардид.

Муҳтавои асосиии мулоқотро пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ПРезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба маҷлиси Олӣ ва иҷрои бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва дигар масоили рӯзмарра ташкил намуд.
Мулоқотро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузор намудани онро шарҳ дод.
Сипас, муовини аввали прокурори шаҳри Хуҷанд Наим Тоҷизода баромада карда, аз ҷумла афзуд, ки дар ҷаҳони имрўз яке хатарҳои асосии ҳаёти инсоният ин радикализм, экстремизму терроризм буда, аз тамоми мақомоти давлатӣ, шохаҳои ҳокимият ва аҳли ҷамоатчигӣ муборизаи муштарак ва дастҷамъонаро бар зидди ин зуҳуроти номатлубро талаб менамояд. Воқеан ҳам мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати доиливу хориҷии он мебошад. Ин нуктаҳо борҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентим мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон таъкид мегардад.
Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва экстремизм санадҳои дохилию байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад, ки ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат, «бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намояд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳе мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Соли 2016 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.
Итилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" дар соли 2009 қабул шуда, амал мекунад, ки моддаи 4 (қисми 7-8)-и он манъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои диниро дар сурати вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва доғдор намудани маънавиёту ахлоқ, ба-рангехтани низоъҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ пешбинӣ кардааст. Нақши муҳим-ро дар ин росто татбиқи қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» (аз 8.12. 2003) мебозад.
Қонуни ҶТ аз 812.2003 №12 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» номгӯи фаъолиятҳои мамнуъро фаро гирифтааст:
- зӯран тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани бутнию яго-нагии ҶТ;
- таҳдид ба амнияти ҶТ;
- забт ва ё тасарруфи рукнҳои ҳокимият;
- ташкили ғайриқонунии гурӯҳҳои мусаллаҳ;
- амалӣ намудани фаъолияти террористӣ;
- барангехтани низоъҳои нажодӣ, миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- амалӣ намудани амалҳои авбошона, ки метавонанд асосҳои маънавӣ, сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ва ё диниро нисбати ягон гурӯҳ ба бор оранд;
- тарғиби бартарият ва афзалиятнокиҳо нисбати шаҳрвандони дигар дар заминаҳои динӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мансубияти забонӣ;
- даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани ин фаъолият е анҷом додани амалҳои зикр-шуда;
- анҷом додани амалҳои зикршуда бо роҳи пешниҳод барои амалӣ кардани фаъолиятҳо тавассути таълим, матбаа ва пойгоҳҳои моддию техникӣ, робитаҳои интихборотӣ.
Наим Тоҷизода гуфт, ки омӯзиши ин муқаррарот имконият медиҳад таъйид намоем, ки иртиҷоъпарастӣ (экс-тремизм) - ин халалдор намудани меъёрҳои мавҷуди ҷомеа буда, усулҳои таҳамулпазири-ро тавассути маҷмӯи зуҳуроти хушунатбору зӯроварӣ доғдор менамоянд.
Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» фаъолиятҳои иртиҷоъпарастиро мукаммалан ташреҳу тавзеҳ додааст. Ифтротгароӣ ин ҷо аз ҳарсафканӣ (терроризм) дар тафовут шарҳ дода шудааст: «зӯран тағйир додани сохтори конститутси-онӣ ва вайрон кардани ягонагию бутунияти Тоҷикистон». Айён аст, ки қонуни мазкур бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ коркард ва қабул гаштааст.
Имрӯз ифротгароӣ ва иртиҷоъпарастӣ воқеан ҳам ба амнияти миллӣ метавонанд таҳдид кунанд ва зикр кардан ба маврид аст, ки қонун бояд дар масъалаҳои муҷозоту масъулият ва ҷавобгарӣ барои амалҳои ифротгароёна, иртиҷоъпарастона ва ҳаросафкано-на шадидтар амалӣ гардонида шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон расман фаъолияти чунин ташкилотҳои ҳаросафкан, ифротгаро ва иртиҷопараст манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: “Ҳизби терррористии наҳзати ислом” "Ал-Қоида", "Ҳаракати исломии «Ӯзбекистон», "Ҷамоати Таблиғ", "Толибон", "Тоҷикистони озод", "Ҳизб-ут-Таҳрир", ҳаракати "Салафия", ҳамчунин созмони "Шоҳидони Яҳё" мебошанд.
Бо назардошти ин ба сифати шартҳои асосии паҳншавии иртиҷоъпарастӣ рахна кардани шуурнокии баъзе ҷавонон, бесаводию камсаводии динӣ, ноогоҳ ва бехабар будан аз усул ва рукнҳои асосии мазҳаби ҳанафия ва чанде дигар мебошанд. Мо ва рукнҳои алоҳидаи давлатро ба мақсад мувофиқа аст, ки зимни татбиқи омӯзишу парвариши насли наврас маърифати ҳуқуқию шаҳрвандиро таҳкиму тақвият диҳем.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва пешниҳодот ҳусни анҷом бахшида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...