25 Сентябр 2023
Мардуми шарафманди шаҳри Хуҷанд ва меҳмонони ин шаҳри офтобӣ бо шукргузорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осоиштагӣ ва таъмини босуботи амнияти ҷомеа Рӯзи шаҳри Хуҷандро таҷлил намуданд.
Ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд майдони ҳудуди театри Камоли Хуҷандӣ фазои идона дошт. Зиёда аз 10 адад хаймаҳои дастоварди хоҷагии халқи шаҳр пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, меҳмонон аз шаҳрҳои Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Могилёви Ҷумҳурии Белорусия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, арбобони давлатӣ ва меҳмонони дохилию хориҷӣ нахуст аз хаймаи дастовардҳои шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Дар маросими расмии чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки Хуҷанд дар саргаҳи Шоҳроҳи абрешимӣ дар Мовароуннаҳр ҳамчун маркази иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангу илм рушд кардааст. Роҳи бузурги абрешим ба Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон, Шарқи наздик, Чин ва ҳавзаҳои баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт. Хуҷанд зодгоҳи лашкаркашони сарбаланд, олимони бузург, ситорашиносони маъруф, муаррихони номвар, ҷуғрофидонону риёзидонон, шоирону нависандагон ва навозандагони мумтоз мебошад.
Асосгузори мактаби илми нуҷум Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, олим ва орифи ҳақ Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ, шоираи ширинадо Маҳастии Хуҷандӣ, бузургони Оли Хуҷанд, қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ғазалсарои беҳамтои адабиёти форсу тоҷик Камолиддин Масъуд маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, санъаткори беназир Содирхони Ҳофиз, ҷуғрофидон Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ ва садҳои дигар ифтихори миллати тоҷик ҳастанд, ки хуни нофашон дар ин шаҳри бостонӣ рехтааст. Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдулманнон Насриддин адабиёти оламшумули форсу тоҷикро ба уқёнусе ва осори пурбаҳои суханварони хуҷандиро ба рўди серобу мусаффо монанд менамояд: “Рўде, ки аз роҳи ҳазорсола меояд ва он аз чашмаи шеъру ҳунари Садруддини Хуҷандӣ, Ҷамолиддини Хуҷандӣ, Маслиҳатдини Хуҷандӣ, Зиёуддин Порсии Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Бурундуқи Хуҷандӣ, Туфайлии Хуҷандӣ, Аҳмади Хуҷандӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Шўхии Хуҷандӣ, Нозили Хуҷандӣ ва даҳҳо хуҷандиёни дигар пайдо шудааст ва дар ин масири ҳазорсола торафт серобу зояндатар гардидааст. Дар уқёнуси адабиёти форсу тоҷик гавҳаршиносон басе дурдонаҳои нодирро шинохтаанд, ки он зодаи табъи фарзонагони ин шаҳри куҳани машриқзамин аст»
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ироаи номаи табрикотӣ аз ҷумла афзуд, ки имрўз рўзи шаҳрест, ки онро оламиён бо муҳаббат ва эҳтироми хос Тирози ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри бузургони миллат, накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳрҳои маъруфи олам вирди забонҳо гардидааст.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки таърихи хеле қадиму пурғановати Хуҷандшаҳр ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он боиси ифтихор ва ибрати мо аст. Дар ин авроқи рангин сарнавишт, рўзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, пайванди асрҳо ва наслҳо, афтодану хестанҳо, ободонию сохтанҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрўзаи сабзу хуррам ва ҷовидонаи шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд». Хуҷанд бештар бо фарзандони фарзонаи худ – Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шайх Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, Фарзона ва садҳо аҳли илму адабаш ифтихор дорад. Хуҷанд дар баробари фозилону донишмандонаш бо мардони шуҷоъ ва муҳофизони хеш фахр мекунад. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик – намунаи олии рўҳи шикастнопазир ва садоқати бепоён нисбати халқу ватан буда, номи ин сарлашкар ҷовидон вирди забонҳо аст. Шуҷоат ва худфидоии Темурмаликро дар баробари абарқудратони ҷодаи ҷоннисорӣ чун Спитамен, Маздак, Абўмуслим, Муқаннаъ гузоштан хато нахоҳад буд.
Ба таъкиди шаҳрдор дар даврони Истиқлолияти ватани азизамон бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавони Хуҷанд дар назари ҳар бинанда ва сокинони гулдасташ ҳар рўзу ҳар соат ободтару шукуфотар гардида, он ба як шаҳри замонавии дилрабо табдил ёфтааст.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо этимоди комил изҳор дошт, ки мо дар ҳамдастӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда ва сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва ваҳдат аст.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла: Матлуба Азимова, Муҳиддин Файзуллоев, Диловар Носиров, Ғафурҷон Ҷӯраев ва Низомҷон Маҳмудов унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки тораҳои намоёни эстрадаи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ситораи тобони Федератсияи Русия Согдиана, ҳофизи номдор аз Ҷумҳурии Ўзбекистон Бунёдбек Саидов, хунёгарони дилҳо Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов,Ҷонибек Муродов, Нобовар Чиноров, Дилноза Каримова, Гуласал Пӯлодова, Донишманд Қутбиддинов, Анвар Қосимов, Сироҷиддин Худоймерганов, Сардорбек Солиев ва дигар ситораҳои маъруфи Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд