25 Сентябр 2023
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Раиси Маслиҳатии шаҳри Шимкент Баҳодур Наримбетовро бо ҳайати ҳамроҳонаш, ки ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.
Фирдавс Шарифзода нахуст меҳмнонро ба шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, аз раванди муносибатҳои дар сатҳи олӣ будаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои байнидавлатии шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, ки бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки он ба манфиати мардумони дӯсти ду давлат равона шудаанд ва самаранок густариш ёфта истодааст.
Раиси Маслиҳатии шаҳри Шимкент Баҳодур Наримбетов нахуст аз пазироии гарму самимӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода арзи миннатдорӣ намуда, тамоми сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику таҳният гуфт.
Баҳодур Наримбетов гуфт, ки шаҳри Ҳуҷанд аз қадимтарин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, таърихи наздик 3000 сола дорад. Хуҷанди кадим дар соҳили дарёи Сир ҷойгир буд ва аз ҳамон давра ин руди пуроб ҳусни табии ин шаҳри офтобиро меафзояд. Хуҷандро бинобар зебогиаш «Тирози ҷаҳон», яъне «Арӯси ҷаҳон» низ ном мебаранд. Симои шаҳр ҳамеша ҷавон ва мардумонаш накӯкору меҳрубон ҳастанд.
Ҷонибҳо имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила, ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин самтҳо қайд карданд.
Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра арзёбӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки шаҳрҳои Хуҷанд ва Шимкент солҳои зиёд аст, ки бо ҳам аҳди бародарӣ бастаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд