22 Сентябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи маорифи шаҳр имрӯз мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-уми шаҳр бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи хаëти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардонии намуди шоҳмот, оммавӣ гардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди намуди шоҳмот, тарғиби тарзи ҳаëти солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон мебошад.
Дар мусобиқа зиёда аз 80 нафар наврасону ҷавонон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми иштирок намуданд.
Дар охир дар вазъияти тантанвӣ ғолибону чоизадорон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣм кадршиносӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд