(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶаҳони имрӯз собит намудааст, ки захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногуни экологӣ қарор дорад, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “неруи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад.  Обшавии босуръати пиряхҳо, чӣ дар Арктикаву Антарктида ва чӣ дар қитъаҳои қоравии сайёра намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад. Аз тарафи дигар, афзоиши босуръати шумораи аҳолии ҷаҳон ба зиёдшавии талабот ба об оварда мерасонад. Ин ду омил боиси он гардид, ки дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаҳои таъмини об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон қариб дуюним баробар ва дар минтақаҳои алоҳидаи олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ зиёда аз чор баробар паст шудааст.

Тоҷикистон як давлати ҷавон ва аз лиҳози ҳудуди ҷуғрофӣ бениҳояд хурд мебошад. Ба монандаш дар харитаи ҷаҳон зиёд кишварҳое ҳастанд, ки аз буданашон миллионҳо нафар огаҳӣ надоранд. Бо шарофати ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардидааст ва онро ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди масоили обу иқлим нағз мешиносанд. Инчунин, боришоти зиёд ва ба вуҷуд омадани сел дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки садҳо нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар аз офати табиӣ осеб дидаанд. Чунин боронгариҳо 3,5 ҳазор километр роҳ ва қариб 150 пулро вайрон карда, 950 ҳазор хона қисман ё пурра  хароб гашта, ба иқтисодиёти миллии ин давлатҳо хисороти калон расонидаанд. Албатта, қисме аз ин ҳодисаҳо дар соли 2022 низ ба назар мерасад, масалан, сӯхтори ҷангалзор дар Аврупою Амрико ва аз байн рафтани 662 776 гектар ҷангалзор, аз байн рафтани 100 ҳазор гектар ҷангалзор дар Сибир, сухторҳои ҷангалзор дар Қазоқистон ва ғайра. Дар солҳои охир 5%-и офатҳои табииро хушксолӣ ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 1,1 миллиард нафар зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар натиҷа муҳоҷирати аҳолӣ низ аз офатҳои табии ва тағирёбии иқлим зиёд гардида, танҳо дар ин панҷсола 18,8 милион нафар вобаста ба таъсири ин ба муҳоҷир  шудаанд. Агар мо ба таҳлили панҷ соли офатҳои табиӣ  аз соли 2017 то соли 2021 назар намоем, дар натиҷаи онҳо миллиардҳо доллари ИМА хисорот ба иқтисодиёти ҷаҳон расидааст, ки бештаре аз онҳо вобаста ба об мебошад.

Чунон, ки дар Гузориши умумиҷаҳонии СММ дар бораи вазъи об гуфта шудааст, зарари соли 2019 тақрибан 90%-и  тамоми офатҳои табиӣ дар ҷаҳон бавуҷудомада  бо об алоқаманд аст. Ҳолати аз ҳама бади кор дар он мебошад, ки ин ҳолат боиси аз ҳад зиёд таъсирасон ва ё камшавӣ ба неъмати асосӣ–обҳои ошомиданӣ гардида истодаанд.

Дар натиҷа, на танҳо таъсири норасои об ба ҳолати иҷтимои мардум, балки ба иқтисодиёти миллӣ низ таъсири бевоситаи худро мерасонад.Дар як сол на кам аз 260 млн.тонна партовҳои оксиди силитсий, 160 млн.тонна партовҳои дуоксиди сулфур, беш аз 200 млн. тонна партовҳои дуоксиди карбон,  зиёда аз 80 млн.тонна партовҳои гази метан, зиёда аз 120 млн. тонна партовҳои оксиди карбони дувалента, зиёда аз 100 млн. тонна пайвастагиҳои хлордор ва дигар моддаҳое ки боиси заҳролудшавии ҳавои атмосфера ва шиддатнок гардидани тағйирёбии иқлим мегардад.Албатта, истифодабариҳо баёнкунандаи он аст, ки пешрафтҳои илмию техникии ҷаҳон дар густариш аст, вале мушкил дар он мебошад, ки раванди тағйирёбии иқлим дар сайёраи Замин бо шиддат дар ҳолати афзоиш қарор дорад.Аммо дар солҳои 2018-2022 масоҳати ҷангалзори сайёраи Замин ба 4,2 миллиард омада расид, ки дар ин маврид шумораи аҳолӣ беш аз 7 миллиардро (7,52–7,97 миллиард) ташкил медод. Яъне тайи 50-60 сол миқдори ҷангалзор 45-46 % кам гашта, шумораи аҳолӣ бошад 1,49 маротиба зиёд шудааст. Мувофиқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти СММ дар солҳои 1960-1970 масоҳати ҷангалзори  сайёраи Замин на кам аз 7,8 миллиард гектар буд, ки шумораи аҳолии сайёра дар он вақт 3,02–3,62  миллиард нафарро ташкил медод.Гузашта аз ин, тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши бесобиқаи офатҳои табиии марбут ба об гардида истодааст. То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сеюним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳони муосир мебошад. Бо даразардошти он, ки зиёда аз 2 миллион аҳолии сайёра аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашад, давлати мо аз ин неъмати  бебаҳо ғанӣ мебошад.Об ҳамчун манбаи ҳосилнокӣ ва эҳёи нав ҳамеша дар худ муаммоеро ниҳон медошт. Одамон наметавонанд дар об зиндагӣ кунанд, аммо бе об ҳам зиндагӣ нест. Об шомили хирад ва неру аст: зинда мекунад, барқарор месозад, тоза медорад. Об рамзи навсозӣ ва покизагӣ аст.

Одамон инро аз замоне медонанд, ки ба зиндагӣ шуруъ кардаанд.Мо бояд донем ва дарк намоем, ки аввалин мавҷудоти зинда дар замин 4 миллиард сол пеш, маҳз дар об пайдо шудаву хеле вақт дар он маскун будаанд. Аввалин растаниҳо ҳамагӣ 480 миллион сол пеш аз об берун баромадаву дар хушкӣ зиндагӣ оғоз намудаанд. Боз ҳаштод миллион соли дигар гузашт, то аз паси онҳо аввалин ҷонварон зуҳур кунанд, ки навад  фисади зуҳуроти зинда низ дар об пайдо шудаву нумӯъ ёфтаанд. Миқдори кифояи нам ба нумӯи ҳамаҷонибаи растаниҳо мусоидат намуда, ҷонварҳои бешуморро бо ғизо ва паноҳгоҳ таъмин мекунад. Ва на танҳо ҷонварон, инсонҳо низ ҷойҳои сероб ва сабзу хуррамро интихоб мекунанд, то ки зиндагияшон сабуктар гузарад. Шояд маҳз аз ҳамин рӯ мо дар дурахши об зебоии фавқулодаро эҳсос мекунем. Оби мусаффо  дар иҳотаи рустаниҳои зебо таҷассуми зеботарин манзараҳо аст. Маҳз об табиат ва иқлими заминро шакл дода, роҳи таърихии инкишофи одамро муайян намудааст. Дар ривоятҳои асотирӣ об рамзи офариниши олам аст. Тасаввурот дар бораи он ки олам аз об баромадааст, дар ҳама фарҳангҳо ҳузур дорад. Тамаддунҳои дар канори он ба вуҷудомада низ аз ҷиҳати биологӣ нумӯъ доштаанд. Об ба тарзи тафаккур, фарҳанг, санъат ва ҷаҳонбинии онҳо низ таъсир мегузорад. Динҳои муосир низ ба об ҳамон мақомро қоил ҳастанд. Тараққиёти истеҳсолоти саноатӣ, зиёд шудани теъдоди мошинҳо, фаъолияти пайвастаи хоҷагидории инсон ба ифлосшавии обҳо меорад.Миқдори оби ошомиданӣ  сол то сол дар дунё коҳиш меёбад, дар ҳолате, ки аҳолии Замин дар афзоиш аст. Дар асоси асноди СММ, дар панҷоҳ соли охир истеъмоли об ду баробар афзудааст. Фақат аз сад бисту нуҳ фоизи захираҳои оби сайёраро рӯдҳову кӯлҳо маҳфуз медоранд. Ҳиссаи оби ҳаво (атмосфера) боз ҳам камтар — аз даҳ ҳазор панҷ фоиз аст. Об ва гардиши он дар табиат аз бисёр ҷиҳат иқлими глобалиро муайян мекунад. Ба назар чунин менамояд, ки об дар Замин хеле бисёр аст. Аммо наваду ҳафт фоизро дар сайёра уқёнусҳо ташкил мекунанд. Ин оби шӯрест, ки нӯшиданӣ нест. Ду фоизи обҳо дар бунбасти пиряхҳои Арктика, Антарктида ва қуллаҳои баландкӯҳ мондаанд.

Тоҷикистон ба сифати давлати манбаи обҳои минтақавӣ ҳамзамон ҷонибдори истифодаи сарфакаронаву оқилонаи об дар минтақа ва берун аз он баромад мекунад. Бинобар ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ҳамаи ташаббусҳои мо дастоварди бузург ба шумор меравад. Президенти Ассамблеяи генералии СММ Чаба Короши дар суханронии худ дар маросими пӯшидашавии конфронс саҳму манфиати ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ қайд намуда, давлати моро барои баргузор гардидани ин конфронс саҳмдори асосӣ ном бурд. Ин аз эҳтироми баланд ва боварии СММ дар симои Президенти Ассамблеяи генералӣ нисбат ба давлати  мо шаҳодат медиҳад. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони чандин конфронсу саммит ва чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд буд, вале ин навбат Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси СММ оид ба захираҳои об ба шумор мерафт, ки тамоми ҷаҳонро дар як нуқта барои ҳалли мушкилоти марбут ба об ҷамъ овард.

Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон, ки дар СММ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфт ва моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи навбатии худро дар хусуси эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул кард, мақоми давлати моро боз ҳам мустаҳкамтар намуд.

Воқеан, ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи об ва иқлим, ки ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд, дар бартараф намудани мушкилоти экологӣ дар сатҳи ҷаҳон нақши муассир ва ҳалкунанда мебозанд.

Маъмури Юсуфзод
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...