(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2023 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми ним соли 2023 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзунро амалӣ намуда, дар партави истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи фаъолияти бонизоми мақомоти маҳаллӣ, азму талош ва заҳмати софдилона ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои бетаъхир андешида, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми имкониятҳою иқтидорҳо самаранок истифода бурда истодаанд.

Фирдавс Шарифзода доир ба дастоварди саноатчиёни шаҳр иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар ин давра саноатчиёни шаҳр иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, дар раванди рушди босуръати ин соҳа ташаббусҳои некро амалӣ гардонида, чораҳои судманд андешида истодаанд. Дар ин васила, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 115,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар нимсолаи аввали соли равон 34 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 208 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби 108 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,4 миллион сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин марҳила аз 168 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 112 намуд ё 66,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100 фоиз таъмин карда шудааст. Илова бар ин, номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардида, ба 17 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Боиси қайд аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Азияполитекс” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 4,0 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба истифода дода шуд. Дар корхона панҷ хатти муосири технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, халтаҳои полипропилении калонҳаҷм бо ғунҷоиши аз 500 килограмм то 3 тонна истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунин фаъолияти корхонаи мазкур ба таври шабонарўзӣ ба роҳ монда шуда, 300 нафар кормандон дар се баст фаъолият менамоянд. Чораҳои амалишуда ҷиҳати афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд. Барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 30,0 миллион сомонӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Шаҳрдор гуфт, ки натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 110,5 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 106,7 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 29,9 миллион сомонӣ ва 8,8 миллион сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид. Нақшаи хазинаи иҷтимоии шаҳр 100,2 фоиз таъмин шуда, ба буҷети иҷтимоӣ 200,0 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардида, таъминоти нафақа саривақт ва пурра ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба раванди бунёдкориву созандагӣ иттилоъ дода шуд, ки бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 349,3 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 286,2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 180,0 ва 171,5 фоизиро ташкил медиҳад. Яке аз сарчашмаҳои корҳои ба сомон расида, ин маблағгузории мутамарказ буда, аз ин ҳисоб дар ҳаҷми 127,3 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 145,7 фоизро ташкил медиҳад. Илова бар ин, ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда, 163,9 миллион сомониро ташкил дод, ки он ба ҳар як сари аҳолӣ 813,2 сомонӣ рост меояд.

Шаҳрдор гуфт, ки яке аз рисолати ниёгонамон корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо истифода аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта баҳрабардорӣ карда шуда истодааст. Баҳри афзун намудани ҳусну таровати замонавӣ ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо ва равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, бо саҳми фаъолонаи соҳибкорону аҳолӣ дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи маҳаллӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Барои соли 2023-юм ҳамагӣ таъмири 45,1 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, давоми нимсолаи аввали соли 2023-юм 25,0 км роҳҳо таъмир карда шуданд. Аз ҷумла, 11,6 км таъмири асосӣ ва 13,4 км таъмири ҷорӣ ба иҷро расонида шудааст. Илова бар ин, 4,7 ҳазор метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард сафолакпўш карда шуданд.

Бо қадами мубораки Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ якчанд иншооти гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, ба Корхонаи истеҳсолии халтаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азия Политекс”, ду бинои истиқоматии баландошёна бо Маркази савдои бузург, Маркази ташхисию табобатии муосир, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишии бачагона бо 80 ҷойи корӣ воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 4-ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Юсуф Исҳоқӣ барои 700 донишҷўй, бо синфхонаҳои таълимӣ, таҳлилгоҳҳои кимиёвӣ, биологӣ, утоқи дандонпизишкӣ, ошхона бо 20 ҷойи корӣ ва мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғози расмӣ бахшиданд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар радифи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маорифро самти афзалиятнок ҳисобида, таъкид намуданд, ки бунёди ҷомеаи мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Дар ин росто дар шаҳр баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, касбомўзии ҷавонон, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва амсоли он тадбирҳои судманд андешида истодааст. Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат”, “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” даври дуюми озмунҳо ташкил ва баргузор карда шуданд. Дар ин озмунҳо 12,5 ҳазор нафар хонандагон, омўзгорону мураббиён, донишҷўён, шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок карда, 442 нафар ғолибон дар даври шаҳрӣ иштирок намуда, 200 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Илова бар ин, дар ин давра дар озмуни Ҷумҳуриявии “Барномасози ҷавон” оид ба технологияи иттилоотӣ байни хонандагон гузаронида шуд, ки дар он 2 нафар хонандагони Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихории якум гаштанд.

Сипас, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мирзоаъзам Мақсудов, рӯзномаи “Садои мардум”, Ҷовиди Аштӣ, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Мадина Поччоева, рӯзномаи “Согдийская правда”, Алишер Охунов, ОИ “Сугднюс”, Қамари Аҳрор, ОИ “Спутник”, Мафтуна Шукурова, ШТР “СМ-1”, Ӯғулой Раҷабова ШТР “7 ситора”, Фарзон Муҳаммадӣ, радиои “Озодӣ”, Махфират Сатторова, рӯзномаи “Ризқофарин”, Фарзона Муродӣ, ОИ “Азия плюс””, Раъно Муҳаммадова маҷаллаи “Кайҳон”, Мастонаи Муҳидиллозода, Радиои “Тоҷикистон”, Қудратулло Раҳматуллоев, ТВ “Суғд”, Қамари Аҳрор, ОИ “Спутник” ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, бунёди мактабу майдончаҳои варзишӣ, хизматрасонии коммуналӣ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, тадбирҳои ободонӣ, фаъолияти муназзами нақлиёти мусофиркаш, вазъи эпидемологӣ, коркарди партовҳо, ободонии маҳаллаҳо ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...