(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва фаъолони хоҷагии халқи шаҳр оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Нахуст маърӯзаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли равон ироа гардид.

Иттилоъ дода шуд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 115,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 34 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 208 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби 108 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,4 млн. сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин марҳила аз 168 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 112 намуд ё 66,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Илова бар ин, номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардида, ба 17 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Таъкид шуд, ки натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 110,5 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 106,7 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 29,9 млн. сомонӣ ва 8,8 млн. сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид. Нақшаи хазинаи иҷтимоии шаҳр 100,2 фоиз таъмин шуда, таъминоти нафақа саривақт ва пурра ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,7 фоиз таъмин гардида, аз ин сарчашма барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 101,6 миллион сомонӣ ва ё 68,8 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 72665,5 ҳазор сомонӣ ва ё 49,2 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, аз ин ҳисоб қарздорӣ ва ё қафомонии пардохти музди меҳнат ҷой надорад. Музди меҳнат якҷоя бо маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ба кормандони буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пардохтгардида нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 13363,5 ҳазор сомонӣ зиёд ё 122,5 фоизро ташкил додааст.

Дар раванди бунёдкориву созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 349,3 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 286,2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 180,0 ва 171,5 фоизиро ташкил медиҳад. Яке аз сарчашмаҳои корҳои ба сомон расида, ин маблағгузории мутамарказ буда, аз ин ҳисоб дар ҳаҷми 127,3 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 145,7 фоизро ташкил медиҳад.
Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба дигар нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр низ дар нимсолаи аввали соли равон маълумоти муфассал ироа намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷараёни кори ҷаласа аз масъулини соҳаи саноат, занон, ҷавонон, ободонӣ, муассисаҳои коммуналӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёти мусофиркашон, маҳаллаҳо ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод.

Абдухолиқ Амирзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлолият, маҷмуан фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Хуҷандро дар давраи сипаришуда мусбат арзёбӣ ва миннатдорӣ баён карда, ҳамзамон аз фаъолон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашнҳои умумиллӣ, иҷрои босифати нақша-чорабиниҳои марбут ба 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бемайлони шаҳр саъю кӯшиши бештар намуда, якдилона Ватани маҳбубамонро ободу мунаввар созем.

Хол Ҳайдар, муовини аввали Раиси вилояти Суғд баромад намуда, доир ба самти пешравиҳо дар шаҳр андешаронӣ намуда, ҳамзамон баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, суръатбахшии иқтисодият ва маҷмуаъан сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумиллии 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли равон аз ҷумла таъкид дошт, ки имрўз мо аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр натиҷабардорӣ намуда, изҳори боварӣ менамоем, ки рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар натиҷаи заҳмати софдилонаи тамоми фаъолон ва кулли мардуми шарафманди шаҳрамон таъмин гаштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмини дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...