06 Июл 2023
5 июл дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислароди адсербтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов, полоишгоҳи рақами 3 дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон” оғоз бахшиданд.
Дар дастгоҳи марказии идоракунии корхонаи нав Пешвои муаззами миллат бо пахши тугма дастгоҳҳои пуриқтидори истеҳсолиро ба кор дароварданд ва ҳамин тавр Корхонаи металлургии мисгудозӣ ба истеҳсоли аввалин маҳсулоти худ шуруъ намуд.
Коргоҳи мазкур, ки ба истеҳсоли миси стандарти катодӣ машғул аст, иқтидори коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тиллоро дар як сол дошта, маҳсулоти ниҳоии аълосифатро аз он истеҳсол менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ин миқдор консентрати коркардшуда дар навбати аввал 4,5 ҳазор тонна миси катодӣ, ҳамчунин ба миқдори муайян тилло ва нуқра истеҳсол карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки то ба имрӯз хокаи консентрати дорои мис ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ содирот карда мешуд.
Корхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири роҳандозии коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз бойгариҳои табиии Тоҷикистон бунёд гардида, дар оянда миси катодии истеҳсолгардида чун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда пешниҳоди харидорон карда мешавад.
Корхонаи мисгудозии ширкати муштараки “Зарафшон” бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ бунёд ёфта, хаттҳои истеҳсолии он дар минтақа назир надоранд ва тибқи баҳогузории байналмилалӣ ба талаботи “Иқтисоди сабз” мутобиқ мебошад. Бартарияти дигари ин технология дар он арзёбӣ мегардад, ки дар як коргоҳ якбора мис ва тилло ҷудо карда мешавад. Ин таҷриба дар бахши металлургияи ҷаҳонӣ аввалин бор амалӣ гардид ва ин равад аз лиҳози экологӣ ҳам бартариятҳои зиёд дорад. Ҳамчунин ҳангоми коркард хокаи дорои мис, тилло ва нуқра дар ҳарорати то ба 220 дараҷа гармӣ тариқи автоклавӣ бо оксигени фишурда тафсонида мешавад, ки ба ин васила моддаҳои ба муҳити зист зиёновар аз ҷумла МИШ-1 (марги муш) ва сера ба таври табиӣ пурра безарар мегардад. Ин технология нахустин маротиба дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи азими саноатӣ аз 9 сех, аз ҷумла сехҳои коркарди селлюлоза, истеҳсоли мис, шираи оҳактайёркунӣ, сехи туршкунии пешакӣ, коргоҳҳои бо оксиген дар зери фишор ишқоркунонӣ, коргоҳи электролизи мис, дегхонаи гармидиҳӣ, пойгоҳ барои гардиши об, стансияи компрессории ҳаво ва оби соф иборат мебошад. Дар ин баробар дар назди корхона бо назардошти технологияи муосир Коргоҳи алоҳидаи рейтсиклингии партовҳои сианитдор ва ё коркарди такрорӣ бунёд гардидааст, ки пасмонда ва ё партови ашёи хоми коркардшуда дар ин иншоот аз сари нав барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ истифода бурда мешавад ва ин имконият медиҳад, ки ашёи хом ҳамаҷониба ва ба пуррагӣ мавриди коркард қарор дода шавад. Бояд гуфт, ки партовҳои сианитдор дар гузашта муддатҳои тулонӣ ҳамчун партовҳои зараровар дар назди корхона боқӣ мемонд ва ифтитоҳи коргоҳи нав ин мушкилотро аз байн бурд. Ҳамин гуна ба ҳамаи таъсиррасониҳои эҳтимолӣ ба экология бо ифтитоҳи ин коргоҳ нуқта гузошта шуд.
Пойгоҳи кислороди адсербтсионӣ низ барои пуррасозии давраи истеҳсолӣ дар ҷамъият нақши муҳим дошта, технологияи насбшуда дар коргоҳ имконият медиҳад, ки системаи автоклав бо оксигени фишурда таъмин гардад.
Дар маҷмӯъ дар Корхонаи металлургӣ раванди пурраи истеҳсолот аз бинои алоҳидаи маъмурӣ - идоравӣ ба таври ҳамешагӣ тариқи дастгоҳҳои муосиру камераҳои насбгардида назорат карда мешавад.
Корхонаи муштараки “Зарафшон” феълан коркарди конҳои “Таррор”, “Ҷилав”, “Олимпики”, “Хирсхона”, кони оҳаксанги “Даҳани мазор” ва регу шағали “Моғиёндарё”-ро ба роҳ мондааст. Барои истеҳсоли миси стандарти катодӣ кансентрати кони “Таррор” истифода бурда мешавад, ки барои фаъолияти мунтазаму босамари ин коргоҳ кони мазкур захираи зарурии ашёи хомро доро мебошад. Корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ барои дарёфти сарчашмаҳои нави ашёи хом дар минтақаи мазкур бо ҷалби мутахассисон минбаъд роҳандозӣ карда мешавад. Ҳамчунин дар оянда ашёи хом барои коркард аз дигар конҳои ҳудуди ҷумҳуриву хориҷи кишвар низ ворид карда мешавад.
Корхонаи мазкур дар доираи амалишавии нақшаҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - “Саноаткунонии босуръати кишвар” бунёд гардида, дар он 300 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки 97 фисади кормандони ширкат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аксари онҳо таҷрибаи хуби кориро дар корхонаҳои азими Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳову корхонаҳои муқтадири ҳудуди ҷумҳурӣ аз бар намудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷамъияти мазкур ин омодакуниву омӯзонидани мутахассисони маҳаллӣ ба шумор меравад.
Ин коргоҳи азими саноатӣ бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Корпоратсияи кӯҳкории “ЗИҶИН” бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки муҷаҳҳазсозиву бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳудуди ҷамъият ба хотири кори босамари корхонаҳои ҳудуди он пайваста анҷом дода мешавад. Полоишгоҳи рақами 3 барои фаъолият омода карда шуд, ки ин иншоот низ шуруъ аз имрӯз мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид бунёди корхонаи нави истеҳсоли миси каттодиро дар самти роҳандозии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ қадами муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самаранок ба масъулин дастуру маслиҳатҳо доданд.
Дар назди корхонаи навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти Корхонаи муштараки “Зарафшон” боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ маъданҳои конҳои “Таррор” ва “Ҷилав”, хокаи бойгардонидашудаи мис аз кони “Таррор”, тилло ва нуқраи истеҳсоли корхона ва миси катодӣ ба маъраз гузошта шуд.
Зимни боздид иброз гардид, ки феълан дар ҷамъияти мазкур 2809 нафар соҳиби ҷои кор буда, ҳамасола иқтидори истеҳсолӣ афзоиш дода мешавад.
Тибқи маълумоти масъулин дар 6 моҳи соли ҷорӣ Корхонаи муштараки “Зарафшон” ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Дар ин давра ҳамчунин истеҳсоли хокаи бойгардонидашуда 23,1 ҳазор тоннаро ташкил дод ва ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 18,4 ҳазор тонна баробар буд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти мунтазами корхонаи нав, истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир ва марҳила ба марҳила афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ масъулинро муваззаф намуданд.