(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини шаҳрдорию вилоят ва саноатчиёни шаҳри Хуҷанд масоили рушди соҳаи саноат ва хоҷагию коммуналӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, афзуд, ки мо ҳамагон иқдоми ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, дар раванди рушди босуръати ин соҳа ташаббусҳои некро амалӣ гардонида, чораҳои судманд андешида истодаем. Давоми 3 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 368,4 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 123,5 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 99,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 900,0 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.

Сипас муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода доир ба бурду бохти соҳаи саноат маълумоти муфассал дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар семоҳаи аввали соли равон 20 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 228 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 134 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 172,2 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 8,1 млн. сомонӣ ё 4,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз 151 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 95 намуд ё 62,9 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Инчунин номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 17 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Азияполитекс” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 4,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба истифода дода шуд. Дар корхона панҷ хатти муосири технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, халтаҳои полипропилении калонҳаҷм бо ғунҷоиши аз 500 килограмм то 3 тонна истеҳсол карда мешавад.

Инчунин фаъолияти корхонаи мазкур ба таври шабонарўзӣ ба роҳ монда шуда, 300 нафар кормандон дар се баст фаъолият менамоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки чораҳои амалишуда ҷиҳати афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд.

Маврид ба зикр аст, ки барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 20,1 миллион сомонӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шуда, ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рўзафзун дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораи фурўши барқи шаҳр ба миқдори 235,3 миллион кВт/соат нерўи барқ интиқол карда шуд. Маблағи пардохти умумии он 93,6 млн. сомонӣ ё 114,0 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 54,5 млн. сомонӣ ё 122,0 фоизро ташкил менамояд.

Сипас, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар аз масъулини соҳа доир ба фаъолияташон пурсиш ба амал оварда, роҳбарони як қатор корхонаҳои саноатии шаҳрро барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот муваззаф намуд. Ҳамзамон ҷиҳати коркарди ниҳоии нахи пахта дар корхонаҳои Хуҷанд, эҳёи корхонаҳои дўзандагӣ, ба коранадозии корхонаҳои азкормонда, омодаасозии корхонаҳои консервабарорӣ ба мавсими нав, иҷрои ўҳдадориҳои андоз ва ғайраҳо масъалагузорӣ карда шуданд.

Зимни баррасии масоили хоҷагию коммуналӣ ба рушди соҳа, мутобиқ намудани хизматрасонӣ ба талаботи имрўза, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, ҷалби сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ, мумфаршкунии роҳҳо, таъмини оби нӯшокӣ, тозагии муҳити зист ва ғайраҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...