(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад.

Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб роҳнамоӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дорои 41 синфхона, толорҳои барҳавои лексионӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз карда шуда, барои таҳсили 2200 нафар донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 8 факултет ва 19 кафедра амал мекунад.

Мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи 8 ихтисос, аз ҷумла кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ - ташхисӣ, кори тиббӣ - офиятӣ ва кори тиббӣ - профилактикӣ омода карда мешаванд.

Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 4 ҳазору 436 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 3 ҳазору 847 нафари онҳо духтар ва 589 нафар писар мебошанд. Аз ин шумора 10 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Ба онҳо дар умум 230 нафар омӯзгори соҳибтахассус дарс мегӯянд.

Бо мақсади мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои муосир дар  Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд марказу озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, Озмоишгоҳи таълимӣ ва ташхиси фарматсевтӣ, озмоишгоҳҳои таълимии химия, биология, физика ва Маркази таълимии дандонсозӣ таъсис дода шудааст.

Марказу озмоишгоҳҳои мазкур ва синфхонаҳои фаннии коллеҷ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва аёниятҳои таълимию таҷрибавӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки бо истифода аз онҳо донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ мегузаранд.  Илова бар ин ҳамаи ҳуҷраҳои кории омӯзгорон бо мизу курсӣ, дастгоҳҳои зарурӣ ва хати интернет пайваст мебошанд.

Дар таҳхонаи бинои муассисаи таълимӣ ошхона бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ, анбор ва нуқтаи санитарӣ мавҷуд буда, синфхонаи компютерӣ низ таъсис дода шудааст, ки 100 ҷойи нишаст дорад. Минбаъд ҷамъомаду чорабиниҳои муассисаи таълимӣ дар толори барҳавои маҷлисӣ бо 300 ҷойи нишаст баргузор карда мешаванд.

Дар бинои навбунёд ду лифти замонавӣ низ насб гардида, раванди таълим тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Ҷиҳати таъмини гармӣ дар фасли зимистон бинои коллеҷ бо шабакаи мустиқили гармидиҳӣ пайваст гардидааст.

Донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, бо хобгоҳи дорои шароити хуби истиқоматӣ таъмин мегарданд.

Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисосро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ арзёбӣ карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...