(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt1 апрел дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро ифтитоҳ намуданд.

Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст.

Иншооти навбунёди варзишӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои беш аз 10 ҳуҷраи корӣ барои маъмурият ва кормандон, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, дастшӯӣ, анбор барои нигаҳдории таҷҳизоти варзишӣ ва дигар нуқтаҳои ёрирасон мебошад. Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ  дар шафати варзишгоҳи марказии “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҷойгир аст.

Дар гӯшаҳои алоҳидаи ошёнаи якуми бинои мактаб намунаи либосҳои варзиши камонварӣ, тиру камонҳо ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик аз ин риштаи варзиш ба маъраз гузошта шудааст.

Бо таъсиси Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд 20 нафар, аз ҷумла 5 мураббии касбӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар мактаби варзишӣ толори маҷлисӣ бо 30 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар ҳуҷраҳои алоҳидаи мактаб таҷҳизоти гуногуни варзишӣ нигаҳдорӣ шуда,  дастгоҳҳои зарурӣ насб гардидааст, ки асосан барои таъмиру навсозии тиру камон истифода мешаванд. Инчунин дар бино нуқтаи тиббӣ ва ҳуҷраи равоншинос низ мавҷуд аст.

Дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори барҳавои машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши камонварӣ бо паҳноии 20 ва дарозии 40 метр ҷойгир аст.

Дар толори Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар баробари машқу тамрин, инчунин барои баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи баланд оид ба камонварӣ шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

Айни замон дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд 90 нафар ҷавонону наврасон машқу тамрин менамоянд, ки ба онҳо мураббиёни соҳибтаҷриба нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзонанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадони соҳа, мураббиён ва варзишгарон суҳбати самимӣ ороста, изҳори боварӣ карданд, ки бо бунёд ва ба истифода супоридани Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд барои тамрини наврасону ҷавонони варзишгар шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд ва аз байни онҳо қаҳрамононе чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...