(2 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 61,9 ҳазор нафар расид, ки аз ин миқдор 30,9 ҳазор нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар соли 2022 зиёда аз 170 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо иштироки беш аз 125 ҳазор нафар наврасону ҷавонон, варзишгарону мухлисон баргузор гардиданд.

Айни замон, дар мақомоти маҳаллии шаҳр 25 нафар ҷавонон, аз ҷумла 8 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намуда, 7 нафар ҷавонон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб гардиданд.

Ҷавонони машғули таҳсил 47450 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин теъдод 23800 нафарашон духтарон мебошанд. 420 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои давлатии олии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.

Гирандагони стипендияи Президентӣ 72 нафар,  гирандаи стипендияи Раиси вилоят 55 нафар ва 100 нафар гирандагони  стипендияи раиси шаҳр, ки 64 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар ин радиф тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмунҳои мухталиф миёни ҷавонон таҳти унвони “Суруди алла”, “Касби ман-ифтихори ман”, “Ҳунарманди беҳтарин”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Машшотаи беҳтарин”, “Ошпаз - қанноди беҳтарин” доир гардиданд, ки мақсад аз баргузории онҳо баланд бардоштани савияи донишу малака ва истеъдоди ҷавонон ба ҳисоб рафта, ғолибону ҷоизадорон ба тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Бо назардошти яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардан ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон, дар ин давра дар доираи буҷети давлатӣ ва ҷалби дигар имкониятҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони маъюб, бепарастор ва ниёзманд дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар арафаи санаҳои таърихӣ ва бо мақсади таъминоти иҷтимоии ҷавонон, дастгирии ҷавонони маъюбу камбизоат, бепарастор дар арафаи таҷлили Наврўзи байналмилалӣ, Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, Рўзи Ваҳдати миллӣ аёдати ҷавонони ятиму бепарастор, камбизоат ва имконияташон маҳдуд, таҳти унвони «Мо узви як ҷомеаем!» ташкил ва гузаронида шуд. Дар натиҷа 40 нафар аз онҳо бо маводҳои озўқаворӣ аёдат карда шуданд.

Бо мақсади ташкили чорабиниҳои мухталифи фароғатӣ, адабӣ - маърифатӣ ва ахлоқӣ нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия гардида, дар заминаи он маҳфилҳо, барномаҳои адабӣ-фарҳангӣ бо ҷалби ҷавонони касбу кори гуногун, адибони ҷавон, донишҷўёну омўзгорон ва шоирону ҳунармандон халқии кишвар ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҷиҳати беҳдошти ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, ташаккули фарҳангдўстии ҷавонон чорабиниҳои мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, фестивал, мизҳои мудаввар, озмунҳо, конфренсияҳо ва монанди инҳо баргузор гардиданд.

Дар доираи таҷлили Иди байналмилалии Наврўз намоиши ҳунарҳои эҷодии ҷавонону омўзгорон, ҳунарҳои мардумӣ аз қабили амали рассомии хонандагону омўзгорон, ҳунарҳои мардумии кашидадўзиву сўзанидўзӣ ва қуроқдўзӣ, дастовардҳои варзишгарон дар солҳои истиқлолият ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамчунин, конфронсҳо ва мулоқоту вохўриҳо дар мавзўъҳои “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим”, “Саҳми ҷавонон дар пешрафти давлати соҳибистиқлол”, “Ҷавонон нерўи созандаи ҷомеа” дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардиданд.

Аз оғози соли таҳсил то давраи ҳисоботӣ хонишҳои сиёсӣ таҳти унвони “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ”, “Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ” “Истиқлолияти давлатӣ шиносномаи ҳар яки мост”, “Ба қадри сулҳу субот, ваҳдат ва истиқлолият мерасем”, “Ман ба қадри сулҳу ваҳдат ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат мерасам”, “Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мо ҷавонон аст”, “Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва иштирок намудан дар рушди босуботи кишвар рисолати ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад”, “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” бо фарогирии 9760 нафар ҷавонони аз 14 то 18 сола баргузор карда шуд.

Ҳамзамон 30 аксияҳову ҳамоишҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ ва иттилоотӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!”, “Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо ҷавонон!”, “Танзим баракати зиндагӣ!”, “Барои Ватани маҳбубамон хизмат мекунем!”, “Ба Пешвои худ содиқ мемонем!” ва “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!” баргузор гардида, 12560 нафар дар аксияҳои мазкур ширкат варзида, 10200 адад маводҳои тарғиботӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ карда шуд.

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ, ба ин васила тарбия намудани онҳо дар рўҳияи меҳнатдўстию созандагӣ,  таҳти унвони “Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!” зиёда аз 60 маротиба  шанбегиҳо, ҳашарҳои дастаҷамъона ва корҳои тозагиву ободкорӣ бо иштироки зиёда аз 9500 нафар ҷавонону варзишгарон баргузор гардида, оромгоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, кўчаву хиёбонҳо, ҳудуди муассисаҳои варзишӣ, соҳили дарё ва ҷўйбору майдонҳо тоза карда шуданд.

Бо мақсади рушди намуди варзиши футбол, тарғибу ташвиқи он байни аҳолӣ алалхусу наврасону ҷавонон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои машғулият ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон зиёда аз 30 чорабиниҳои варзишӣ аз рўи намуди футбол байни наврасону ҷавонон ва мухлисону сокинон ташкил ва баргузор карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳр 6 адад варзишгоҳҳо ва зиёда аз 30 майдонҳои варзишӣ мутобиқ барои бозии футбол амал мекунад, ки дар он ҳамарўза зиёда аз 700 нафар наврасону ҷавонон машқу тамрин ва бозии футбол ташкил ва гузаронида мешавад.

Тибқи нақша аз санаи 7 январ то 31 соли 2022 мусобиқаи анъанавии шаҳри Хуҷанд оид ба футбол барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак-2022» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ соли таваллудашон 2008-2009, 2006-2007 ва 2004-2005 ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа дар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 шаҳр баргузор гардида, дар он 576 нафар футболбозони наврас дар ҳайати 36 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Бахшида ба Рўзи Модар ва санаҳои 3-5 марти соли 2022 дар майдончаи варзишии Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумии солҳои таваллудашон 2005-2008 ташкил ва баргузор гардид. Дар мусобиқа 9 даста аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Хуҷанд дар маҷмўъ зиёда аз 100 нафар духтарон иштирок намуданд. Мусобиқа мувофиқи қоидаҳои амалкунандаи ФИФА гузаронида шуда, ҷойи 1 сазовори дастаи Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил, ҷойи 2 дастаи МТМУ №11 ва ҷойи 3 насиби дастаи МТМУ №7 ба номи Низоми Ганҷавӣ гардиданд.

Ҳамчунин санаҳои 11-22 марти соли 2022 чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба намуди футбол байни кўдакон ва ва наврасони 12,13,14 ва 16 сола марҳилаи аввал дар майдони футболи Муассисаи давлатии Мактаби варзишии №2-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар чемпионати мазкур зиёда аз 600 нафар варзишгарон дар ҳайати дастаҳо аз ҳисоби мактабҳои варзишии №1, №2, №3 иштирок намуданд.

Бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 10-20 майи соли 2022 мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд байни донишҷўёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ташкил ва баргузор гардид. Мусобиқа дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он зиёда аз 150 нафар футболбозон дар ҳайати дастаҳои донишгоҳу коллеҷҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Маросими ҷамбастии мусобиқа бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардида  ғолибон ва ҷоизадорон бо таҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, зиёд намудани сафи ихтиёриён, иҷроши босифати нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ вохўриву мулоқотҳо, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, рўзи дарҳои кушод, аёдати сарбозону афсарон, мусобиқҳои ҳарби варзишӣ байни ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозону афсарон, ташкили барномаҳои фарҳангӣ дар қисмҳои низомӣ, спартакиада, озмун ва мусобиқаҳои тарпарронӣ бо ҷалби васеи ҷавонон ва сарбозону афсарон доир гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар қисмҳои ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, қисми ҳарбии 6593, комендатураи ҳарбӣ, қисми ҳарбии 0235, филиали донишкадаи ҳарбӣ ва Госпитали ҳарбӣ озмунҳои зеҳнии шоҳмот, тирпарронӣ, мусобиқаҳои варзишӣ аз рўи намудҳои футбол, волейбол, дастхобонӣ, давидан ба масофа, шашка ва монанди инҳо ташкил ва баргузор карда шуданд.

Ҳамчунин  аксияву фестивалҳо таҳти унвони "Хизмат ба Ватан шараф ва қарзи ҷавонмардии ҳар як фарди бедордил", "Ба хизмати Модар-Ватан содиқ мемонем!", “Суруди сарбоз”, Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон” ва монанди инҳо бо тақсимот намудани варақҳои иттилоотӣ доир ба беҳдошти тарбияи ватандўстии ҷавонон баргузор гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки нақшаи даъватии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ санаи 28 ноябри соли 2022 ба иҷро расид.

Бо мақсади тавсеа бахшидани ҳисси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мулоқотҳо бо ҷавонон баргузор гардид. Ҳамчунин дар чорабинӣ доир ба масоили “Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон”, “Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир”, “Ғояҳои миллӣ таҳкимбахши пояҳои Истиқлолияти давлатӣ”, “Арҷгузорӣ ба забони модарӣ” ва “Эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ” маърўзаҳо карда шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондўстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни зеҳнии “Тирпарронӣ” байни афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 310 иншоотҳои варзишӣ аз ҷумла варзишгоҳ, иншоотҳои одии варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншоотҳои барои машғулиятҳои варзишӣ сохта мутобиқгардонида мавриди истифода қарор дорад. Аз ҷумла варзишгоҳҳо бо теъдоди зиёда аз 5000 ҷои нишаст 1 адад, варзишгоҳҳо бо теъдоди то 5000 ҷои нишаст 6 адад, майдончаҳои оддии варзишӣ 187 адад, иншооти махсуси варзишӣ 38 адад, тир 2 адад, боулинг 4 адад, марказҳои фитнес 20 адад, билярд 8 адад, базаи қаиқронӣ 2 адад, яхи сунъи 1 адад, дучархаронӣ 1 адад, толори варзишӣ бо ҷои нишаст 7 адад, толорҳои варзишии бе ҷоий нишаст 60 адад, ҳавзҳои шиноварӣ 3 адад, ҳавзҳои шиноварии пўшида 1 адад, ҳавзҳои шиноварии оддӣ 2 адад амал мекунанд.

Дар 6 муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳр бо теъдоди 123 нафар мураббӣ аз рўи 28 намуди варзиш ба 3843 нафар варзишгаронро машқу тамрин медиҳанд, ки аз ин шумора 488 нафарашон духтарон мебошанд. Мураббиён дар муассисаҳои варзишӣ аз рўи 3 намуди милли варзишӣ, 8 намуди ғайриолимпӣ ва 17 намуди олимпӣ машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд.

Баҳри дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ ва бозии бачагона тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр майдончаҳои варзишӣ ва бозии бачагона бунёд ва таъмиру таҷдид ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ бо маром идома доранд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби соҳибкорону сокинони шаҳр як қатор иншоотҳои гуногуни варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин радиф соли 2022 бунёд ва азнавсозии 22 адад иншооти варзишӣ аз қабили толорҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кўдакона дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр ва назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки иншоотҳои мазкур ба маблағи умумии 1,1 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки он аз буҷети давлатӣ 400 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...

Youtube