(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чорўми стратегӣ дар шаҳр соли 2022 чораҳои амалӣ андешида, дар натиҷа, теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳр ба 209 адад расидааст.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба маблағи 1702,6 млн. сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262,9 млн. сомонӣ ё 18,3 дар сад зиёд таъмин шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, 1465,4 млн. сомониро (бе назардошти тақсимоти қувваи барқ, истеҳсол ва тақсимоти об) ташкил намуда, дар шаҳр 162 намуд маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз онҳо истеҳсоли 88 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шудааст.

Дар ин давра ба самти бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ вусъат бахшида, дар натиҷа 18 адад корхонаҳо ба монанди ҶДММ “Шабнами Суғд”, “Шириниҳои Дилбархон”, “Шоҳроҳи Истиқлол”, “Дадобоев Т.”, “Муҳанно”, “Қаландаров”, “Ширинсаройи Суғд”, “Амиран”, “Афзалиён” ва ғайраҳо бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 42,0 тонна маҳсулоти хўрока дар як моҳ таъсис дода шудааст.

Бо мақсади рушд додани саноати истеҳсолӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир, ки барои вусъат бахшидани корҳо дар самти истеҳсоли полиэтилен ва собуни хоҷагӣ мусоидат мекунад, тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Дар ин самтҳо дар шаҳр 2 адад корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ фаъолият намуда, 5,6 тонна ё ба маблағи 123,3 ҳазор сомонӣ ва 1 адад корхонаҳои истеҳсоли собуни хоҷагӣ фаъолият намуда, 6,1 тонна ё ба маблағи 1,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Илова бар ин, 1 адад корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шустушўи моддаҳои тозакунанда ва ҷилодиҳанда фаъолият намуда, 3,2 тонна ё ба маблағи 21,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Барои тақвият додани истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои муосир, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди пурраи он имрўз таваҷҷўҳи зиёд зоҳир гардида, он боиси коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардидааст.

Баҳри зиёд намудани ҳаҷм ва номгўи масолеҳи сохтмонӣ дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 34 адад корхонаҳои саноатии шаҳр ба миқдори 370,7 млн. сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86,5 млн. сомонӣ ё 30,0 фоиз ин намуди маҳсулот зиёд гардидааст.

Дар ин давра дар шаҳр 3 адад корхонаҳо (ҶДММ “Ҷавонӣ”, ҶДММ “Сатн” ва ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”) бо коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти дўзандагӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҶДММ “Ҷавонӣ” 894,1 тонна, ҶДММ “Сатн” 960,2 тонна ва дар ҶДММ “Нассоҷи  Хуҷанд” 117,8 тонна пахтаро коркард карда, ба маблағи 221,9 млн. сомонӣ маҳсулоти дўзандагӣ истеҳсол карда шуда, ба маблағи 217,0 млн. сомонӣ маҳсулотҳо содирот карда шудааст.

Илова бар ин, дар шаҳр 6 адад корхонаҳо (ҶДММ “Мусалло”, ҶДММ “Сирдарё”, “Афзалиён”, “Чои Шифо”, ҶСК “Корхонаи консервабарории Хуҷанд” ва ҶСП КМ “Хуҷанд Пакижинг”) бо коркарди консерваи мевагӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҶДММ “Мусалло” 19,2 ҳазор қуттии шартӣ, ҶДММ “Афзалиён” 1,7 ҳазор қуттии шартӣ, ҶСК “Корхонаи когнсервабарории Хуҷанд” 343,7 ҳазор қуттии шартӣ,  ҶСП КМ “Хуҷанд Пакижинг” 4,51 ҳазор қуттии шартӣ,  ҶДММ “Сирдарё” 1385,13 ҳазор қуттии шарти ва ҶДММ “Чои Шифо” 308,39 ҳазор қуттии шартӣ ба маблағи 2584,8 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда шудааст.

 Дар шаҳр 3 адад корхонаҳои коркарди шир фаъолият намуда, ба миқдори 3131,3 тонна маҳсулоти шири холис истеҳсол намуданд, аз ҷумла аз тарафи ҶДММ “Пешсаф 1” 391,69 тонна, “Порсои Хуҷанд” 2127,0 тонна ва “Шоҳшир” 469,81 тонна  истеҳсол карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми соли 2022 баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз 22,3 млн. сомонӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки он барои рақобатпазирии маҳсулотҳои воридотивазкунанда мусоидат намуда истодааст.

Ҷиҳати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, дар ин давра дар шаҳр 17 адад корхонаҳои истеҳсоли нав ва 23 адад коргоҳҳои истеҳсоли аз нав бақайдгирифта шуда, дар маҷмўъ 40 адад корхона, аз ҷумла:  ҶДММ “Яхмоси Ҷавонӣ”, “Шабнами Суғд”, “Шириниҳои Дилбархон”, “Олами Тоза”, “Шоҳроҳи Истиқлол”, “Хуҷандторгмаш”, “Муҳанно”, “Исроилов”, “Ширинсаройи Суғд”, “Аминов”, “Саид Пласт”, “Афзали Хуҷанд”, “Шириниҳои Нури Хуҷанд”, “Амиран”, “Қасри тиллоӣ”, “Вориси Суғд”, “Воҳидова Мафтуна”, “Маҳсулоти Одил”, “Аморат Пласт”, “Технологияи Азим”, “Ғафуров Ғуфрон”, “Сифати ширин”, “Шириниҳои Нафиса”, “Хонаи Чўбин”, “Сафолаки Суғд”, “Зокиров”, “Қаландаров”, “Азалхон”, “Зардар Суғд”, “Орипов Муҳаммадҷон”, “Ҳаловат”, “Афзалиён”, “Абдураҳими Хуҷандӣ”, ҶСП “Корпоратсияи Камоли Хуҷанди” ва ғайраҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ баҳри баланд бардоштани сифати маҳсулотҳои воридотивазкунанда таъсис дода шудааст.

Баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалишуда собит менамояд, ки аз ҳисоби корхонаҳои нав 289 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳр 20 адад корхонаҳои хурду миёнаи дўзандагӣ, қолинбофӣ ва истеҳсоли адрасу атлас фаъолият доранд. Дар давоми соли 2022 аз тарафи корхонаҳои дўзандагӣ ба маблағи 243,2 млн. сомонӣ, аз тарафи корхонаву сехҳои атласу адрасбофӣ ба миқдори 70,84 ҳазор метри мураббаъ чунин матоъҳо истеҳсол карда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба меъёрҳои стандартӣ мутобиқ буда, онҳо аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол шуда истодаанд.

Илова бар ин, дар ин давра аз тарафи 8 корхонаҳои дўзандагӣ ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ либоси бачагона истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 2,0 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар ҳудуди шаҳр Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бунёд ёфта, он соли 2009 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2008, №1146 дар майдони 320 га. ҳамчун қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқи муқарраргардида таъсис ёфта, дар он ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст. Он дар минтақаи ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷой гирифта, 30 адад субъектҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки 18 адади он фаъолияти бомаром доранд.

Дар санаи 1 январи соли 2023 аз субъектҳои фаъолбудаи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 19 субъект ба маблағи 412,5 млн. сомонӣ маҳсулот, корҳои сохтмонӣ, савдо ва хизматрасонӣ иҷро карда шудааст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулот аз тарафи ҶДММ “Реал” ба маблағи 23,0 млн. сомонӣ, ҶДММ “Равзана Пластик” 1,2 млн. сомонӣ, ҶДММ КМ “Силкоат Бойя” 12,0 млн. сомонӣ, ҶДММ КМ “Стар Пласт” 5,0 млн. сомонӣ, ҶДММ КМ ТТ “Тоҷпроф” 259,5 млн. сомонӣ, ҶДММ КФ “Фортуна Ко” 7,4 млн. сомонӣ, ҶДММ “Тоҷикполиэтилен” 1,3 млн. сомонӣ, ҶДММ “Ҷаҳони нав ММ” 22,1 ҳазор сомонӣ,  ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” 27,1 млн. сомонӣ, ҶДММ “Ариана металл пласт” 22,0 млн. сомонӣ, ҶДММ КМ ТТ “Афранг пластик” 39,8 млн. сомонӣ, ҶДММ “Донаи Алмос” 8,0 млн. сомонӣ, ҶДММ “Суғдиёна Агро” 1,3 млн. сомонӣ, ҶДММ “Покзарф” 74,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Азияполитекс” 470,0 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Сохтмони идоракунии №1” 1,3 млн. сомонӣ, инчунин хизматрасониҳо аз тарафи МТҒ “Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ” 1,8 млн. сомонӣ, ҶДММ КФ “Дўсти Амирхон” 950,0 ҳазор сомонӣ ва МДМ Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба маблағи 40,0 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Дар маҷмўъ, дар давраи ҳисоботӣ 7 намуд маҳсулотҳои саноатии рақобатпазир, ки аз ҷониби субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз қабили рангҳои гуногун, ноқилҳои барқӣ ва профилҳои пластикӣ, алюминӣ, меваи хушк ва дучархаҳо истеҳсол гардида, ба маблағи умумии 138,9 млн. сомонӣ берун аз кишвар содирот карда шудааст.

Дар ин давра дар шаҳр бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ 17 адад корхонаҳои истеҳсоли нав ва 23 адад коргоҳҳои истеҳсоли аз нав бақайдгирифта шуда, дар маҷмўъ 40 адад корхона, аз ҷумла:  ҶДММ “Яхмоси Ҷавонӣ”, “Шабнами Суғд”, “Шириниҳои Дилбархон”, “Олами Тоза”, “Шоҳроҳи Истиқлол”, “Хуҷандторгмаш”, “Муҳанно”, “Исроилов”, “Ширинсаройи Суғд”, “Аминов”, “Саид Пласт”, “Афзали Хуҷанд”, “Шириниҳои Нури Хуҷанд”, “Амиран”, “Қасри тиллои”, “Вориси Суғд”, “Воҳидова Мафтуна”, “Маҳсулоти Одил”, “Аморат Пласт”, “Технологияи Азим”, “Ғафуров Ғуфрон”, “Сифати ширин”, “Шириниҳои Нафиса”, “Хонаи Чўбин”, “Сафолаки Суғд”, “Зокиров”, “Қаландаров”, “Азалхон”, “Зардар Суғд”, “Орипов Муҳаммадҷон”, “Ҳаловат”, “Афзалиён”, “Абдураҳими Хуҷандӣ”, ҶСП “Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ” ва ғайраҳо баҳри баланд бардоштани сифати маҳсулотҳои воридотивазкунанда таъсис дода шудааст.

Баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалишуда собит менамояд, ки аз ҳисоби корхонаҳои нав 289 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардида корҳо дар ин самт идома дорад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...

Youtube