(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Баҳри муҳайё намудани ҳаёти шоиста ва зиндагии арзанда, масъалаҳои ташаккули минбаъдаи низоми ба талаботи замона ҷавобгў, таъмини нафақаи аҳолӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоат ва таъсис додани ҷойҳои корӣ дар таваҷҷўҳи ҳамарўза қарор дошта, дар ин самт чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Давоми соли 2022 ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 5038 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ўм 177 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 4687 нафар аҳолии бешуғли қобили меҳнат мебошанд, ки миқдори онҳо нисбат ба ҳамин давраи  сипаригашта 19 нафар зиёд шудааст.

Аз шумораи умумии ба қайд гирифташудагон, 1951 нафар бекорон дар соҳаҳои гуногун бо ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, бонкҳо, савдою хизматрасонӣ ва сохтмон таъмин карда шуданд, ки аз онҳо 1032 нафар занон ва 1151 нафар ҷавононро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ба 1118 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шуд, ки аз онҳо 593 нафарашон занон ва 732 нафар ҷавонон мебошанд.

Барои дар амал татбиқ намудани қарори Раиси вилоят аз 12 майи соли 2009, №123 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул намудани гурўҳи алоҳидаи аҳолӣ” 150 нафар шаҳрвандони бекор, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, тариқи квота бо ҷои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, 17 нафар шаҳрвандони аз схизмати Қувваҳои мусаллаҳ баргашта, 9 нафар аз маҳбас озод гардида, 32 нафар волидайни яккаву танҳо ва дар тарбияашон кўдакони ноболиғ ва маъюб дошта, 23 нафар волидайни серфарзанд, 6 нафар маъюбон, 50 нафар ҷавонони синни 18 сола баъди хатми курсҳои кўтоҳмуддат, 3 нафар ятим, 6 нафар шаҳрвандоне, ки барои аз рўи синну сол ба нафақа баромаданашон 2 сол боқӣ мондааст, 4 нафар шахсони то синни 18 сола, ки бо сабаби вафоти волидонашон ва ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба ўҳда доранд, бо кор таъмин шуданд.

Пурсиши дар ба дари гузаронидашуда, собит намуд, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи ҳисоботӣ 5222 нафарро ташкил дода, аз онҳо 3738 нафар мардон ва 1484 нафар занонро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти фурудгоҳи байналмиллалӣ, роҳи оҳан ва қўшунҳои наздисарҳадӣ дар давраи ҳисоботӣ шумораи шаҳрвандони сафаркарда аз шаҳри Хуҷанд 18055 нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021-ум  5090 нафар зиёд мебошад.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 5810 нафар занон ва 12245 нафар мардонро ташкил менамоянд.

Айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 4 адад марказҳои таълимӣ, 3 адад нуқтаҳои омўзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда истодааст.

Инчунин дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр ҳунармандон низ фаъолияти хешро пеш бурда истодаанд. Теъдоди ҳунармандони дар шаҳр фаъолият дошта зиёда аз 3160 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар самти соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони ҷойи кор надошта бояд қайд намуд, ки 350 нафар ба курсҳои кўтоҳмуддати корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” аз рўи 9 ихтисос ҷалб карда шуданд. Аз шумораи умумӣ 323 нафарашон занон ва 318 нафар ҷавонон мебошанд.

Инчунин тариқи худмаблағгузорӣ 351 нафар, аз онҳо 323 нафар заноне, ки ҷойи кор надоштанд, ба курсҳои кўтоҳмуддати корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Илова бар ин, таҳлилҳо собит намуданд, ки дар ҳудуди шаҳр тавассути марказҳои таълимии истеҳсолӣ, айни ҳол 81 нафар ҳунармандон дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, 2501 нафар шогирд бароварда истодаанд.

Бо мақсади таъмини таъсис додани ҷойҳои кории нав аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молиявию бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, дўкону растаҳои фурўши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, инчунин ташкили курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоту маснуоти дастӣ барои сайёҳон чораҷўӣ намуда, як қатор корҳои амалӣ ба сомон расонида шуда истодаанд.

Баҳри бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон давоми марҳилаи ҳисоботӣ 4 маротиба ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозӣ бо иштироки аъзоёни кумита ва намояндагони корхонаву ташкилотҳо баргузор гардид.

Бо мақсади таъмини шуғл, алалхусус дар байни муҳоҷирони меҳнатии баргашта ва кам намудани шиддати бекорӣ дар мавзеъҳои маркази шаҳр 17 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Аз ҷумла, дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр 12 маротиба, маротиба дар бозори “Панҷшабе”, як маротиба дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, як маротиба дар минтақаи мардикорбозор дар ҳудуди кумитаи маҳаллаи “Содирхон Ҳофиз”, 2 маротиба дар бозори “Панҷшанбе”  ва як маротиба дар МД “Боғи Камоли Хуҷандӣ” бо иштироки намояндагони НБО “Роғун”, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гузаронида шуда, бо пешниҳоди  12004 адад ҷойи кории холӣ ярмарка ташкил карда шуда, 260 адад роҳхат пешниҳод карда шуд.

Ҷиҳати паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ бояд қайд намуд, ки дар вақти гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 183 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гашта, 106 нафар ба касбомўзӣ ҷалб карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии баргашта бо шуғл  яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, соли ҳисоботӣ шумораи онҳо 80 нафарро ташкил дода, аз онҳо 7 нафар дар мактабҳои олӣ, 25 нафар бо касбомўзонӣ, 11 нафар бо забономўзӣ, 27 нафар коргарони кироя, 5 нафар бо соҳибкорӣ ва 5 нафар бо қарзи фардӣ фаро гирифта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар якҷоягӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ барои таъмин намудани шаҳрвандон, алалхусус занону духтарон бо кори доимӣ чораҳо амалӣ шуда истодааст.

Баҳри соҳибкасб намудани қишри осебпазир бахусус занону ҷавондухтарон корбарӣ намуда, бо марказҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба монанди КВД “Маркази таълимӣ”, МТИ “Зулфия Баҳриддинова”, Литсейҳои касбии техникӣ, маркази касбомўзонии “Чашмаи Арзана” ТҶ “Оттифа”, ҳамкории ҳамаҷониба бурда, баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ, шаҳрвандони бекор аз ҷумла занону ҷавондухтаронро ба касбомўзонӣ ҷалб намуда истодаанд.

Аз ҷумла, ташкилоти ҷамъиятии “Оттифа” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Умедбахш” бо фаъолияти дўзандагӣ, яъне дўхтани рўйҷо, кўрпаҳо ва дигар маҳсулотҳои дўзандагӣ машғул буда, занону духтарони аз маҳбас озодшуда, оилаҳои камбизоат ва заноне, ки дар тарбияаашон кўдакони ноболиғ доранд, бо ҷойи корӣ таъмин намуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шаҳрвандони бешуғл ва ҳунармандон оиди дастгирии маблағҳои имтиёзнок ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани бекорон чораҳои зарурӣ андешида, ба 47 нафар сокини шаҳр барои пеш бурдани касбаш қарзи фардӣ дода шудааст, ки ба монанди ҳунарҳои мардумӣ, чорводорӣ, челонгарӣ, коркарди чормағзи заминӣ ва дуредгарӣ машғул шуданд.

Бояд қайд намуд, ки давоми марҳилаи ҳисоботӣ аз маълумоти пешакӣ 3112 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуданд.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...