(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ин бораи директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматзода иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Фирдавс Муҳаммадҷонов, хонандаи синфи 11- и муассиса дар олимпиадаи байналмиллалии ISPT - Қазоқистон 2022, ки аз ҷониби Донишгоҳи Қазоқистон ба номи Сулаймон Демирел, баргузор карда шуд, иштирок намуда, ба ба даст овардани бештарин хол мақоми аввалро ишғол намуда, соҳиби Шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 16 ҳазор доллари амрикоӣ ва имкони таҳсили ройгон дар дилхоҳ риштаи донишгоҳи мазкур гардид.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола Донишгоҳи мазкур ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат байни 30 кишвари олам олимпиадаи байналмилалӣ баргузор намуда, ба 12 нафар хонандагон аз тамоми олам Шоҳҷоиза - бурсияи таҳсили ройгон дар Донишгоҳ медиҳад.

Имсол дар олимпиадаи ин Донишгоҳ 90 нафар хонандагони синфи 11 аз Тоҷикистон иштирок намуда, танҳо ба Фирдавс Муҳаммадҷонов муяссар гардид, ки соҳиби Шоҳҷоиза(гранти 100 фоиза)-и олимпиадаи мазкур гардад.

Донишгоҳи Сулаймон Демирели кишвари Қазоқистон бо 21 донишгоҳои бонуфузтарин давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла: Амрико, Англия, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Австралия ҳамкорӣ дошта, донишҷӯён имкон доранд ба ин давлатҳо ба мӯҳлати аз 6 - моҳ то 1- сол сафар намуда, барои омӯзиши илм ва сайқал додани дониш таҷрибаомузӣ намоянд.

Лозим ба таъкид аст, ки Донишгоҳи мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи қораи Осиё шомил буда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳ наздик ба 16 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Фирдавс Муҳаммадҷонов - хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд яке аз аз омилҳои ба ин муваффақияти комил расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар Литсей медонад.

Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмуни Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи Сулайман Демирел ӯ аз ду фан: забони англисӣ ва математика имтихони тестӣ супорида, дар озмун ғолиб гардид.

Фирдавс Муҳаммадҷонов аллакай ихтисоси худро дар Донишгоҳи мазкур интихоб намудааст, ӯ дар риштаи технологияи иттилоотӣ таҳсилашро идома дода, дар давоми донишҷӯияш барои омӯхтани таҷрибаи илмӣ донишгоҳи Амрикоро интихоб намудааст.

Дар воқеъ, омӯзгорони ин боргоҳи таълими дастовардҳои худро дар иртибот ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати донистани забони англисӣ барои мутахассисони соҳаи мамлакат, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.

Лозим ба таъкид аст, ки танҳо дар соли хониши 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Руссия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 493 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Ҳамзамон 32 нафар хатмкунандагони ин боргоҳи таълимӣ соҳиби грантҳои омӯзишӣ дар кишварҳои Швейтсария, Англия, Сингапур, Италия, Олмон, Туркия ва Фаронса гардида, ҳамчунин 12 нафар дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 Донишгоҳҳои бонуфузи Амрикоӣ гардиданд. Лозим ба таъкид аст, ки ба даст овардани бурсияҳо имкон медиҳад, то хонандагон дар беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон ройгон таҳсил намуда, аз фановариҳои муосир баҳравар гарданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...