05 Сентябр 2014
Дар вохӯрӣ бобати дастрасии занони маҳал ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд ва санадҳои ҳуқуқии ба имзорасондаи Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба тасдиқи Барномаҳои давлатии марбут ба занон, ҳунаромӯзии занону духтарон, бахусус ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ дар марказҳои таълимию истеҳсолӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», фарогирии духтарон ба таҳсил баъди хатми синфи 9, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва маърифати либоспӯшӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунии занон ва омилҳои номатлуб аз қабили худкушӣ ва сӯиқасд ба он, никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ,хушунати хонаводагӣ сӯҳбати судманд доир гардид.
Сокинони ба масъулин ва мушоҳидон саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Баргузории чунин вохӯриҳо дар дигар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр идома дорад.