(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи хуруҷи нерӯҳои низомии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилалии воқеъ дар боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт.

Хол Ҳайдар, муовини аввали Раиси вилояти Суғд, Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, мушовири Вазири мудофиаи мамлакат дар вилояти Суғд генерал-майор Аъзам Қосимов, комиссари ҳарбии вилоят, консули Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд, раисони собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд, раисони ташкилотҳои ҷанговарони интернатсионалист, ҷанговарони интернатсионалист, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр бо арзи эҳтиром дар пояи Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал гулчанбар гузоштанд.

Таъкид шуд, ки дар муҳорибаи шадиди ин давлат 14500 нафар аскару афсари шӯравӣ қурбон шуд, зиёда аз 50000 нафар маҷрӯҳ гардида, беш аз 300 нафар бе ному нишон гашт. Аз вилояти Суғд низ 3100 нафар қарзи интернатсионалистии худро иҷро кардааст. Шумори қурбониёну маҷрӯҳгаштагон зиёд аст. Аксари ҷанговарону иштирокдорони тоҷик дар он солҳо барои шуҷоатмандиашон бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати Афғонистон қадр шудаанд.

Ва ҳамасола санаи 15 феврал чун Рӯзи хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон ба ҷашни касбии собиқадорони интернатсионалист мубаддал ва рӯзи шаҳидони дар ин ҷанг ҳалокгардида қайд гирифта мешавад.

Зикр гардид, ки насли наврас ва ҷавонон бояд бо дониши дунявӣ мусаллаҳ бошанд. Дар муассисаҳои таълимӣ дарси мудофиаи гражданӣ хуб ба роҳ монда шавад, то онҳо ҳимояи Ватанро омӯзанд. Вазифаи волидайн ва омӯзгорон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзанду шогирд аст. Агар инсон дониши хуб дошта бошад, вай ҳатман ватандӯст ҳам мешавад, агар ватандӯст шуд, албатта, намегузорад, ки душман ба ватану зодгоҳаш хатар эҷод намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳ ҳамеша пойдор бошад. Бигузор, ҷавонони мо калимаи ҷангро фақат аз китобҳо бихонанд. Бошад, ки мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот, оромиву ваҳдат ва озодӣ умр ба сар баранд.

Ба ин муносибат аз тарафи Шӯрои собиқадорони интернатсионалист дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ хонандагон силсилаи мулоқотҳо бо собиқадорони интернатсионалист баргузор шуда истодааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...