(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини шуъбаи маориф, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода аз фаъолияти соҳаи маориф дар соли 2021 натиҷабардорӣ карда шуд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева аз бурду бохти соҳа дар соли 2021 маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 50 адад мактаб, 1 адад Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 литсей, 4 гимназия, 13 мактаби хусусӣ, 1 мактаб - интернати давлатӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, 1 комплекс - кўдакистон мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд. Шумораи хонандагони синфи 1 - 4790 нафар (2242 нафар духтарон) мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 44793 нафар хонандагон (21047 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва 2525 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2215 нафарашон занҳо мебошанд.

Баҳри таҳкими соҳаи маорифи шаҳр бинои иловагӣ дар назди МТМУ №5, кўдакистони №35, кўдакистонҳои хусусии “Меҳросо” барои кўдакони ятим ва нимятим дар маҳаллаи Бофанда ва “Хуршеди истиқлол” дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз, “Мактаби Пулотов” ва “Мактаби Оксфорд” мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Азнавсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ва кўдакистони №18 оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар шаҳр 50 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 33 кўдакистонҳои давлатӣ, 17 кўдакистонҳои хусусии «Дилоро», «Афсона», «Навбаҳор», «Офтобак», «Маркази омўзиш - Академияи бачагона», «Раҳнамо», «Раҳматулло», «Гули Ҳаёт», «Суғдиён», «Ҷаҳони орзу», «Ҳушёрак», «Парвози тобон», «Андалеб», “Хуршеди Истиқлол”, “Меҳросо” ва “Оксфорд” фаъолият менамоянд.

Дар пояи 11 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3,10,11,12,15,17,20,25,26,27 ва МТҒ “Паймон” дар Марказҳои инкишофи кўдакон 210 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд.

Дар ин давра 17 адад кўдакистони хусусӣ бо саҳмгузории соҳибкорон сохта, ба истифода дода шудаанд,ки ин барои таҳкими муаммоҳои томактабӣ заминаи ояндабинона мегузорад.

Ҳамагӣ дар 50 муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 10175 нафар кўдакон фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо, дар кўдакистонҳои давлатӣ 7974 нафар тарбиятгиранда, дар кўдакистонҳои хусусӣ 874 нафар кўдакон тарбия мегиранд.

Дар Марказҳои инкишофи кўдакон 210 нафар ва дар кўдакистони Президентӣ 1165 нафар кўдакон таълиму тарбия мегиранд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳр 19679 нафар кўдакони синни томактабӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо дар кўдакистонҳои шаҳр 52,0 фоизи кўдакон фаро гирифта шуда, ин нишондиҳанда сол аз сол афзоиш ёфта истодааст. Дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр барои таълиму тарбияи кўдакон 468 нафар мураббиён фаъолият мебаранд.

Муҳайё Акмалхўҷаева афзуд, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурўғи маърифат» 60 адад маҳфилҳои «Ровиёни беҳтарин», «Шеърдўстони беҳтарин», «Техникони наврас», «Математикони ҷавон», «Барномасозон» ва «Табиатдўстони ҷавон» дар муассисаҳои таълимӣ амал намуда истодаанд.

Бо мақсади иҷрои талаботи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкилу баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ғолибони даври шаҳрии озмунҳои мазкур дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 624 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он ба ҳисоби миёна 165%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Вобаста ба муҷаҳҳазгардонии соҳа барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 168 адад компютер ва 42 адад тахтаи электоронӣ харидорӣ карда шудааст. 23 адад муассисаҳои таълимӣ бо китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии вилоятӣ барои синфҳои 5-11 99 нафар ва ҷумҳуриявӣ 90 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ 762 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ барои гирифтани 16 ҷойи ифтихорӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ - 271 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 12 нафар хонандагон бо аттестати аъло ва медали тиллою нуқра муассисаҳои таълимии шаҳрро хатм карданд.

Хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Гимназияи Гёте» барои гирифтани идрорпулии (DAAD) хадамоти мубодилаи омўзгорон ва хонандагоне, ки забони немисиро меомўзанд ва идрорпулии байналмилалии Виадрина Фаст сазовор шуданд.

Дар 13-умин олимпиадаи байналмилалии дониш- 2021 - 18 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба гирифтани 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ ва 11 медали даставии нуқра ва Ҷоми Олимпиадаи байналмилалии Анталия-2021 сазовор гардиданд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 73 нафар гирандагони Стипендияи Президентӣ ва 100 нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр мебошанд.

Сипас, Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми таҳлили соҳа ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалќӣ, сифатнок иҷро намудани талаботи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкилу баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», тарғиби худшиносиу худогоҳӣ байни хонандагону тарбиятгирандагон дастуру супоришҳои мушаххас дод.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...