(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба фасли сард.

Маҷлиси машваратии навбатии Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ин бор бо сарварони мактабҳову кӯдакистонҳо, роҳбарони корхонаву иттиҳодияҳое, ки бо дӯхтани либоси мактабӣ машғул ҳастанд, баргузор шуд.
Нахуст Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва арз дошт, ки рӯзномаи машварат иборат аз муҳокимаи масъалаи омодагии мактабҳо ба давраи истиқболи мактабиён ба соли нави таҳсили 2014-2015-ум ва сатҳи омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронии кулли муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Оид ба ин масъала муовини Раиси шаҳр Умедахон Муродова маълумот дода, зикр сохт, ки бо мақсади иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2014, таҳти №286 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» ва дар асоси ҳамин қарор фармоишҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, раёсати маорифи вилоят ва шӯъбаи маорифи шаҳр, Нақша - чорабинӣ тартиб дода шуда, фаъолияти масъулон дар ин самт пурзӯр карда шудааст.

Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба фасли сард.Ситоди «Зимистони соли 2014-2015-ум» таъсис дода шуд, ки иборат аз 9 нафар мебошад ва раисии Ситодро мудири шӯъба Саидмухтор Ҷалолов бар ӯҳда дорад. Муайян гардид, ки муассисаҳои таълимии шаҳр то ин дам бо 1744 адад гармкунаки барқӣ ва 564 адад печи бухорӣ муҷаҳҳаз буда, дар ҳолати коршоям қарор доранд. Қариб дар ҳамаи 47 мактаб ва 35 кудакистон, дар маҷмуъ 82 муассисаи таълимӣ хати барқи озод кашида шудааст. Синфхонаҳои компютерӣ бо 47 адад генератори таъмини барқ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ҳамзамон барои фаъолияти мунтазами чунин синфхонаҳо 60 литр сӯзишворӣ захира гардидааст. Бояд таъкид кард, ки - афзуд Умедахон Муродова,- ҳоло дар 8 муассисаи таълимӣ – Гимназияи №4, Гёте, Пӯлотов, Литсейи тоҷикию туркӣ ва Литсейи Донишкадаи техникии донишгоҳи политехникӣ, Иршод, №31, 26 буғхонаҳо насб ва дар ҳолати омодабош қарор доранд ва то рӯзҳои наздик боз 10 мактаб - №5, 7, 9, 11, 16, 17, 22, гимназияҳои 1, 13, МХ Файз аз тайёр шудани буғхонаҳо ба давраи зимистони нав мужда хоҳанд дод.
Умедахон Муродова ҳамзамон изҳор дошт, ки тибқи маълумот эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ ба сӯзишворӣ, масалан, ба ангишт 250 тонна, ҳезум 146 м3 ва шишабандӣ 705м2 муайян карда шудааст. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва мактабҳо бо ҶДММ «Тоҷик-Кедр»-и шаҳри Исфара оид ба дастрас намудани 140,1 тонна ангишт шартнома бастааст. Дар айни замон 74 тонна ангишт дастрас ва захира карда шуда, боқимонда рузхои наздик дастрас хоҳад гашт. То ҳол 105,8 тонна ангишт, 105 метри кубӣ ҳезум захира шуда, 615 м2 тирезаҳо шишабандӣ карда шудааст.
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки - арз кард муовини раиси шаҳр Умедахон Муродова, - бо либоси ягона таъмин намудани толибилмони мактабҳо, вазифаи асосии масъулон ба шумор меравад. Имрӯзҳо корхона ва иттиҳодияҳои Наврӯз, Наргис, Зинат, Ороста, 20-солагии Истиқлолият, Технопарк, Сабрина, Бунафша, Ганҷи олам, Аленка ва чеварони хонагӣ наздик ба 4356 нафар либоси мактабӣ бо нархҳои аз 85 сомонӣ то 300 сомонӣ дӯхта доданд ва  духту дӯз ҳоло идома дорад, зеро имсол ба мактаб 24680 нафар толибилм бо таҳсил фарогир мешавад.
Дар мактабҳо 340 нафар ятим ва қариб 1000 аз оилаҳои камбизоат таҳсил мекунад.
Бо шунидани ин рақамҳо Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин изҳори сипос намуд ва гуфт, ки ба ятимон ба кудакони оилаҳои камбизоат кумак хоҳем кард. Бояд то давраи оғози таҳсил,супориш дод Раис,- қарзи истифодаи барқ дар муассисаҳои таълимӣ комилан пардохт карда шавад, мактабу кӯдакистонҳо бо хати озоди барқ пурра таъмин гарданд, бомҳо таъмир ва тирезаҳо шишабандӣ карда шуда, рӯзи 10-уми август аз иҷрои ин супоришҳо маълумот дода шавад. Дар як вақт Раиси шаҳр супориш дод, ки  либосҳои мактабӣ бояд тавре дӯхта шаванд, ки ба талаботи миллии мо ҷавобгӯ бошанд, аз матоъҳои истеҳсоли худӣ ба монанди матоъи пахтагини коргоҳи Текстил-Сити ва амсоли он гирифта шаванд. Рӯзи 15-уми август Ярмаркаи либосҳои мактабӣ оғоз мегардад, аз ин рӯ, масъулинро вазифадор кард, ки он дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шавад.
Мақсади асосии мо, - арз намуд дар фарҷоми машварат Раҷаббой Аҳмадзода, - таълиму тарбия ба сатҳи зарурӣ бардошта шавад, обрӯву нуфузи омӯзгор ва мактаб баланд гардад, фарзандони мо дар шароити хубу шоиста таҳсил намоянд, ягон кӯдак аз таваҷҷӯҳ дар канор намонад, ҷиноятсодиркунии ноболиғон коҳиш ёбад, ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил нашаванд ва ба шарофати кордониву роҳнамоии шумо омӯзгорон, шогирдони мактабҳои шаҳр дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур шуда, ба халқу ватани маҳбуб хидматҳои шоёни таҳсин намоянд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...