(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баҳри муҳайё намудани ҳаёти шоиста ва зиндагии арзанда, масъалаҳои ташаккули минбаъдаи низоми ба талаботи замона ҷавобгў, таъмини нафақаи аҳолӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоат ва таъсис додани ҷойҳои корӣ дар таваҷҷўҳи ҳамарўза қарор дошта, дар ин самт чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Дар давоми соли 2020 ба Агентии шуғли аҳолии шаҳр 4612 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 6 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 1924 нафар аҳолии бешуғли қобили меҳнат мебошанд, ки миқдори онҳо нисбат ба ҳамин давраи  сипаригашта 396 нафар зиёд шудааст.

Аз шумораи умумии ба қайд гирифташудагон, 1932 нафар бекорон дар соҳаҳои гуногун бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шуданд, ки аз онҳо 1234 нафар занон ва 1141 нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда 113,6 фоизи нақшаи дар барномаи соҳа пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ба 802 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шуд, ки 508 нафарашон занон, 586 нафар ҷавонон мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки шумораи шаҳрвандони мақоми бекорӣ додашуда, нисбат ба ҳамин давраи  сипаригашта 507 нафар кам шудааст.

Дар самти касбомўзӣ ва бозомўзии шаҳрвандони ҷойи кор надошта 300 нафар ба курсҳои кўтоҳмуддати корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” аз рўи 13 ихтисос ҷалб карда шуданд.

Инчунин тариқи худмаблағгузорӣ 917 нафар, аз онҳо 562 нафар занон, 315 нафар ҷавонон, 602 нафар калонсолоне, ки ҷойи кор надоштанд, ба курсҳои кўтоҳмуддати корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” барои касбомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Барои фарогирии калонсолон ва гурўҳҳои осебпазир 110 нафар шаҳрвандони бекор, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, тариқи квота бо ҷои корӣ таъмин гардиданд.  Аз ҷумла, 13 нафар шаҳрвандони аз қувваҳои мусаллаҳ баргашта, 7 нафар аз маҳбас озод гардида, 24 нафар волидайни яккаву танҳо ва дар тарбияашон кўдакони ноболиғ ва маъюб дошта, 18 нафар волидони серфарзанд, 33 нафар ҷавонони синни 18 сола баъди хатми курсҳои кўтоҳмуддат, 4 нафар маъюб, 3 нафар ятим, 5 нафар шаҳрвандоне, ки барои аз рўи синну сол ба нафақа баромаданашон 2 сол боқӣ мондааст ва 3 нафар шахсони то синни 18 сола, ки бо сабаби вафоти волидонашон ва ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба ўҳда доранд, бо кор таъмин шуданд.

Тавассути дастгирии бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкорони истеҳсолӣ ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар мусоидат карда шуда, 112 нафар ба касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагӣ ҷалб карда шуданд. Аз рўи соҳаҳои гуногун ба монанди дўзандагӣ, хариду фурўши молҳои саноатӣ, хариду фурўши молҳои занона, мардона ва бачагона, хариду фурўши мева, таъмири телефонҳои мобилӣ, таъмири мошинаҳои сабукрав, устои дару тирезаҳо, таъмири мебелҳо, нонпазӣ, адрасбофӣ, қаннодӣ, пухтани самбўсаҳои миллӣ, ронандагӣ, истеҳ молҳои хўрока, гаҳворасозӣ, заргарӣ ва дигар соҳаҳоро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаҳо собит менамоянд, ки айни ҳол, дар ҳудуди шаҳр 4 адад марказҳои таълимӣ, 3 адад нуқтаҳои омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва тавассути марказҳои таълимӣ 55 нафар ҳунармандон дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, 2430  нафар шогирд тарбия карда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар маҳаллаҳои шаҳр таъсиси ҷойҳои кории холӣ аз ҳисоби ҳунармандон ва гирандагони Грантҳои Раиси вилоят ва шаҳр ба назар расида истодааст.

Бо мақсади кам намудани шиддати бекорӣ дар маркази шаҳр 16 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар рафти ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 228 нафар шаҳрвандони бекор ба шуғл ҷалб карда шуданд, ки аз он 173 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуда, 50 нафар ба касбомўзонӣ ҷалб карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар якҷоягӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ барои таъмин намудани шаҳрвандон, алалхусус занону духтарон бо кори доимӣ чораҳо амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, ташкилоти ҷамъиятии “Оттифа” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Умедбахш” бо фаъолияти дўзандагӣ, яъне дўхтани рўйҷо, кўрпаҳо ва дигар маҳсулотҳои дўзандагӣ машғул буда, занону духтарони аз маҳбас озодшуда, оилаҳои камбизоат ва заноне, ки дар тарбияаашон кўдакони ноболиғ доранд, бо ҷойи корӣ таъмин намуда истодааст. Инчунин ташкилоти ғайридавлатии “Насли нав” аз ҳисоби бекорони дар қайд буда, курсҳои омўзишии пеш бурдани соҳибкориро ташкил намудааст. Айни замон ба 36 нафар занону духтарони маҳаллаҳои шаҳр барои омўзиши касби ошпазӣ ба КВД “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” роҳхат дода шудааст, ки баъди ду моҳ соҳиби касбу ҳунар мегарданд.

11.5.  Пурсиши дар ба дари гузаронидашуда, собит намуд, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи  сипаригашта 290 нафар кам шуда, теъдоди умумии онҳо 4598 нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан ва қўшунҳои наздисарҳадӣ дар давраи ҳисоботӣ шумораи шаҳрвандони сафаркарда аз шаҳри Хуҷанд 2582 нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019-ум  5807 нафар кам мебошад.

Дар ин давра 290 нафар муҳоҷирон ба ватан баргаштанд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, аз шумораи умумӣ 12 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуда, 33 нафар ба касбомўзонӣ, 12 нафар бо забономўзӣ, 151 нафар ҳамчун коргари кироя ҷалб карда шуда, 51 нафар бо соҳибкорӣ, 23 нафар бо атласу адрасбофӣ машғул буда, 8 нафар дар қайди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошанд.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи омўзиши касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус, дониши сиёсӣ, забондонӣ ва мусоидат ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар хориҷи кишвар бо муассисаҳои касбӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3186
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5279
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта21879
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта40964
mod_vvisit_counterҲамин моҳ131121
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта140876
mod_vvisit_counterҲамагӣ4520232