(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЧаро ин ҷашнро Сада мегўянд?

Мардуми ориёӣ ва аз ҷумла, тоҷикон ҷашну маросимҳои фаровони таърихӣ доранд, ки ҳар кадоме дорои анъана ва урфу одатҳои ба худ хос мебошанд. Дар баробари ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон, Баҳманҷана, Шаби Ялдо Сада низ яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёӣ ба шумор меравад.

Дар замонҳои қадим дар ҳисоб рўз ва шабро алоҳида мешумориданд. Аслан, Сада панҷоҳрўз пеш аз Наврўз қайд карда мешавад. Панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рўз ҳамагӣ сад мешавад, яъне садаи пеш аз Наврўз.

Мутобиқи тақвими қадимаи ориёӣ Сада санаи 10-уми моҳи Баҳман қайд мегардад, ки он ба санаҳои 30 ва ё 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон идҳои миллии мо эҳё мегардад. Барои эҳёи Меҳргон ва Сада низ дастурҳои мушаххаси Президенти Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ки хеле судманду саривақтӣ мебошанд.

Сада бо ривояти Фирдавсӣ

Абулқосим Фирдавсӣ пайдо шудани иди Садаро ба замони ҳукмронии Ҳушанг марбут медонад. Бино бар маълумоти «Шоҳнома» боре Ҳушанг мори калонеро сур мекунад ва мехоҳад, ки онро бо санг зада бикушад. Сангеро гирифта ба ҷониби мор ҳаво медиҳад, аммо мор худро ба тарафи дигар мебарад. Санги ҳаводода ба санги дигаре рафта мезанадва аз он оташ меҷаҳад. Яъне Сада ба ривояти «Шоҳнома» рўзи ихтирои оташ аст. Аз ҳамин сабаб дар гузашта зардуштиён ба ин ид эҳтироми фаровонеро қоил буданд. Ин ид аз ҷониби пайравони оини зардуштӣ бо шукўҳу шаҳомати беандоза ҷашн гирифта мешуд.

Сада дар асрҳои миёна

Иди Сада баъди он ки ислом дар ҳудуди Эрону Мовароуннаҳр доман паҳн кард, аз байн нарафт. Онро мардум дар фасли сармо ба хушнудӣ таҷлил мекарданд.

Мусалламан, иди Сада дар рўзгориСомониён ҳам қайд карда мешуд. Гоҳо номи ин идро ба арабӣ «сазақ» ҳам гуфтаанд ва муаллифони арабизабон ҳам доир ба ин ҷашни куҳан ишораҳо доранд. Ин ид дар руҳияи мардуми ориёӣ ҷой гирифта буд.

Дар замони Ғазнавиён бошад, ин иди бостонӣ бо шукўҳу шаҳомати шоҳона дар дарбор ва дар байни мардум таҷлил мегашт. Дар осори шуарои аҳди Ғазнавӣ – Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Унсурӣ ва дигарон қасида, мусаммат ва ғазалҳоеро фаровон дучор гаштан мумкин аст, ки дар он шоҳони Ғазнавиро бо фарорасии «Садаи фаррухфол» мубоакбод мегўянд. Шоҳон дар навбати худ ҷашни мулукона меоростанд.

Дар тўли асрҳои миёна Сада ҳамчун сарахбори Наврўзи бузург, ҳамчун Наврўзи хурд ҷашн гирифта мешуд.

Бо гузашти замон гоҳо нуфузи ҷашни Сада поёнтар мефаромад, вале мардуми бедордил онро нигаҳ дошта омаданд ва имрўз бар мост, ки онро бо ҳама назокату таровату фалсафаву ҷаҳонбинияш умри дубораи ҷовидонӣ бубахшем.

Таомулҳои ҷашни

Сада Фарҳанги Ғарб аз тамаддуни ориёӣ бисёр урфу одатҳоро ба худ гирифтааст, ки онҳоро шумор кардан номумкин аст. Аксари онҳо моли худи мо буд ва имрўз мутаассифона, мардуми мо онро зоидаи зеҳну хаёли аврупоиён медонанд.

Дар гузашта дар ҷашни Сада мардум ба шохи дарахтоне, ки бебарг буданд, бо нияти соли нави омадаистода, яъне баҳору Наврўзи дарпешбуда серҳосил гардад, ба шохаҳои бебарги дарахт себ, анор, биҳӣ, шалғам, сабзӣ ва монанди инҳоро овезон мекарданд. Ҳамон дарахтеро, ки ба шохаҳояш ин меваву сабзавотро мебастанд, «сада» мегуфтанд. Имрўзҳо ҳам он таомули қадимаи иди Сада ба фарҳанги Ғарб ва дини насронӣ ворид гаштааст. Дар шабу рўзи соли нави мелодӣ арчаи идона оро дода мешавад. Ба шохаҳои он ҳар гуна бозичаҳо овезон мекунанд ва аксар вақт он бозичаҳо намуди мева ва сабзавотро доранд! Пас, оро додани арчаи солинавӣ намуди ғарбишудаи ҷашни Садаи ниёгони мо аст.

Дар иди Сада оташ фурўзон мекарданд, инро дар таомули оташ гиронидани шамъ дар дини насронӣ метавонем, ки ба назар гирем.

Тасаввур кунед, ки шумо дар асрҳои миёна қарор доред. Барои тафреҳ оинаи нилгун, интернет, магнитофон ва радио надоред. Шумо ҷавонед, дар берун сармои зимистон аст, аммо мехоҳед, ки бо дўстонатон бозию нишот кунед. Бо назардошти ҳамин талабот шояд, дар гузашта ҳангоми гузаронидани Сада гулхан мегирониданд. Шаби дарози фасли зимистон дар гирди гулхан ҷамъ нишаста суруд мехонданд, суҳбатҳо мекарданд. Дар ҷое ки ҷавонон ҳастанд, беқарорӣ ва ҳисси худро намоиш додан ҳам ба ҷўш меояд. Одати аз болои гулхан ҷаҳидан дар ҷашни Сада яке аз шуғлҳои писандидаи мардум буд.

Дар ҷашн сурудхонӣ рақсу бозӣ дар атрофии гулхан ба назар мерасид.

Сада ва одатҳои деҳқонӣ

Ҷашни Сада ба монанди Наврўзу Меҳргон рабту робитаи қавӣ бо киштукор ва деҳқонӣ дорад. Агар дар Наврўз деҳқонон донаи умедро ба замин кишт кунанд, пас дар Сада тухмиҳоро омода мекарданд. Деҳқони ботаҷриба халтачаҳои тухмиро гирифта онро ҷо ба ҷо мекард. Дар шабҳои зимистон гирди сандалӣ нишаста деҳқонон машварати кишти навро мекарданд.

Дар зимистон яхобмонӣ ва порукашонӣ ба заминҳои кишт сурат мегирифт. Поруҳоро бо сабадҳо ба майдон мекашониданд. Кашонандагони сабади поруро «каннос» мегуфтанд.

Бо иборае Сада як ишорат ба деҳқонон буд, ки омода бошанд, Наврўзу мавсими кишт дар пеш аст, ғафлат наварзанд, ба киштукори баҳорӣ омода гарданд.

Сада эҳё мегардад

Ифтихори мардуми мост, ки Наврўз ҷаҳонӣ гардидааст. Садаву Меҳргону Тиргону Баҳманҷана идҳое ҳастанд, ки бо ҳамдигар мисли ҳалқаҳои занҷир пайвастагӣ доранд. Якеро бе дигаре тасаввур кардан нашояд.

Дар ҷашни Сада имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Ярмаркаи фурўши тухмиҳо ва ниҳолҳо гузаронида мешаванд, ки ин бешак эҳёи суннатҳои бостонии ҷашни Сада мебошад. Ба қавлишоир:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

ЗиАфредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Гоҳо сару садоҳое баланд мешаванд, ки гўиё Наврўзу Садаву Меҳргон идҳои маҷусиёну оташпарастон аст ва ба мусулмониву ислом ҳеч рабте надорад. Аз ин гуна кўтаҳназарон пурсиданиям, ки агар ин ҷашн бар зарари мусулмонӣ мебуд, чаро онро дар дарбори шоҳони Ғазнавӣ, ки подшоҳонаш унвони «ғозии ислом»-ро доштанд бошаҳомати афзун қайд мекарданд? Уламои номдор ба муносибати фарорасии ин ё он ид асарҳо ва аз ҷумла, асарҳои динӣ таълиф намуда ҳамчун идона ба шоҳон пешниҳод мекарданд? Гап дар дин нест, балки дар ифтихор аз урфу одат ва таомулҳои миллӣ аст.

Дар замони шўравӣ ҳатто Наврўз ба таври расмӣ ҷашн гирифта намешуд. Имрўз идҳои дигари бостонӣ таҷлил мегардад, ба асли маънавии худ восил мегардем, ки ба ин шукрона бояд кард.

Ислом Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...