21 Декабр 2020
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 кило маҳсулоти хӯрока, ширинӣ,шустушӯйии пастсифат ва муҳлаташ гузаштаю ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯй набуда, баъди хулосаҳои судӣ санад карда шуда, баҳри маҳв намудан ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.
Бояд қайд намуд, ки ин маҳсулот дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва гузаронидани мониторинг дарёфт ва аз ҷониби соҳибкорон ва ширкатҳо ихтиёран ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидеологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади маҳвнамоӣ супорида шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 2000 киллограмм маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира карда шуданд.
Ин ҳама маҳсулоти пастсифатро баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳои лозимӣ дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намуданд.
Ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандагон бояд саломатии миллатро, ки онро боигарии асосии давлат меноманд, аз ҳар гуна манфиат болотар донанд ва аз ворид намудани чунин маводи пастсифат ва фурӯши он худдорӣ намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд