(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супориш ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили чанде аз собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хуҷанд рафта, эшонро аёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳо тақдим намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо собиқадори меҳнат, сокини маҳаллаи Сайҳуни шаҳри Хуҷанд Норӣ Собирова таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат зери таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.

Бояд гуфт, ки Норӣ Собирова 82 сол дошта, тӯли беш аз 40 сол дар соҳаи истеҳсолот ҳамчун таъминотчӣ кор кардааст. Номбурда барои чунин таваҷҷӯҳу ғамхорӣ пеш аз ҳама миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баён намуд.

Мукаррамхон Бузрукова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд аз зумраи дигар нафари аёдатшуда дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ аз хизматҳои Мукаррамхон Бузрукова ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти ҷомеа бахусус таълиму тарбияи насли наврас назаррас арзёбӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки Мукаррамхон Бузрукова соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Номбурда тӯли зиёда аз 50 сол дар соҳаҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ кору фаъолият намуда, имрӯз низ яке аз занони пешқадам ва пешбарандаи сиёсати Давлату Ҳукумат мебошад. Мукаррамхон Бузрукова низ бо қаноатмандии зиёд барои чунин таваҷҷӯҳ ва эҳтироми хоса чиҳати зоҳир намудани ғамхори нисбат ба пирону барҷомондагон, собиқадорони меҳнат ва дигар қишрҳои ҷомеа ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ намуд. Илова карда шуд, ки воқеан кишвари азизамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо кушишҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба як мамлакати ободу озод табдил ёфт ва Парчами давлатӣ дар фазои сулҳу субот парафшонӣ дорад. Яъне бол кушодани Парчами давлатӣ ин саодатмандиву шодмонии мардум ва ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар аст.

Инчунин дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат, сокини дигари шаҳри Хуҷанд Нарзулло Ёқубовро мавриди таваҷҷӯҳу ғамхорӣ қарор дод. Нарзулло Ёқубов соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, тӯлӣ зиёда аз 40 соли ҳаёти худро баҳри рушди соҳаи саноат пеш аз ҳама дӯзандагӣ бахшидааст. Номбурда аз ҷумла дар фабрикаи дӯзандагии рақами дуюми шаҳри Хуҷанд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кору фаъолият намудааст. Айни замон ӯ соҳиби 4 нафар фарзанд ва набераю абера мебошад.

Нарзулло Ёқубов низ барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорӣ намуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳамаи аёдатшудагон, ки баҳри пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаанд, аз номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тани сиҳат, умри бардавом ва саодати рӯзгорро таманно кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...