02 Ноябр 2020
Ҷиҳати таъмини иҷрои иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани «Соли 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 феврали соли 2020, №92, қарори Раиси шаҳр аз 26 июни соли 2020, №260 «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрӣ дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» дар муассисаи давлатии «Кохи фарҳангии Суғдиён» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, мудирони шуъбаю бахшҳо ва ҳунармандон озмуни шаҳрии «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» баргузор гардид.
Дар озмун иштирокчиён маҳсулоти дастии худро аз намуди армуғонҳо, кордҳо, маҳсулоти мўҳрабофӣ, қолинбофӣ, ва рассомӣ ба намоиш гузоштанд.Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ, барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳайати ҳакамон натиҷаи озмунро ҷамъбаст намуда, ҷои якум ба Матлуба Ниёзова ҷои дуюм Мавҷуда Ҳакимова ва ҷои сеюм ба Мақсудҷон Бобоев дода шуда бо дипломҳои дараҷаҳои 1,2,3 ва мукофот пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд