03 Октябр 2020
Барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб, тайёр кардани кадрҳои илмии педагогӣ, таблиғи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, анҷоми корҳои босамари таълимӣ-тарбиявӣ сарвари муассисаи ғайридавлатии "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд , Аълочии маорифи Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бо унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» сарфароз гардонида шуданд.
Имруз дар маҷлиси тантанавии бахшида ба Рӯзи омӯзгорон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Матлуба Муинова унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Муборак шавад!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд