(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Амфитеатри Боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Сармутахассиси Раёсати тандурустии вилоят Аҳрор Акбаров номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода табибони ҳозиқро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Рўзи касбии кормандони тиб ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, ки воқеан ба зодрўзи асосгузори тибби ҷаҳонӣ, алломаи бузурги беназири Машриқзамин Абўалӣ ибни Сино рост омада, нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рўз баҳри ҳифзи тандурустии мардум заҳмат мекашанд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрўз ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ бо тақозои касбу вазифа масъулияти худро дар хусуси он, ки бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - саломатӣ сарвати бебаҳосту сиҳатии ҷомеа солимии миллат аст, нағз дарк мекунанд.

Таъкид шуд, ки миллати тоҷик абармардоне чун Сино, Форобию, Рўдакӣ ва дигар бузургонро дорад. Абуали ибни Сино дар замонаш барои табобати душвортарин бемориҳо даст ёфтааст ва роҳи ҳалли муаммоҳои сарбастаро пайдо кардааст, ки минбаъд кору пайкораш, натиҷаи амалҳояш барои тибби ҷаҳон чун дастур кор бурда мешавад. Пизишкон дар замони бемории ҳамагири коронавирус бори дигар исбот карданд, ки дар касби худ содиқанду воқеан ворисони арзандаи Сино мебошанд. Дар давраҳои мушкилтарин дар паҳлўи беморон қарор гирифта, тавонистанд ҷони ҳазорҳо нафарро аз марг наҷот диҳанд. Бо соҳибтаҷрибагӣ, донишу фаҳмиш ва усулҳои вижа ҷони хешро ба хатар гузоштанд ва барои ҷони беморонро наҷот додан сипар буданд. Эҳсос мешуд, ки тамоми амалҳояшон бо эҳсоси баланди ватандўстию инсондўстӣ анҷом дода мешуд. Дарк карда мешуд, ки гўё волидайн, додар ё хоҳари худро аз ин вабо наҷот медиҳанд. Дар ин маврид метавон пизишкон, табибонро аскару афсар номид. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин бемории сироятии пандемияи коронавирус Ковид-19 тамоми тадбирҳои зарурӣ сари вақт андешида шуда истодааст. Аз ин хотир давлату ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, таъмини шароити моддию маънавии коркунони тиб назари неку ояндабинона доранд ва ба рушди соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад. Мусаллам аст, ки фаъолияти самаранок ва ҳадафмандонаи ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тиббии кишвар бидуни фароҳам овардани заминаи мусоиди моддиву техникӣ ғайриимкон аст. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дода, шароити инфрасохтори соҳаро ба талаботи замон мутобиқ гардонида истодааст. Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ, дастрасии кўмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар беҳтар гашта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муҷаҳҳазгардонии таҷҳизоти муосири техникии тиббӣ бештар гашта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Илова бар ин, сол аз сол ҳаҷми солонаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр дар доираи Барномаи дарозмуддати рушди соҳаи тандурустӣ зиёд гашта, дар давоми даҳ соли охир маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр - 6,2 маротиба афзуда, он аз 7,8 млн. сомонии соли 2009 то ба 48,7 млн. сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд. Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 16 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 1 таваллудхона, 3 беморхона, 6 марказҳои саломатӣ, стансияи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи стоматологии бачагона, маркази мубориза бар зидди бемории сил, муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак”, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 2236 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа доранд. Аз шумораи умумии табибон бо дараҷаи олӣ 299 нафар, дараҷаи якум 57 нафар ва дараҷаи дуюм 19 нафар буда, 41 нафар бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони Номзади илмҳои тиб, 6 нафар бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар дорандаи Медали “Шафқат” ва 3 нафар проффессор фаъолият доранд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошад.

Шаҳрдор вобаста ба нақша-чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки дар соҳаи тандурустӣ дар маҷмўъ сохтмон ва таъмиру азнавсозии 10 адад муассисаҳои тандурустӣ ва марказҳои табобатию ташхисӣ ба нақша гирифта шуда, қисме аз онҳо аллакай ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ ифтитоҳи бинои 4-ошёнаи Маркази ташхисию табобатии соҳибкор Хайрӣ Ваҳобова барои 15-кат ва бо 20 ҷойи корӣ дар кўчаи 30-солагии Ғалабаи маҳаллаи Навбаҳор бевосита бо иштироки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон сохтмони бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд барои 200 кат дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев дар шаҳри Хуҷанд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, рўзҳои наздик мавриди ифтитоҳ қарор дода хоҳад шуд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ намудани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, пешгирии интишори бемориҳои сироятӣ ва мустаҳкам гардонидани саломатии аҳолӣ кўшиш ба харҷ дода, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 80 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ туҳфа ба сипосномаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...