(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки фаъолзанон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар тахти унвони «Бузургии занон дар Ваҳдат аст» баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки таърихи халқияту миллатҳои ҷаҳон санаҳои муҳим ва ҳаводисеро медонад, ки аҳамият ва арзиши онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳои ин ё он миллат баландтар мегардад.Чунин санаи барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Воқеан, 27 июни соли 1997 рӯзи муборакест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофарин ва ощози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст. Ба тасвиб расидани ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин барои мо тоҷикистониён сулҳи бунёдкорро армущон оварда, барои вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ такони бузург бахшид.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани якчанд барномаҳои дарозмуддати давлатӣ дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқи баробарии марду зан ва дар сатҳи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудани барномаҳои мазкур, ин худ гувоҳи эътибори махсус зоҳир намудан ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, таҳти №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, № 269 “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020” ба занони фаъоли кишвар имконият фароҳам овард, ки сафи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзояд. Ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расонидааст.

Зикр гардид, ки маҳз, бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Давоми 23 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Модар – Ватан ва таъмини некӯаҳволию осоиш камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту раҳнамоии меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд.Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маданӣ ноил гардад. Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат аз сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ сухан мегӯянд. Дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар бо шукргузорӣ ҳарф мезананд, ки Ватанро ободу мардумонашро шод гардонд, нақбу пулҳои замонавӣ, неругоҳҳои барқӣ - обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохт. Ин ҳама хушиҳо самараи ҳамон Созишномаи сулҳест, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд ва ҳамасола бо як дилгармии беандоза ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки шаҳри Хуҷанд дар муддати 23 соли Ваҳдати миллӣ ободу зебо гардида истодааст.

Сипас, дар ҷараёни мизи мудаввар сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, намояндаи ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд Мавҷуда Мирпочоева, устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Зеварой Бобоева, шоира Гулноз Тоҳириён ва дигарон баромад намуда, доир ба аҳамият ва ҳикмати Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки зимни руҷўъ кардан ба таърихи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, хидмат ва нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ, фаъол намудани ҷунбиши пуриқтидори халқӣ, монанди ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зикр кардан айни матлаб буда, он ҷоннисориву ҷонбозиҳои Пешвои миллатро метавон чун қутбнамои фаъолияти мардуми тоҷик эътироф кард. Истиқлолияти Тоҷикистон агар заминаҳои озодӣ, бунёдкорӣ, пешравӣ ва такомули ҷомеаро эҷод карда бошад, Ваҳдати миллӣ дар амалӣ шудани ин ниятҳо умеди тоза ато кард ва Тоҷикистон имрўз ба як кишвари сарсабзу хуррам мубаддал гардид. Истиқлолият ва ваҳдат дар баробари дигар ҷабҳаҳои ҳаёти мардум дар инкишофи тафаккури таърихӣ, хештаншиносӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ таъсири бузурге гузошт. Дар давоми 29 соли Истиқлолият ва 23 соли ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию руҳонии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рўи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро музайян менамоянд. Дар ин ҷода таҷлили ҷашнҳои 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 500- солаги Камоли Хуҷанди 5500- солагии Саразми бостонӣ таҷлили ҳар яке аз ҷашнҳо ҳадафи маърифати беҳтару хубтари таърих, эҳёи анъанаву арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бад-ин васила таҳкими раванди худшиносии милливу таърихӣ ва ободу маъмур намудани диёрамонро дар пай дошт.

Мизи мудаввар бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ тахти унвони «Бузургии занон дар Ваҳдат аст» бо суолу ҷавоб ва андешаҳои созанда анҷом ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2082
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4071
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6153
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17391
mod_vvisit_counterҲамин моҳ42558
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110370
mod_vvisit_counterҲамагӣ3354667