(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум оғоз гардид.

Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум дар баробари вакилони шаҳрӣ, ҳамчунин дар кори он роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои тиббӣ, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд. Дар иҷлосияи мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ низ ширкат дорад.

Сипас, Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия, яъне «Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 августи соли 2010, № 368 “Дар бораи татбиқи барномаи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода аз ҷумла таъкид дошт, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳими самти иҷтимоӣ аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар шаҳр 16 муассисаҳои тиббӣ: аз ҷумла, беморхонаи клиникии шаҳрии №1, беморхонаи шаҳрии №2, беморхонаи бемориҳои сироятӣ, таваллудхонаи шаҳрӣ, 6 марказҳои саломатии шаҳрӣ, дармонгоҳи стоматологии бачагона, маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, стансияи ёрии таъҷилӣ, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил ва ғайраҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Баҳри татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» дар шаҳри Хуҷанд” нақша-чорабинӣ таҳия гардида, аз рӯйи он фаъолият ба роҳ монда шудааст. Сол аз сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақвият ёфта истодааст, зеро агар соли 2019 маблағгузорӣ ба соҳа 48 миллион сомониро ташкил диҳад, соли равон беш аз 51 миллион сомониро фаро гирифт. Ҳамчунин барои бозомўзии кадрҳои тиббӣ, тарбияи ахлоқию ҷинсии ҷавонон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим тадбирҳои судманд андешида шуд. Дар ин самт барои беҳтар гардонидани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, хусусан занон, оид ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ, таваллуди бехавф, пешгирии таваллуд дар шароити хона ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти онҳо дар қабули қарорҳо, пешгирии сироятёбии ВНМО ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мунтазам чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Дар музокираи масъалаи мазкур вакилони шаҳрӣ: Адиба Мамадова ва Ҳабибулло Муҳиддинов изҳори андешаронӣ намуданд.

Сипас, вакилони шаҳрӣ масоили марбут ба муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳр барои семоҳаи дуюми соли 2020, ба фурўш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, онро тасдиқ намуданд.

Аюб Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба масъалаи дигари рӯзнома “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд” баромад намуда, 11 иншооти навро барои тасдиқ муаррифӣ намуд.

Аз рӯйи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ Дилафрӯз Саидӣ, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, фикру андешаҳои хешро доир ба такмили нақшаҳои муфассали тархрезишудаи шаҳр баён доштанд. Қарор карда шуд, ки масъалаи мазкур баъди такмил барои баррасӣ ба иҷлосияи навбатӣ гузаронида шавад.

Сипас вакилони шаҳрӣ як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ба мансаби мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин намудани Нигина Ўлмасова, дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Маҷмааи маърифатӣ-фарҳангии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ» ва ғайраҳоро мавриди барасӣ қарор дода, сипас тасдиқ намуданд.

Дар ҷараёни кори иҷлосия Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар шароити ҳассоси вазъи имрӯзаи сайёра, мардуми шарафманди шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилоят аз имтиҳони вазнину сангин гузашт. Ва марҳила ба марҳила ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаем. Маҳз матонат, шуҷоат, истодагарӣ ва садоқат ба касби худ буд, ки табибони мо касбияти баланд нишон дода, бо бемории сироятии нави короновирус муборизаи беамон бурда, ба паст шудани шиддати сироятёбӣ комёб шуданд. Дар оянда низ мо бояд дар якҷоягӣ баҳри ояндаи дурахшони кишвари маҳбубамон азму кӯшиш намоем.

Раиси иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба кори иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро барои пешрафти давлати соҳибихтиёри худ ва ба қатори кишварҳои пешрафта ва мутамаддини дунё расонидани Тоҷикистони азизамон таъмин намоем.

Маъруф Муҳаммадзода бо истифода аз ҳузури роҳбарон ва масъулини соҳаи тандурустӣ, вакилони халқ таваҷҷуҳи эшонро ба вазъи имрӯзаи мубориза алайҳи пешгирӣ ва паҳншавии пандемияи короновирус дар шаҳри Хуҷанд ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳз ташаббуси дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон кардани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» манфиатовар будани худро дар шароити иҷбории гўшанишинӣ ва карантини нарм бори дигар собит намуд. Дар муқоиса ба дигар кишварҳои минтақа муқаррароти карантини нарм соддаву қулай барои мардум буд. Хушбахтона мо марҳилаи хеле ҳассоси пандемияро аз сар гузаронидем, вале имтиҳоноти ҷиддӣ моро дар пеш аст. Зеро дар баробари кам шудани ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ва баргаштан ба кору фаъолияти муқаррарӣ аз мо масъулияти тоза ва ҷиддиро тақозо менамояд. Рӯзҳои охир мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки мардум дар самти пешгирӣ аз ин беморӣ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Анбӯҳи зиёди мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар бозорҳо, бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон, риоя нашудани масофа аз омилҳои хатарзои хуруҷи дигарбораи бемории короновирус маънидод мегардад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас, бахусус корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем, зеро он шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст. Мутмаъин ҳастам, ки ояндаи наздик ҳамагон бо бовару эътиқод ба давлату ҳукумат, азми дурусту саъйи комил бо ҳадафҳои рушди устувор ва роҳ надодан ба навмедию рўҳафтодагӣ ба манзили мақсуд мерасем.

Шаҳрдор гуфт, ки мо дар якҷоягӣ барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату Ҳукумат ва маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истодаинтихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму талоши дучанд заҳмат мекашем. Тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайратамонро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқамон сафарбар намуда, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург сазовор пешвоз хоҳем гирифт.

Маъруф Муҳаммадзода вакилони шаҳриро барои анҷом додани амалҳои хайрхоҳонаашон, ки дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳри дастгирии моддию маънавии оилаҳои ниёзманд ва ҳамдардии оилаҳое, ки аз бемории сироятии Соvid-19 зарар анҷом доданд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...