(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳридин Ахмедов рафта, эшонро бо солгарди рӯз милод табрику таҳният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мавсуф баробари таъсисёбии вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) моҳи декабри соли 1970 ба узвияти кумитаи ташкилии вилоят пешбарӣ гардида, ӯро 14 феврали соли 1971 дар Иҷлосияи якуми Шўрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят интихоб карданд ва дар ҳамин вазифа то ба нафақа баромадан, яъне соли 1993 фаъолият бурд. Баҳриддин Ахмедов дар муддати тўлоние, ки дар комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят фаъолият бурданашон барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумўи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳми арзанда гузошт. Маҳз бо заҳмату кўшишҳои Баҳриддин Ахмедов дар ҳайси котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят корҳои омодагию ташкилии Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд гузашт.

Таъкид шуд, ки дар таърихи даврони шўравии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр шахсиятҳои маъруф бо корнамоиҳои меҳнатии худ дар ҷомеа сазовори таҳсину офаринҳо гардиданд. Ҳар халқу миллат бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ дорад. Мо бисёр ифтихор дорем, ки имрўз дар қатори бузургон роҳбари кордону ташкилотчии хуб ва таҷрибадор, марди фидокору ѓамхор ва яке аз пешқадамтарин фаъоли шаҳру вилоят, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, устод ва мураббии садҳо роҳбарон Баҳриддин Ахмедовро ном мегирем. Саҳми ин шахси номвар дар пешрафти маънавиёту иқтисодиёти ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол басо назаррас мебошад. Дар ҳаёти Баҳриддин Ахмедов рўзҳои фаромўшношуданӣ хеле бисёранд ва ҳар яки онҳо ҳолномаашонро бо рангҳои назаррас муҷалло сохтаанд. Баҳриддин Ахмедов ҳанӯз дар замони ҷавониаш дар вазифаҳои дастурдеҳи Кумитаи ҳизби Коммунисти ноҳияи Ашт, котиби ҳизби Комунистии хоҷагии ба номи Тӯйчӣ Эрҷигитов фаъолият намудааст. Соли 1968 муовини раиси комиҷроияи Шўрои депутатҳои ноҳияи Ашт интихоб гардидааст.

Таъкид шуд, ки Ватан хизматҳои хоксоронаи ин абармардро қадр кардааст. Баҳриддин Ахмедов барои хизматҳои шоёнашон бо 2 ордени “Нишони фахрӣ”, 3 медал, Грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олӣ ва Комитети марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, унвони фахрии “Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, бахшида ба 60-солагии ташкили вилояти Ленинобод бо ордени “Дўстӣ” сарфароз гардидааст. Баҳриддин Ахмедов ба туфайли меҳнати шоёну назаррас дар саросари вилоят ҳамчун роҳбари масъулиятшиносу кордон шўҳратёр гардиданд. Баҳриддин Ахмедов ҳамчун ходими ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳибтаҷрибаю соҳибмаърифат, хирадманд, эҷодкор, меҳрубону фидокор дар замири коргарону шогирдон маскан гирифтааст. Имрўзҳо садҳо шогирдони ин шахси наҷиб дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварамон дар вазифаҳои мухталиф кору фаъолият бурда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Сипас, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баро таваҷҷуҳу ғамхориашон ба ашхоси бознишаста расонида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бештар донишу касб омӯхта, баҳри ободии диёри аҷдодии хеш саъю талош варзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...