Хуҷанд: Барандаи Гранти Раиси шаҳр Шафоат Ҳасанова ба марказҳои саломатӣ 50 адад корҷома тақдим кард
15 Май 2020
Имрӯз бо мақсади иҷрои амали хайр, ҷиҳати дастгирӣ ва кўмаки амалӣ ба табибон аз ҷониби ҳунарманди боҳиммат, гирандаи гранти Раиси шаҳри Хуҷанд Шафоат Ҳасанова ба марказҳои саломатии ҳудуди шаҳр 50 маҷмўъ корҷомаҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.
Воқеан ҳам занону модарон бо дарки масъулияти баланду таҳаммулпазирӣ, аз ҳарвақта пештару бештар аз пайи беҳдошти оила ва ҷомеа шуда, ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенӣ, покизагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист ва муҳити атрофи он саҳме барои рафъи сохтани ин беморӣ гузошта, ҳамзамон амалҳои хайр анҷом дода истодаанд.
Ҳамарӯза аз ҷониби масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус «COVID-19» дар шаҳри Хуҷанд, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Ситоди шаҳрӣ, корҳои фарҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кўдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кўча набаромадани калонсолон тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки Шафоат Ҳасанова ҳанӯз соли 2019 барандаи гранти Раиси шаҳри Хуҷанд шуда, барои пешбурди фаъолияти кории худ аз ҷониби шаҳрдор бо 8000 сомонӣ маблағ сарфароз гардида шуда буд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд