15 Май 2014
Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 05 майи соли 2014 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳи касбӣ, донишҷуёни коллеҷу мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд дар солҳои хониши 2013-2014» барои довталабон озмун баргузор гардид.
Дар оғоз муовини авали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, раиси комиссияи муқаррар намудани гирандагони стипендияи Раиси шаҳр ҳозиронро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри иштироки фаъолона сипосмандӣ намуда, ба довталабон таманнои ғолибият намуд.Дар он тибқи пешниҳоди муассисаҳои таълимӣ 72 нафар ширкат намуданд.
Мувофиқи Низомнома озмун аз рӯи шартҳои саволу ҷавоби тести, нақли хаттӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷриба гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист,ки барои 50 нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳр давоми соли хониши зикргардида, моҳе 100 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Маросими супоридани стипендия дар рӯзҳои ҷашнгирии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳамсола ин чорабинӣ бо мақсади иҷроиши Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон ва бо мақсади дастгирии ҷавнони лаёқатманд аз ҷониби бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.