(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altЁ худ андешаи олими вирусшиноси тоҷик Мухтор Каримов, ки солҳои 80 –уми асри гузашта, рисолаи илмии худро дармавзуъи “Омода намудан ва омӯзиши ваксинаи коронавирус” ҳимоя намудааст...

Коронавирус, яке аз бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот ба ҳисоб рафта, ин рӯ тамоми мардуми курраи замин ва аз он ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст.

Аз надонистани ин намуди беморӣ, хосиятҳои ин вирус, роҳҳои паҳншавӣ, пешгирии беморӣ, роҳҳо ва намудҳои табобати бемориҳои сабабҳои вирусӣ дошта, дар байни мардум фикру ақидаҳои зиёд, нисбати ин беморӣ пайдо шудаанд, ки ҳатто баъзе аз роҳбарони соҳаи тандурустӣ, дар васоити ахбори омма баромад намуда, бо фикрронии нодурусти паҳншавии ин вирус ақидаҳое доранд, ки гӯё “коронавирус бо маҳсулотҳои ғизоӣ паҳн намегардад ва фақат бо роҳи қатрагии ҳавоӣ паҳн мегашта бошад”. Баръакси ин гуфтаҳо дигар духтурон тавсия дода истодаанд, ки “барои пешгирии бемории коронавирус, бояд маҳсулотҳои ғизоӣ нағзтар пухта шаванд”. Пас мантиқ куҷост?

Баъзеи онҳо тавсия дода истодаанд, ки “мубориза ва табобати коронавирус, ин нӯшидани оби гарм буда, ин вирус ба гармӣ ноустувор мебошад ва дар ҳарорати 25-30 градус С мефавтад, ё худ ҳангоми шуста шудани гулӯ бо ин оби гарм вирус ба меъда меафтад ва бо таъсри кислотаи хлориди меъда мефавтад”. Ҳол он, ки ин вирусро олимони соҳа дар ҳарорати 37-38 дараҷа С парвариш мекунанд ва ин вирус дар дохили ҳуҷайраи эпителии роҳҳои нафас, рӯдаю меъда ҷойгир шуда, инкишоф меёбад, на дар беруни ҳуҷайра ё бофтаи организм. Пас ин тавсия чӣ мантиқ дорад?

Ҳамчун мутахассиси соҳаи вирусология, сироятшинос, ки аввалҳои солҳои 80-м дар собиқ Иттиҳоди Шӯрвӣ аввалин шуда, ду нафар мутахассисони тоҷик Сатторов И.Т.(ҳолло Иззатулло Сатторӣ) ва Каримов М.Ш. бо роҳбарии олимон Коромыслов Г.Ф., Соколова Н.Л., Авилов В.С. ба омӯзиши ин вирус машғул шуда, рисолаҳои худро дар мавзӯъҳои диагностикаи коронавирус (Сатторов И.Т.) ва омода намудан ва омӯзиши ваксинаи коронавирус (Каримов М.Ш.) ҳимоя намуда буданд ва соли 1995 Сатторов И.Т. рисолаи докториро дар мавзӯи “Эпизоотология, ташхис, табобат ва пешгирии энтерити корнавируси гӯсолаҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда буд, тасмим гирифтам, ки аҳолиро бо хосиятҳои ин вирус, ташхис, пешгирӣ, эпизоотия ва эпидемияи ин беморӣ шинос созам.

Сирояти коронавирусӣ – бемории шадидгузарандаи одаму ҳайвонот буда, бо иллатёбии ҳуҷайраҳои эпителии узвҳои нафаскашӣ ва ҳозима зоҳир мегардад.

Аввалин ахборотҳо оиди барангезандаи бемории коронавирус соли 1936 аз тарафи олимони америко дода шуда буд. Аз ин пештар низ коронавирус мавҷуд буд, локин омӯзиши он фақат аз солҳои 30-юми асри ХХ оғоз шудааст. Ҳоло бошад, дар бисёр намуди ҳайвоноту(коронавируси чорвои калон ва майдаи шохдор- ҳамчун диарея, яъне дарунравӣ, дар хукҳо бемории гастроэнтерити трансмиссивии хукҳо, энсефаломиэлити хукҳо ва ғайра, дар паррандаҳо бемории бронхити сироятии паррандаҳо, инчунин дар одамон бемории пневмонияи ғайримуқаррарии барангезандааш коронавирус муқаррар карда шудааст.

Барангезандаи беморӣ. Вируси КРН-дори оилаи Коронавирусҳо, ки ҳаҷмашон 120 нм буда, барҷастагиҳои (шоҳтоҷҳои) то 20 нм доранд. Хусусияти гемагглютинатсиякунонӣ доранд, нисбат ба хлороформ, эфир, гармкунӣ ҳассос мебошад, дар муҳити рН аз 5,0 то 7,0 будан тобовар аст. Кишткунии дарозмуддат ба камшавии заҳрогинии барангезанда меорад.

Коронавируси инсон бо коронавируси ҳайвонот, барангезандагони гепатити мушҳо ва калламушҳо, энсефаломиэлити хукҳо позаҳрҳои умумӣ дорад. Яъне истифодабарии позарҳои ин намуди ҳайвонотҳо барои диагностикаи коронавируси инсон ва маводҳои биологии пешгирикунандаю табобатӣ инкомпазир аст.

Эпизоотия, панзаотия, эпидемия ва пандемия. Вирускашонӣ дар байни тамоми саршумори чорво ба таври васеъ паҳн гардидааст ва инро дар 50-100%-и говҳо ва 20%- гӯсфандон мавҷудияти подтанҳо нисбат ба коронавирус тасдиқ менамояд. Мавҷудияти коронавирус дар чорвоҳои мамлакатамон бо ташхиси зардобаи хун ва зардобаи шир ба мавҷудияти подтанҳо аз тарафи олимони тоҷик тасдиқ карда шудааст. Дар ҷое, ки ташхис ба коронавирус гузаронида шудааст, мавҷуд будани вирускашонӣ муқаррар карда шудааст. Гарчанде, ки одамон низ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, то ба ҳамин рӯз бо гузаронидани ташхисҳо, эпидемия ва пандемияи коронавирус ҳатто ҳамчун вирускашонӣ дар байни одамон хело кам омӯхта шудаанд. Ахборотҳо мавҷуданд, ки даврӣ дар зардобаи хуни одамон мавҷудияти подтанҳо (антитело) нисбат ба коронавирус муқаррар карда мешаванд.

Ҳангоми мавҷуд набудани подтанҳои модарӣ дар сиришти гӯсолаҳо, ки аз шири модар мегиранд, гӯсолаҳо аз синни 10 рӯзагӣ то 8 ҳафтагӣ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Тадқиқотҳои мо нишон додаанд, ки ҳангоми мавҷуд будани подтанҳои модарӣ дар сиришти ҳайвонот, коронавирус метавонад тамоми мавсими сол пайдо шавад, локин он бештар дар давраи зимистону баҳор вомехӯрад.

Манбаи барангезандаи сирояти коронавирус, ин пеш аз ҳама ҳайвон ва одами бемор ва бемориро аз сар гузаронида, ки вирусро бо наҷосат, пешоб ва бо узвҳои нафас қатрагӣ ихроҷ мекунанд, ба ҳисоб меравад. Коронавирусҳо метавонанд сирояти пинҳонӣ(латентӣ)-ро ба вуҷуд биёранд.

Ҳайвон ва одами сариран солим метавонанд интиқолдиҳандаи вирус бошанд ва вирусро дар давоми 3 моҳ ҷудо намоянд. Омилҳои дигари интиқоли коронавирус, ин хӯрока ва маводҳои ғизогии сироятёфта, ашёҳои байнихонагии биноҳо ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Сироятёбии ҳайвонот ва одамон бо роҳи алиментарӣ тавассути хӯрокаи сироятёфта ва об, инчунин бо роҳи ҳавоию қатрагӣ ба амал меояд.

Ҳавои гарми аз 25 дараҷа зиёди офтоб, нурҳои ултрабунафш ва инфрасурх ба коронавирус марговар таъсир мекунад.

Тавлиди беморӣ (патогенез). Коронавирус бо роҳи алиментарӣ ба рӯдаҳо ва ё бо роҳи ҳавоию қатрагӣ ба узвҳои нафаскашӣ меафтад, дар ҳуҷайраҳои эпителияи ворсинка(мӯякча)-ҳои рӯда, ё худ ҳуҷайраҳои эпителияи роҳи нафас (пардаҳои луобии ковокии бинӣ, трахея, шушҳо) инкишоф ва афзоиш меёбад. (Бинобарин, гуфтаҳои тахминии баъзе аз “сироятшиносон”, ки гӯё коронавирус бо нӯшидани оби гарми ҳарорати 25-30 дараҷа дошта коронавирусро мекушта бошад, ё худ бо нӯшидани об гулӯҳо тар шуда, коронавирус ба меъда афтода бо таъсири кислотаи хлориди меъда мефавтида бошад, асоси кофӣ надорад).

Пас аз инкишофи вирус равандҳои минбаъдаи амрозӣ дар системаи узвҳои ҳозима ва нафаскашии сиришти иллатёфта инкишоф меёбанд.

Ҷараёни шадиди бемории коронавирус бо иллатёбии васеъи пардаҳои луобии рӯдаҳо(асосан дар ҳайвонот) ва узвҳои роҳҳои нафас, асосан дар одамон ва паррандаҳо зоҳир мешавад. Ҳангоми иллатёбии рӯдаҳо фишори осмотикӣ дар деворҳои рӯда, алалхусус аз ҳисоби ионҳои натрий вайрон мешавад. Аз ҳисоби шиддатнок воридшавии моеот ба ковокии рӯдаҳо аз сиришти ҳайвонот наҷосати моеъи беист ҷорӣ мешавад, ки он ба раванди беобшавӣ(дегидрадатсия) оварда мерасонад. Ҳангоми шаклҳои мураккабнокгардидаи беморӣ барқароршавии ворсинкаҳо баъди 3-6 рӯз ба амал меояд, ҳайвон сиҳат меёбад, лекин ҳамчун вирускашон боқӣ мемонад.

Ҷараён ва зоҳиршавии сарирӣ. Давраи инкубатсионии беморӣ ё худ давраи номаълуми беморӣ аз 18-24 соат то 14 рӯз ва аз ин ҳам зиёд давом мекунад.

Дар одамони аз коронавирус сироятёфта, ҳангоми ҷараёни шадид ва тӯлкашида (камшиддат, музмин)-и сироят коронавирусӣ илтиҳоби луобпардаи бинӣ, дамкӯтаҳӣ, сулфаи хушки дардноки даврагиро ба қайд мегиранд. Дарди сар ва мушакҳо мушоҳида мешавад. Ин нишонаҳо на ҳама вақт бо баланд шудани ҳарорат мегузаранд. Дар ин асос, бо ин намуди зоҳиршавии саририи беморӣ, ин ҳолатро ҳамчун бемории коронавирус қабул кардан мумкин нест.

Ин рӯз бошад, бе назардошти давраи номаълуми беморӣ (яъне аз ворид шудани вирус ё микроб ба организм, то зоҳиршавии сарирӣ) фақат бо санҷиши ҳарорати бадан, бе ягон ташхиси мукаммали вирусологӣ дар бисёр ҷойҳо шубҳа ба бемории коронавирус доранд ва ҳангоми фавтидани одам ҳамчун аз коронавирус фавтида ҳисобида истодаанд, ки ин тамоман нодуруст буда, бо ин кор сунъи ҳолати эпидемикии давлатро мураккаб сохта истодаанд. Ҳангоми ҷараёни бадсифати беморӣ, ки бо микрофлораи дигар мураккаб гардидааст, ҳолати коматозӣ сар мешавад, фавт ба амал меояд.

Ҳангоми ҷараёни хушсифати беморӣ, сиҳатёбӣ аз ин беъморӣ баъди 1-2 ҳафта дида мешавад.

Талафоти ҷонӣ аз бемории коронавирус на чандон зиёд аст. Фақат бо муқоиса бо бемории зуком гирем, ҳамасола аз бемории зуком садҳо маротиба талафоти ҷонии зиёд дида мешавад.

Ташхис ва ташхиси тафриқӣ. Ташхиси сирояти коронавирусиро ба таври маҷмӯӣ, дар асоси нишондиҳандаҳои эпизиотию эпидемиологӣ, сарирӣ, тағйироти ташреҳию амрозӣ ва натиҷаҳои тадқиқоти озмоишгоҳӣ мегузоранд.

Ҳангоми ташхиси пешакӣ диққати асосиро ба марҳиланокии инкишофи манзараи сарирӣ (одатан аломатҳои рӯдагӣ пеш аз аломатҳои респираторӣ сар мешавад) ва набудани табларзаи маълум равона месозанд.

Барангезандаро аз энтероситҳои рӯдаҳо ва ҳуҷайраҳои эпителияи роҳҳои нафаскашӣ ҷудо менамоянд. Дар ҳайвонҳои бемор шумораи зиёди ҳиссачаҳои вирусӣ бо ахлот берун мешаванд, ки ин имкон медиҳад, усули заррабинии электронӣ истифода карда шавад. Дар одами бемор шумораи зиёди ҳиссачаҳои вирусӣ дар эпителияи роҳҳои нафаскашӣ дида шуда, ҳангоми атса задан ё сулфидани одам бо луобҳои даҳон ва бинӣ ба берун мебарояд, ки манбаи асосии сироятёбии одамон ба ҳисоб меравад.

Маълумнамоӣ (индикатсия)-и коронавирусро боз ба воситаи иммунофлюоресенсияи ахлот, буришҳои хунук (криосрез) ва дар парвардаи сироятёфтаи ҳуҷайраҳо мегузаронанд. Барои тафриқасозӣ (идентификатсия)-и коронавирусҳо аксуламали иммунофлюоресенсия (АИФ), аксуламали пресипитатсияи диффузионӣ (АПД), аксуламали нейтрализатсия (АН), гемагглютинатсия (АГА), усули таҳлили иммуноферментӣ (ТИФ)-ро истифода мебаранд. Саноати биологӣ ташхисвораҳоро барои ташхиси сирояти коронавирус истеҳсол менамояд, ки аз ин бояд истифода бурд.

Исботи нақши этиологӣ доштани коронавирусҳоро дар сироятҳои шадиди рӯдагӣ, респираторӣ ё рӯдагию респираторӣ дар ташхиси ретроспективӣ бо истифодаи зардобҳои ҷуфти хун аз рӯи ошкорнамоии чоркаратаи афзоиши меъёри подтанҳо дар (АГА), АПД ва АН ба амал мебароранд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ин рӯз соҳаи тандурустии вилояти Суғд борои гузаронидани ягон намудҳои ташхисҳои дар боло зикргардидаи коронавирус омода нест.

Дар соҳаи тандурустии вилоятҳо ин рӯз на ягон маводҳои ташхисии коронавирус, аз ҷумла позарҳо(антиген), на мутахассиси вирусшинос мавҷуд аст, ки ин ҳолат ташвишовар мебошад. Маълум мешавад, ки шахсони шубҳа ба коронавирус 14 рӯз дар карантин нигоҳ дошта шаванда, на аз ташхиси саривақта ба коронавирус гузаронида мешаванд ва на табобату пешгирию чорабиниҳои махсус.

Масуният, пешгирии махсус. Баъди бемориро аз сар гузаронидан масунияти қавӣ нисбат ба бемории коронавирус қариб як сол давом мекунад. Масунияти фаллагӣ аҳамияти махсус дорад ва устувории ҳайвонот ва инсонро нисбат ба вирус таъмин менамояд ё вазнинии гузаронидани бемориро кам мекунад.

Барои пешгирии махсуси ҳайвонот зиёда аз 20 сол пеш дар хориҷа ва Иттиҳоди Шӯравӣ ваксинаҳои зинда ва инактиватсияшударо истифода мебаранд. Гӯсолаҳоро ба таври пероралӣ, баъди таваллуд, говҳои ҳомиладорро бошад, ба таври параэнтералӣ, барои пайдо кунонидани масунияти фаллагӣ (колостралӣ) эм мекунанд. Ғайр аз ин, ваксинаи мултивалентии буққагии коронавирусиро барои истифодаи пероралию назалӣ(ба воситаи даҳону бинӣ), ки дар таркибашон вирусҳои навъи 1, 2, 3-ро доранд, истифода мебаранд.

Бинобар сохти якхела доштани коронавируси ҳайвонот ва коронавируси одамон, зарур аст, ки зардоби хуни одамони шубҳа ба гирифтори бемории коронавирус дошта ё вирускашон, бо истифода аз позарҳои(антигенҳои) барои ташхиси чорво истеҳсолшуда, бо усулҳои ташхиси дар боло зикрёфта ташхис гузаронидан имконпазир аст.

Пешгирӣ. Ташхиси саривақтӣ ва пешгирии воридшавии вирус аз ҷойҳои номусоид - асоси чорабиниҳои зиддиэпидемиявию зиддиэпизоотиро ташкил медиҳад. Ҳамаи шахсони аз минтақаҳои номусоид воридшударо фавран дар муддати на кам аз 14 рӯз дар карантин, ҷудо нигоҳ медоранд ва ҳатман бо ин шахсон чорабиниҳои ташхисӣ, пешгирикунанда ва табобатӣ гузаронида шавад.

Ҷойҳои хавфноки сироят безараргардонӣ (дезинфексия) карда мешавад. Воридоти молу маҳсулот аз ҷойҳои номусоид, маън карда мешавад. Истифодаи ниқоб(даҳонбанд), мунтазам шустани дастон бо собун, ҳамарӯза иваз намудани ниқоб ва безарар гардонидани ниқоб дар оби ҷӯш тавсия дода мешавад.

Барои баланд бардоштани масуниятнокӣ (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус аз сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз (чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.

Табобат ва чораҳои мубориза. Барои табобати бемор, зардобаи ифротмасунро истифода бурдан мумкин аст. Ба бемор нӯшонидани шири бо антигемоглютинҳои махсус бойгардонидашуда ва фаллаи говҳои муқобили коронавирус эмкардашуда мувофиқи мақсад мебошад. Ин имкон медиҳад, ки беморшавӣ якчанд маротиба ва дараҷаи фавт паст шавад.

Натиҷаҳои хуби табобатӣ ва пешгирии беморӣ бо истифодаи пробиотикҳои дар асоси бактерияҳои B. Subtilis истеҳсолшуда – сибтилбен, лаксубтил ва пробиотики истеҳсоли Федератсияи Россия – “Ветом” гирифтан мумкин аст. Барои пешгирии сирояти сониявӣ антибиотикҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст. Барои гирифтани самараи хуби мубориза бар сирояти коронавирус бояд ҳатман дезинфексияи аэрозолии биноҳоро дар ҳузури бемор, бо истифодаи кислотаи шир, резорсин, дуоксиди гидроген ва дигар мавод, дар дараҷаҳои ғизлати маъмулӣ гузаронид.

Натиҷаҳои хуб бо истифодаи дезинфексияи аэрозолии ҳазориспанд(исириқ), ки дар таркибаш моддаҳои безараргардонии пурқуввати муқобили вирус ва микробҳо, аз ҷумлаи лизол, кризол ва ғайра гирифтан мумкин аст. Ҳамин тариқ, он ваҳму воҳимае, ки дар байни мардум оиди бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надорад.

Баъди ба давраи баҳор расидан ва баланд шудани ҳарорати ҳаво бо таъсири нурҳои ултрабунафш ва инфрасурх хоҳ нохоҳ ин бемориҳои пайдоиши вирусӣ дошта, худ аз худ аз байн меравад.

Каримов М.Ш.- номзади илмҳои биологӣ,
вирусолог, сироятшинос, сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии
Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Рахматзода А.А. Рахматзода А.А. Заместитель председателя городаРахматзода Аюбджон Алиджон родился 7 августа 1974 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет выс...
Фируза Нуруллозода Фируза Нуруллозода Заместитель председателя города Фируза Нуруллозода родилась 9 февраля 1983 года в городе Худжанде. В 2004 году окончила ХГУ имени академика...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Алимов У. С. Алимов У. С. Алимов Усмон Собирджонович. Родился 20 мая 1958 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1979 году окон...
Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Миркамолов М.Н. Миркамолов М.Н. Миркамолов Мухсин Насруллоевич родился 10 ноября 1959 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1980 окончил Таджикский Государств...
Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Мухаммадзода М.М. Мухаммадзода М.М. Мухаммадзода Муъмин Мухаммад. Родился 15 июня 1958 года в городе Худжанде. В 1981 году окончил Политехнический Институт Таджикистана по спец...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович родился 29 декабря 1976 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1998 ...
Собитова М.А. Собитова М.А. Собитова Мунзифа Ахматовна родилась 14 сентября 1960 года в городе Худжанде. По национальности таджичка, имеет высшее образование, в 1982 го...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев Музаффар Анварович родился 8 августа 1982 года в городе Худжанде. По национальности таджик. Имеет высшее образование. В 2003 го...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи да...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Согласно решению председателя города Худжанда Маъруфа Мухаммадзода от 30 июля текущего года Мухбира Дониёрова назначена заведующим отделом З...
Солизода Рахим Солизода Рахим Солизода Рахим Рашиди решением Председателя города Худжанда с июля 2017 году назначен заведующим сектором транспорта и связи. Солизода Рахи...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Недоступен ни однин перевод.Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зи...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...

Посетители

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3011
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3200
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9360
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта25092
mod_vvisit_counterҲамин моҳ124273
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта117123
mod_vvisit_counterҲамагӣ4372508