(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода чорабинии идонаи аҳли маориф бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронии худ аҳли бонувони соҳаи маорифи шаҳрро бо фарорасии фасли зебои сол - баҳори оламафрӯз ва ҷашни модарон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу намуд.

Шаҳрдор таъкид намуд, ки ҳамасола дар оғози фасли баҳор ва остонаи зеботарин ҷашни аҷдодӣ - Наврўзи дилафрўз доир шудани иди бонувону хоҳарон ифодагари бузургию шаҳомати Зан – Модар мебошад. Маҳз бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8-март дар кишвар ҳамчун Рўзи Модар таҷлил карда мешавад, ки баёнгари сипосу эҳтиром ва ихлоси бепоён ба Зан-Модар маҳсуб меёбад. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Ба оғози эҳёи табиат – фасли рўидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳорӣ ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рўзи Модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад. Чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рў, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дўст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ўро ҳамеша пос медорем”.

Зикр гардид, ки воқеан ҳам Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дўстдорӣ мебошад, зеро ў меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсўзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рўз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ў ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омўзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар Паёми навбатии худ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр доштанд, ки “Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем. Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.

Таъкид шуд, ки қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила мебошад. Асоси ин ҳуҷҷати муҳимро, ки оила дар он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф мегардад, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила ташкил медиҳад. Бо ин мақсад дар низоми таҳсилоти миёнаи умумии кишвар омӯзиши фанни «Маърифати оиладорӣ» - ро ба роҳ монда шудааст, ки омӯзгорон дар доираи он ба хонандагон масъалаҳои ташаккулу таҳкими оиладорӣ, эҳтирому муносибати ҳамдигарӣ ва дар маҷмӯъ, фарҳанги хонаводагиро меомӯзанд. Ба наврасону ҷавонон омӯзонидани муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳое мебошанд, ки ба мустаҳкам шудани оила мусоидат менамоянд. Ва дар ин самт нақши Шумо омӯзгорон бисёр муҳим аст. Барои бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ба навхонадорон зарур аст, ки мазмуну муҳтавои ин қонунҳоро ҷиддӣ аз худ намуда, маърифати оиладории худро ҳарчи бештар баланд бардоранд. Аҳли ҷомеа бояд дар самти баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии вайроншавии оилаҳо чораҳои доимии тарбиявӣ андешанд.

Раиси шаҳр гуфт, ки бо кӯшишу талошҳои муштарак мо метавонем ба ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ кумак расонем ва риояи анъанаҳои миллии оиладориву солимии ҷомеаро таъмин намоем. Саҳми бонувону модарони азизамон, махсусан дар пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар ба назар мерасад. Айни замон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд наздик ба 90 фоизи умумии кормандони соҳаро бонувон ташкил медиҳанд. Ширкати бештари модарону хоҳарон дар таълиму тарбия шаҳодати барҷастаи садоқати Зан-Модар нисбат ба ояндаи дурахшон ба татбиқи рисолати азалии онҳо дар ҷомеа мебошад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соли ҷорӣ дар маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» аз миёни 5 нафар довталабони ин озмун Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии литсейи физикӣ- математикии №1-и шаҳри Хуҷанд бо даст овардани 205 хол Шоҳҷоизаи озмунро ба даст оварда, сазовори унвони баланди «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид. Ин пайки нишотовар дар оғози соли 2020 хеле рамзӣ буда, барои тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла маорифчиёни шаҳр қувваю илҳоми тозаю нав мебахшад. Агар соли гузашта аз миёни маорифчиёни шаҳр ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи сол” баромада бошад, соли ҷорӣ “Омӯзгори соли Тоҷикистон”. Ин аз заҳмати шабонарӯзии ҷомеаи меҳнатии шуъбаи маориф дарак медиҳад. Воқеан ҳам маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду инкишофи соҳаи маориф, дарёфти соҳибистеъдодҳои нав, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам афзалияти бештар дода мешавад. Маҳз чунин ғамхориҳои пайваста аст, ки хонандагону омӯзгорони мо дар озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун ғолибият ба даст меоранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода роҷеъ ба гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳоло тамоми ранҷу заҳмати таълиму тарбияи насли наврас дар ин айёми қувват гирифтани равандҳои номатлуби ҷаҳонишавии ҳаёти инсоният, таҳоҷуми фарҳанги бегонагон ва рўз то рўз шиддат гирифтани рақобати тамаддунҳо ба дўши нозуки модарону бонувон афтидааст, ки онро чун қарзи муқаддаси рисолати худ пазируфтаанд. Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, имрўз ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал ёфтааст. Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд. Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурўҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзандони бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шаванд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад. Дар баробари ин, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан миёни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад. Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Дар анҷоми суханронии худ Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ҳар кадоми шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед. Суруди аввалине, ки ба гўши фарзанд расида, ўро хоби роҳат мебахшад, аллаи рўҳнавози модар аст. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғўши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ўро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бўи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.

Сипас, Маъруф Муҳаммадзода Раиси шаҳри Хуҷанд ба як қатор фаъолони соҳаи маорифи шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Барномаи консертии муҳассилини муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳр ва ситораҳои санъати тоҷик табъи иштирокдорони чорабиниро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...