(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи фарҳанги “Суғдиён» бо ворид намудани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Нахуст, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода афсарон ва сарбозони шуҷоъ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният намуда, барояшон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу намуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар идомаи суханронии худ таъкид дошт, ки воқеан ҳам 23 феврали соли 1993 дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи тозае боз гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Ҳанўз бисту ҳафт сол пеш ба дўши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерўи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рўзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштанд. Бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан, дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд. Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва саркўб намудани ошўбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд. Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Таъкид шуд, ки мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки фазои орому осудаи имрўзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.Ҳоло барои он, ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони имрўза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дўст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем. Аз ин рў, ҳамаи афроди низомӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба ўҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рўз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам баланд бардорем».

Маъруф Муҳаммадзода бо ифтихормандӣ зикр дошт, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ бо сарбаландӣ баромада, давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд ва бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунанд. Чун имрўз, Артиши миллии мо қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Боиси хушнудист, ки таҳти ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон солҳои охир дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки баргузор гаштани Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бедор гаштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастии ҷавонон заминаи воқеӣ гузошта, изҳори боварӣ мекунем, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Сипас, довталабони даври ниҳоии Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» аз қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимии низомӣ бо сурудани сурудҳои ватандӯстона бо ҳам рақобат намуданд. Ҳамин тавр ғолибият мутаносибан насиби қисми низомии 3501-и ВКД ҶТ, қисми низомии Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва курснатони факулетети чоруми Акадмияи ВКД ҶТ гардид. Ҳамзамон беҳтарин сарояндагони озмун низ муайян гардиданд.

Ба ғолибон туҳфа ва сипосномаҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Рахматзода А.А. Рахматзода А.А. Заместитель председателя городаРахматзода Аюбджон Алиджон родился 7 августа 1974 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет выс...
Фируза Нуруллозода Фируза Нуруллозода Заместитель председателя города Фируза Нуруллозода родилась 9 февраля 1983 года в городе Худжанде. В 2004 году окончила ХГУ имени академика...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Алимов У. С. Алимов У. С. Алимов Усмон Собирджонович. Родился 20 мая 1958 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1979 году окон...
Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Миркамолов М.Н. Миркамолов М.Н. Миркамолов Мухсин Насруллоевич родился 10 ноября 1959 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1980 окончил Таджикский Государств...
Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Мухаммадзода М.М. Мухаммадзода М.М. Мухаммадзода Муъмин Мухаммад. Родился 15 июня 1958 года в городе Худжанде. В 1981 году окончил Политехнический Институт Таджикистана по спец...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович родился 29 декабря 1976 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1998 ...
Собитова М.А. Собитова М.А. Собитова Мунзифа Ахматовна родилась 14 сентября 1960 года в городе Худжанде. По национальности таджичка, имеет высшее образование, в 1982 го...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев Музаффар Анварович родился 8 августа 1982 года в городе Худжанде. По национальности таджик. Имеет высшее образование. В 2003 го...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи да...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Согласно решению председателя города Худжанда Маъруфа Мухаммадзода от 30 июля текущего года Мухбира Дониёрова назначена заведующим отделом З...
Солизода Рахим Солизода Рахим Солизода Рахим Рашиди решением Председателя города Худжанда с июля 2017 году назначен заведующим сектором транспорта и связи. Солизода Рахи...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Недоступен ни однин перевод.Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз...

Посетители

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2292
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4098
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10461
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17391
mod_vvisit_counterҲамин моҳ46866
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110370
mod_vvisit_counterҲамагӣ3358975