(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойи корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар толори донишкада Фестивал-озмунҳои “Атласу адрас” ва “Чакомаи гесӯ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар Фестивал-озмун маҳсули дастони донишҷӯдухтарони ҳунарманди ихтисоси технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ пешкаш гардид. Аъзои ҳакамон дар ҳайати зерин ба ҳунари тарроҳони ҷавони донишкада - зебогӣ, яъне намуди эстетикӣ ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдузии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ ва ҳамчунин мӯйдарозон баҳогузорӣ намуданд.

Мунаввара Дадобоева, директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд, Робия Розиқова – сармуҳаррири рӯзномаи “Нилуфар”, Мукаррама Неъматова, собиқадори меҳнат, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд, Гулчеҳра Аҳророва, мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Замира Ҷӯраева, сардори шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада ва Тайиба Бобоева мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Хайринисо Темирова, омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ тибқи талаботи озмун ба довталабон баҳогузорӣ намуданд.

Довталабон – тарроҳони ҷавони донишкада дар намоиши либос аз матоъҳои атласу адрас дар бахшҳои “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ҳунар ва малакаи хешро нишон доданд. Инчунин ороишу парвариши муй ва дар доираи расму оинҳои миллӣ намоиши гесӯи дароз пешкаши аҳли нишаст гардид. Ба аҳли толор намоиши саҳнача, ки талқингари либоси миллӣ мебошад, писанд афтод. Сурудҳои “Атласи тоҷик”, “Базм”, бадеҳаи “Куртаи атлас дорӣ” бо маҳорати баланд сароида шуда, табъи ҳозиринро болида намуд. Рақсҳои “Пайки сафед” ва “Зебанда атлас” ба чорабинӣ шаҳомати хоса бахшид.

Мунаввара Дадобоева, директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд дар ҷамъбасти Фестивал-озмун аз ҷумла иброз дошт, ки барои мардуми мо фарҳанги баланди оиладорӣ ва либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад. Либоси миллии тоҷикӣ бошад, дар аксари кишварҳои шарқ ба либоси миллии халқияту миллатҳои дигар табдил ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки куртаҳои атласу чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва дигар либосҳои миллӣ дар худ беҳтарин рамзҳои зиндагии аҷдодони барӯманди моро таҷассум намудаанд. Албатта вобаста ба давру замон завқи либоспӯшӣ ва худи либоси инсонҳо низ тағйир меёбад. Вале новобаста ба ин, либоси миллӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ боқӣ мемонад. Мо бояд дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа либоси миллии худро, ки муаррифгари таърих ва маданияти мост, талқин намоем.

Гулчеҳра Аҳророва, мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон зимни баромади хеш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳарчӣ бештару беҳтар аз ҳунару фарҳанги бойи миллиамон огоҳ бошанд ва барои эҳёву рушди онҳо замина гузоранд, зеро донишкада дар самти парвариши тарроҳону чеварони чирадаст пештози ҷамъият мебошанд.

Таъкид шуд, ки эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, тарғиби ҳунарҳои миллӣ қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад ва бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гаштааст. Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти анъанаву суннатҳои ниёгон барои баланд шудани ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд.

Ба ғолибони бахшҳои “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Чакомаи гесӯ” аз ҷониби меҳмонон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Шуъбаи кор бо ВАО

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...