(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt20 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 муайян карда шуд.

Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2019 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар як қатор руйдодҳои муҳими таърихӣ ба амал омаданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соли 2019 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77, 3 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,7 фоизро ташкил дод.

Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1, гардиши савдои дохилӣ 9, мусофиркашонӣ 10,9, хизматрасониҳои пулакӣ 2,9 ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил намуд.

Сарвазири мамлакат таъкид доштанд, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ соли 2019, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар соли ҳисоботӣ 219 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 27,6 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати рушди он 13,6 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра аз 249 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 159 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, 27 номгӯйи молҳое, ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд, истеҳсолашон ба роҳ монда шуд.

Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли 59 номгуйи молҳои саноатӣ нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфта, 4 намуди мол умуман истеҳсол нагардид.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд.

Натиҷаҳои бадастомада ҳоло ҳам қонеъкунанда набуда, дар ин давра дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 128 корхонаи дигар ҳисоботӣ сифрӣ пешниҳод намудаанд.

Итминон аст, ки дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дахлдори сармоягузорӣ иқтидорҳои истеҳсолӣ барқарор мегарданд.

Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони Сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳо ҳамчунин вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тақвияти фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳо, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида, иҷрои консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дода шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ҳавасманд намудани сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, барои баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулот, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии мамлакат, тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.

Зимни ҳисоботи вазири молия таъкид гардид, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардида, воридоти маблағҳо 23,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 11 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ бошад 5,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба 95,1 ва 107,1 фоизи нақша баробар аст.

Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 млн.сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Ҳамчунин, сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда таъмин карда нашуд.

Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат гирифта нашудани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд.

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияи карзи андоз 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 - 144 млн. сомонӣ кам гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи иҷро нагардидани 3 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нагардидани 852 миллион сомонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъкид карданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид доштанд, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Аз ин рӯ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2019 ҳисобот дод.

Сарвари давлат барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ, иҷрои минбаъдаи нақшаи суғуртавӣ, таҳияи системаи муайяни таъини нафақа ба шахсони маъюб ва ба ҳисобгирии шахсони фавтида, инчунин назорати маблағҳои суғуртавӣ ба роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дастурҳои мушаххас доданд.

Дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода шунида шуд.

Новобаста аз пешравии кор дар соҳа қарздории ширкат, истифодаи ғайри мақсадноки неруи барқ, ҷамъоварии нокифояи пардохти ҳаққи истифодаи он ва талафоти барқ аз камбудиҳои асосии соҳа номида шуд.

Дастур дода шуд, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо неруи барқ, содироти он, коҳиш додани талафоти барқ ва ҷорӣ кардани технологияи нави пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ, чораҳои мушаххас андешида шавад.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун” супоришҳои қатъӣ доданд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода оид ба фаъолияти соҳа, вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҳаҷми зарари аз ин ҷиноятҳо расида, натиҷаи санҷишҳо, муайян кардани зарарҳои молиявӣ, барқарор намудани маблағҳо ба буҷети давлатӣ, ҳисобот доданд.

Зикр гардид, ки соли гузашта дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1102 ва аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 308 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуд.

Аз маблағи умумии беш аз 918 миллион сомонии зарари молиявии аз ҷониби ҳар ду сохтор муайянкардашуда, 360,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ намудан ва тақвият бахшидан ба мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан дар соҳаи молия ҷораҳои қатъӣ андешанд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳаҳо, волоияти қонун, таъмини амнияти давлату миллат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси ин сохторҳоро дар таъмини амнияти давлату миллат ва пешгирии ҷинояткорӣ махсус таъкид карданд.

Дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гуруҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд.

Дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат ҳамчунин ҳисоботи Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин шунида шуд.

Сарвари давлат дастур доданд, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки солҳои 2020 ва 2021 дар қаламрави кишвар бургузор мегарданд, аз ҳозир тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Барои интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар маҷмуъ татбиқи сиёсати хориҷии Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва назорати иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас дода шуд.

Оид ба фаъолияти соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва вазири кишоварзӣ Иззат Сатторӣ шунида шуд.

Президенти мамлакат барои афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба роҳбарони вазоратҳои номбурда ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои кори соҳаи нақлиёти мамлакат, фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҳисоботи вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ шунида шуд.

Тавре таъкид ёфт, имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб - Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ , Ҳулбук - Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.