(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи “Суғдиён” мулоқоти Раиси шањри Хуљанд Маъруф Муҳаммадзода бо ҷавонон таҳти унвони «Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!» баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар зарфи бисту ҳашт соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари маҳбуби мо таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани амну осоиштагӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаву дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Воқеан ҳам озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бояд бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз кунем. Ва ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем”.

Зикр гардид, ки мо ҳеҷ гоҳ солҳои аввали истиқлолиятро фаромўш карда наметавонем, ки барои мардуми мо давраи озмоишии сахту сангин буд. Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибат ба фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид, ки аксари ҷавонони дар ин толор ҳузурдошта онро танҳо аз китоби таърих ва солномаҳои Истиқлолият мутолиа намудаанду халос. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Шаҳрдор гуфт, ки имрўз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзўр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Терроризм - ҳамрадифи доимии инсоният буда, ба қатори ҳодисаҳои нохуштарин ворид шуда, оқибатҳои вазнин ва дар аксар ҳолат барқарорнашаванда дорад. Амалҳои террористӣ боиси марги оммавии инсонҳо, зарари беандозаи моддиву маънавӣ гардида, нобоварию ҳисси бадбиниро байни мардуми кишварҳои гуногун пайдо мекунад.

Мутаасифона дар ҳалли муноқишаҳои давлатҳои аз ҷиҳати маданияту фарҳанги гуногун терроризм ҳамчун аслиҳаи амалкунандаи зўроварӣ ва нобудкунанда мавқеъ пайдо кардааст. Солҳои охир масъалаи терроризм ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, рў ба инкишоф ниҳодааст. Тибқи маълумоти як қатор коршиносон шумораи ташкилотҳои террористӣ 150 ададро ташкил медиҳад ва 40 – тои он ҳамчун ташкилоти байхалхалқии террористӣ шинохта шудаанд. Аз ҷумла «Ал - қоида», «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Толибон», «Ҳизб – ут–таҳрир – ал - Исломӣ», «Абу Сайёф» ва ғайраҳо. Амалҳои террористӣ солҳои охир хеле муташаккилонаву дақиқкорона ва бо истифодаи техникаҳои навтарин ташкил карда мешавад, ки ин ҳолат ҳамкории давлатҳои абарқудратро дар сатҳи олӣ талаб мекунад. Мубориза алайҳи терроризм дар ҳама кунҷу канори сайёра баррасӣ карда шуда, чораву тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Самтҳои асосии ин ҳамкориҳо бояд мукаммалсозии базаи ҳуқуқӣ, ҳамкории ташкилотҳои дахлдор, зери фишор қарор додани давлатҳое, ки терроризмро дастгириву маблағгузорӣ мекунанд, зиёд намудани шумораи кормандони шўъбаҳои мубориза алайҳи терроризм экстремизм ва таъмини онҳо бо техникаҳои муосир ва ғайра бошад.

Иттилоъ дода шуд, ки вақтҳои охир ҷараёни баҳамоии терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноят – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, хариду фурўши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад, ки аз ҳама хавфноктарини он гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳсуб ёфта, тибқи маълумот яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалҳои террористӣ ба шумор меравад. Муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ, ҳалли масоили иқтисодӣ иқдомест баҳри амнияти миллии кишвар, ки ин раванд дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ зина ба зина роҳандозӣ шуда истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро зидди терроризм ва экстремизм вазифаи муҳимтарин ва омили ягонаи пешравиҳо дониста, баҳри таъмини амнияти миллӣ талош меварзад. Пешвои муаззами миллат, зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд, ки «Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватандўстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем. Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур ҳукумати кишвар чораҷўӣ карда истодааст. Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш намекунанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд. Барои дастгирӣ намудан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ хидоят кардани ҷавононе, ки ба чунин мушкилот гирифтор шудаанд, лозим аст, ки мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, омўзгорон, падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, густариши донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, дарку омўзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом,бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондўстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин масъалаи асосии замони муосир мебошад. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шароити ҳозираи ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба шуғл ҷалб кардани онҳо мебошад. Яке аз масъалаҳои асосии мо ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон ба шумор меравад. Мубтало шудани наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ, тамокукашӣ ва дигар анвои дилхушӣ на фақат ба саломатии худи онҳо, балки ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад. Ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва хариду фурўши одамон, ки сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрўз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ ва амалу кирдори ғайриинсонии душманони миллат, ки аз хориҷи кишвар ба мо санг меандозанд, рў ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрўз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурўҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва ғайра ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд. Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурўҳи ифротгаре иродаи худро зўран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намояд. Бунёди давлати ба ном “исломӣ», ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия, ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани толибон, ҳодисаҳои марбут ба дастаи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ҳуҷум ба сайёҳони хориҷи дар ҷануби кишвар, акти террористии постгоҳи Ишқободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун раванди ғайричашмдошт нестанд. Аъмоли охирин, натиҷаи кори навбатии мақсадноки душманони давлати миллӣ ва сулҳу субот аст. Ин рӯйдодҳо ҷузъи одии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ мебошанд. Ва иштироки фаъоли назарзодаҳою кабириҳо дар ин ҷараён характери инструменталӣ, абзорӣ дорад, ки хушбахтона тирашон хок хӯрд. Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва як гурӯҳи роҳгумзада оромии мардуми Тоҷикистонро вайрон карда, ба даст яроқу аслиҳа гирифта, сабабгори кушта шудани як чанд нафар одамони бегуноҳ шуданд. Ба душманони халқу миллат муяссар шуд, ки якчанд шахси гумроҳро низ бо таъсиргузорӣ ба шуурашон барои мақсадҳои манфури худ ҳамроҳ ва гумроҳ кунанд. Мутаассифона, онҳо бо ин ҳаракатҳояшон қурбони бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидааст. Воқеаҳои рухдода собит кард, ки ҳанӯз ҳам дар миёни мардуми сулҳу ваҳдатпарвари мо чеҳраҳои манфури ба рӯ ниқобкашидаю зоҳирфиреб, ҳосиду кинавар ҳастанд. Ин қабил гурӯҳҳои ҳақиру забун ва нотавон, ки имрӯзҳо дар назди иқтидори сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ҳарбии Тоҷикистон масали «арзане дар домани кӯҳи босалобат»-ро мемонанд, ба зудӣ хокмоли нерӯҳои қудратӣ гардида, ба ғайр аз сиёҳу бадном кардани номаи аъмоли хеш, сархаму музтар шудани хешу ақрабо ва фарзандону пайвандон коре карда наметавонанд. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон ин нақшаи аҳримании ҳизби террористии наҳзати исломӣ ва ҷиноятҳои иҷрокунандаи он- ҳоҷӣ Ҳалимро фаҳмида, онро ҳамчун амали разилона ва хиёнат ва Ватану миллат қотеъона маҳкум намуданд.

Имрӯзҳо аҳолии Тоҷикистон ба хубӣ дарк кардааст, ки ин тоифа, ки вобастаи хадамоти махсус ва доираҳои мазҳабии баъзе давлатҳои хориҷӣ ҳастанд, ба хотири ҳимояи манфиатҳояшон қодиранд ба ҳар гуна амалҳои ҷинояткоронаю хоинона даст зананд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки имрӯз моро зарур аст, ки дастовардҳои истиқлолият, пойдевори давлати миллӣ сулҳу субот, ваҳдат, тинҷию амониро дарк намуда барои боз ҳам мустаҳкамии ҷомеа фарзандони худро дар руҳияи ҳушёр будан, худогоҳу худшинос будан, арзишҳои миллиро пос доштан тарбия намоем. Раванди ифротгароӣ ба монанди терроризм, экстремизм, ҳаракатҳои ваҳҳобияю салафия ҷомеа ва ҷавононро ба сӯи исломи сиёсӣ кашида истодааст. Худи табиати исломи сиёсӣ тафриқаандозӣ аст. Имрӯз модарони моро зарур аст, ки дар руҳияи фарзандони худ худогоҳӣ, хештаншиносӣ, содиқ будан ба Ватанро талқин намояд. Инсон дар тамоми давру замон эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Коҳишёбии маънавиёти баъзе аз ҷавонони имрӯза худ гувоҳи он аст, ки ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла оила масъулияти дар назди худ гузоштаро иҷро карда натавонистааст. Таҷрибаи даҳсолаҳои охир собит месозад, ки танҳо он кишварҳои ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд, ки ба ҷавонон таваҷҷӯҳи бештар намуданд. Дар ҷумҳурии мо таваҷҷӯҳ ба ҷавонон ва тарбияи шоистаи эшон ҳамавора меафзояд. Ин башорат аз фардои шукуфони соҳибистиқлоли мост.

Сипас дар мулоқоти озоди шаҳрдорӣ аз ҷониби ҷавонони фаъол, аз ҷумла Акмал Ибодуллоев, Дилангез Холова, Аъзамҷон Султонов, Зарнигор Исоева, Меҳрангез Расулова, Ҳаётҷон Қурбонов, Шаҳзода Ваҳҳобзода ва дигарон фикру андешаҳо ва пешниҳодоти судманд ироа гардиданд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷавонон бори дигар даъват ба амал овард, ки дар масири ободию шукуфоӣ ва созандагии кишвар саҳмгузорӣ намоянд. Ҳамчунин сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр, раисони маҳалла ва фаъолон ҷиҳати тарбияи ватандўстии наврасону ҷавонон рўҳияи худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии эшон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ вазифагузорӣ карда шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳоти хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз464
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5108
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта464
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта34204
mod_vvisit_counterҲамин моҳ24422
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта130570
mod_vvisit_counterҲамагӣ2899901