(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «16 рўзи мубориза алайҳи хушунат» натиҷагирӣ ва ҳамчунин ба шунавандагони курси “Мактаби сарварӣ” Гувоҳномаи Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Чорабиниро Фирӯза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ифтититоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, ба касбомӯзиву шущли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шудааст.

Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба ҳаёти занон таъсири амиқи худро гузошт. Соҳибистиқлолӣ чунин муҳитеро фароҳам овард, ки ҳар як фард бахусус занон имконияти муфиди худсозию худмуаррифиро дар ҷомеа ба даст оварда, дарк намуданд, ки онҳо низ ҳамчун як қувваи бузурги созанда метавонанд саҳми худро дар бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гузоранд, рисолати ватандориро бо тамоми вуҷуди худ эҳсос ва дарк намоянд.

Интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки мо соли ҷорӣ 20-умин солгарди онро ҷашн гирифта истодаем, ҳуҷҷати сарнавиштсозу муҳимест, ки ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар асос гузошт.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки дар ҷаҳони муосир зўроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Мушкилоти зўроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷахонӣ имрўза мебошад. Зўроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхурии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зўроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кўдак ё аъзои дигари оила бошад.

Фирӯза Нуруллозода дар анҷоми суханронии худ таъкид дошт, ки мушкилоти зўроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷахонӣ имрўза мебошад. Зўроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхурии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Дар ин ҷода дар шаҳри Хуҷанд дар асоси барномаи пешгирии зўроварӣ дар оила озмуни шаҳрӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ баргузор гардид, ки имрўз ғолибон бо тўҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳамчунин дар “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022” Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» санадест, ки ҳадафи аслии он мусоидат баҳри баланд бардоштани фаъолнокии занон ва зиёд намудани теъдоди онҳо дар сатҳи қабули қарор мебошад. Дар шаҳр курси 3 моҳаи “Мактаби сарварӣ” аз моҳи ноябри соли 2018 то моҳи декабр соли 2019 дар назди шўъбаи кор бо занон ва оила аз ҳисоби донишҷўдухтарони фаъол гузаронида шуд, ки имрўз барои фаъолнокии донишҷўдухтарон курси номбурда ба итмом расида аз ҷониби Раиси шаҳр ба шунавандагони курси мазкур “Гувоҳнома” супорида мешавад.

Дар оянда донишҷўёни фаъол метавонанд барои пешбурди ҷомеа қадамҳои устувор гузоранд. Итминони комил дорем, ки сафи занони роҳбар дар ҷомеа минбаъд низ назаррас гардида, баҳри рушду пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёд дунявӣ саҳми босазои худро мегузаронанд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба шунавандагони курси 3 моҳаи “Мактаби сарварӣ” Гувоҳнома ва ба ғолибони беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «16- рўзи мубориза алайҳи хушунат» тақдим крада шуд.

Ҳамин тавр, аз рӯйи номиннатсияи “Беҳтарин гузориш ва ё барномаи телевизионӣ” ғолибияти ҷойи аввал насиби Муҳаббат Муродова ва ҷойҳои дуюму сеюмро Мастонаи Муҳидиллозода ва Фарзона Ҳодибоева соҳиб гардиданд. Дар бахши матбуот Дилдора Зокирова, Матлуба Ёрмирзоева ва Қамари Аҳрор мутаносибан ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Зокирҷон Холов, Афзал Босолиев ва Ӯғулой Раҷабова дар бахши ролики иҷтимоӣ сазовори баҳои баланди доварон гардиданд.

Сипас, Муяссара Мавлонова, муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, Саодат Аминҷонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаббат Муродова, журналист, Шаҳноза Қурбонзода варзишгар-донишҷӯ, Малика Мирзобаҳодурова, намояндаи ташкилоти ҷамъияти “Ассотсиатсияи миллии зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” барои ташкили чунин нишаст ва чорабиниҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Раҳмонзода Султон Раҳмонзода Султон Раҳмонзода Султон Раҳмон бо амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2018 ба мансаби сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемолог...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3181
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3478
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10014
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24015
mod_vvisit_counterҲамин моҳ97113
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта112362
mod_vvisit_counterҲамагӣ2628536